МУҲАҚҚИҚИ РАВАНДҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

158

Тоҷикистон кишвари куҳсор буда, асрҳост, ки омӯзишу пажуҳиши табиати нотакрору пурасрори он таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Табиати кишвари мо дорои равандҳои гуногуни геологӣ мебошад, ки омӯзишу таҳқиқи онҳо барои рушди ояндаи соҳаҳои гуногун муҳим мебошад.
Яке аз афроде, ки ҳаёти пурбаракати хешро баҳри таҳқиқи равандҳои муҳандисию геологии Тоҷикистон сарф кардааст, Мирзо Саидов мебошад. Мирзо Саидов ҳамзамон аз зумраи он олимони маъруфи илми геологияи тоҷик аст, ки дар таълим ва омода кардани кадрҳои соҳаи геология дар донишгоҳҳои олии кишвар саҳми босазо дорад.
Мавсуф 24-уми майи соли 1954 дар оилаи хидматгузор (хизматчӣ) ба дунё омада, соли 1971 мактаби миёнаи № 38-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1971 аз корхонаи таъмири экскватори шаҳри Душанбе оғоз кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Артиши Шуравӣ (гурӯҳи қушунҳои шуравӣ дар Германия) хидмати ҳарбӣ намудааст. Соли 1976 ба шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегирад. Соли 1991 дар вазифаи муҳандис, муҳандиси калон, мудири сохтори ҳамин идора кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2003 дар вазифаи мудири лабораторияи мониторинги аксҳои кайҳонии табиии муҳит фаъолияти босамар кардааст. Аз соли 2003 то соли 2019 дар мансаби директори маркази илмию-таҳқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст. Муҳаббат ва рағбати беандоза барои расидан ба қуллаҳои баланди илми геология Мирзо Саидовро ба аспирантураи донишгоҳ овард. Маҳз ҷидду ҷаҳд ва муҳаббат ба касб боис гардид, ки дар муддати се соли таҳсил дар аспирантура рисолаи номзадиашро омода кард. Аммо бо сабаби он ки дар он даврон Шуроҳои диссертатсионӣ дар кишвар фаъолият намекарданд ҳимояи рисолаи номзадиаш ба таъхир афтод.
Соли 2007 устод Мирзо Саидов рисолаи номзадиашро бо номи «Моделирование современных геологических процессов и факторов риска на территории верхнее–Вахшского района (на основе использования космических снимков)» бо роҳбарии устоди роҳнамояш профессор Ф.Ҳ. Каримов дар Шурои диссертатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дифоъ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 1975 бо Қарори Шурои Вазирони ИҶШС дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуъбаи Тоҷикистонии давлатии Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии «ПРИРОДА» ГУГК СССР дар доираи омӯзиши ҳодисаҳои табиӣ ва ҷараёнҳо дар асоси маводҳои таҳқиқкунии Замин бо ковишгарҳо аз кайҳон таъсис дода шуд. Бо ковишгарҳо таҳқиқи фосилавӣ кардан, намудҳои гуногуни аксбардории Замин аз кайҳон барои ҳалли масъалаҳои гуногун бо мақсади омӯзиши сатҳи замин, қаъри замин, қабати растаниҳо ва ғайра фавқулодда муҳим маҳсуб мешуд, ки роҳбарии онро Мирзо Саидов ба уҳда дошт. Барои Тоҷикистон, ки 93% фоизи он минтақаи баландкӯҳ аст, ин самти таҳқиқ фавқулода муҳим буд. Таҳқиқ ва ошкор кардани захираҳо ва харитакунонии захираҳои табиӣ 30 самтро фарогир буд.
Сол то сол шуъба иқтидори худро афзун намуда ва тавони истеҳсолоташро зиёд намуд. Дар натиҷа соли 1988 он ба Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии НПО «Таджикаэрокосмогеодезия» бо роҳбарии М.Ҳ.Ишанов табдил шуд.
Кормандони шуъба дар доираи барномаи давлатии тасдиқшуда соли 1980 корҳои бузургро дар тартиб додан ва нашри харитаи «Захираҳои табиии Тоҷикистони шуравӣ тавассути ковишгарҳо, таҳқиқ кардани фосилавии Замин аз кайҳон» бо миқёси 1:500000 (4 ҷилд солҳои 1981-1984) шуруъ карданд.
Дар ҷилди I-IV «Баҳодиҳии муҳандисии маҳал», «Захираҳои обӣ» харитаҳои: сейсмогении минтақа, селҳо, тармаҳо, геологияи муҳандисӣ (комплекси ҷисмҳо), геологияи муҳандисӣ (ҷараёнҳои ҳозиразамони геологӣ), обҳои зеризаминӣ, обҳои сатҳӣ, яхбандии ҳозиразамонӣ, гидроэнергетика ҷой дода шуд. Барои ҷобаҷогузорӣ ва таҳияи ҷилди равандҳои зикргардида, сохтани харитаҳо, ҷой кардани онҳо дар барномаҳои махсуси геологӣ саҳми олими ҷавони ин маркази зикршуда Саидов Мирзо Сибгатуллович беандоза калон аст. Дар натиҷаи фаъолияти бо мароми кормандони маркази мазкур харитасозии маҷмуии захираҳои табии ҳудуди ҷумҳурӣ бо истифодаи аз ахбори кайҳонӣ аввалин маротиба анҷом дода шуд.
Силсилахаритаҳои мавзуӣ барои нақшасозии соҳавӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, таҳияи нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии қувваи истеҳсолии ҷумҳурӣ, ҳамчунин зимни иҷрои корҳои иктишофӣ-лоиҳавӣ ва банақшагирии пешбинии чорабиниҳои самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ равонашуда, таъйин шуда буд.
Аз соли 2003 пас аз гирифтани мақоми расмии ташкилоти алоҳидаи илмӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқӣ аз рўйи маводҳои таҳқиқи фосилавии Замин аз кайҳон идома дода шуд. Кор дар самтҳои гуногун гузаронида мешуд, аммо таҳқиқоти асосӣ дар омӯзиш ва пешгӯйии ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба амал омадаанд, бо сабаби он, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳии бештар ба офатҳои табиӣ мансуб мебошад, дар мадди аввал ташаккули ҷараёнҳои табиӣ ва хусусияти он ҷой дода шуда буд ва то имрӯз мутахасисони соҳа оид ба ин масъала фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз соли 2003 то соли 2019 директори Марказро устоди азизу арҷманд Мирзо Саидов ба уҳда дошт.
Аз соли 2011 устод Мирзо Саидов ба тарбияи шогирдон ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хатмкардаҳои ҷавон ва бо лаёқат машғул мебошад. Дар ин давра чандин аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадияшонро бо роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов Мирзо Сибгатуллович ҳимоя намуданд.
Солҳост, ки устод Мирзо Саидов дар кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғул ба тадрис мебошанд.
Давоми фаъолияти илмии хеш профессор М.С Саидов ба ҳайси роҳбар ва мушовир дар баҳодиҳии хавфи офатҳои табиӣ дар лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла, «Таҳияи модели муосири пешгӯйии обхезӣ» дар доираи лоиҳаи «Дар бораи огоҳии бармаҳал аз омадани селу обхезӣ», «Оид ба огоҳии бармаҳал аз омадани сел ва обхезӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Яхсу, Қизилсу, Сурхоб, Обихинг, Варзоб, Вахш, Кофарниҳон, Ширкент, Қаратоғ», «Огоҳии фавқулода дар бораи обхезии ногаҳонӣ», «Арзёбии хатари офатҳои табиӣ дар водии Зарафшон», «Мониторинги равандҳои ярч дар ноҳияҳои тобеи марказ (Нуробод, Ғарм, Тоҷикобод, Тавилдара, Роғун», «Омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва коҳиш додани хатар барои ҷамоатҳое, ки дар минтақаҳои хатарноки водии Фарғонаи Тоҷикистон», «Арзёбии ҳолати системаҳои табиии ноустувор ва пешгӯйии манбаъҳои эҳтимолии ҳолатҳои шадиди фалокатовар», «Динамикаи майдонҳои барфу яхи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (миқёси 1:200000, 1:500000)», «Тартиб додани харитаҳои калони экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (миқёси 1:50000-1:100000, 1:500000)», «Пешгӯйӣ ва идоракунии обхезию сел дар қаламрави Тоҷикистон ва муайянкунии онҳо дар асоси истифодаи усулҳои масофавии кайҳонӣ», «Динамика ва пешгӯйии пиряхҳои Тоҷикистон дар асоси маводи аксбардории моҳворавӣ», «Мониторинги полигонҳои геодинамикии Тоҷикистон», «Арзёбии минтақавии хатари офатҳои табиӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси истифодаи усулҳои ташхиси фосилавии Замин аз кайҳон ва технологияҳои GIS)», «Дастурамал оид ба тартиб додани ҳамоҳангсозии иҷозатдиҳӣ барои истифодаи махсуси об ва тартиби танзими партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об», «Равишҳои минтақавӣ барои мубориза бо тӯфонҳои қум (BSP) ва хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ», «Арзёбии хатари офатҳои табиӣ ва огоҳии пешакӣ дар Тоҷикистон», «Тақсимоти равандҳои хатарноки геологӣ: лағжишҳо дар канори водиҳо ва ҳавзаҳои хатарноки сел, минтақаҳои эрозияи фаъоли нишебиҳо, инчунин минтақаҳои азхудкунӣ», «Таъсиси пойгоҳи иттилоотии GIS ва харитаи тармапайдошавӣ», «Таъсиси базаи маълумотҳои иттилоотии GIS ва харитаи динамикаи пиряхҳои асосӣ», Атласи «Равандҳои хатарноки табиӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Арзёбии осебпазирии ҷамоатҳо дар НТҶ (Нуробод, Рашт, Тоҷикобод) Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гузаронидани арзёбии хатарҳо дар минтақаҳои мавриди ҳадафи Тоҷикистон ва Афғонистон», «Арзёбии осебпазирии ҷамоатҳои ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хавфи осебпазирии ҷамоатҳои ноҳияҳои Янгиқалла, Чохи-об, Даркати вилояти Тохори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон», «Таҳия ва санҷиши методологияи тартиб додани харитаҳои хатари табиӣ дар ҳудуди депрессияи Тоҷик (Тоҷикистони Ҷанубӣ)», Хусусиятҳои равандҳои таҳдидкунанда дар ҳудудҳои ноҳияи Панҷ ба амалоянда», «Баҳодиҳии осебпазирӣ ва хатари маҳалҳои аҳолинишин дар водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Сирдарё», «Таҳлили осебпазирии сейсмикии биноҳои дорои аҳамияти афзалиятноки иҷтимоӣ (мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, беморхонаҳо) дар шаҳри Душанбе», «Ба даст овардани рушди устувори минтақаи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳияи барномаи идоракунии муҳити зист», «Атласи харитаҳои хатарҳои табиӣ дар баландкӯҳҳои Помир-Олойи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Атласи харитаҳои минтақавии хатароҳои офатҳои табиӣ дар баландкӯҳҳои Помир-Олойи Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон», «Лоиҳаи нақби неругоҳи барқи обии Сарез» ва ғайра иштирок намудаанд.
Устод Мирзо Саидов чун олими варзидаи соҳа дар конфронсу ҳамоишҳо ва симпозумҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дар дохилӣ кишвар баргузоршуда бо маърузаҳои пурмуҳтавои арзишманд ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ҳадаф ин нигошта он аст, ки имсол Мирзо Сибгатуллович Саидов ба синни мубораки 70-қадам ниҳоданд. 70-соле, ки пайваста барои таҳқиқ ва тарбияи насли наврас, омода намудани кадрҳои ба замони имрӯз ҷавобгӯй сарф шудааст.
Айни замон устоди гиромӣ ва ҳамкасби азизи мо дар камолоти эљодию таҳқиқ буда, бо љўшу хурўш ба тањќиќи масоили мубрами равандҳои муҳандисӣ ва дигар масъалаҳои марбути геология машѓуланд. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик дастаи нави осори тањќиќии устод ба дасти донишҷӯёну муҳақиқон ва мутаххасиони соҳа мерасад.
Аз ин лаҳзаҳои хеле муносиб истифода намуда, мо, шогирдон устод Мирзо Сибгатуллович Саидовро ба синни камолот таҳният ва муборакбод мегӯем. 70-умин соли гулафшонии бањори умри файзборро ба устоди азиз, инсони комилу фозил самимонаю содиќона муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки саломатию офияти рӯзгор њамеша њамсафари умри бофайзу пурбори эшону хонаводаи эшон ва фарзандону пайвандонашон ва Худованд мададгору нигањбонашон бошад.
Таманниёти хешро бо мисраъҳои зерини Абдураҳмони Ҷомӣ мукаммал мекунем:

Эй, ки пурсӣ ки беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарин касон.
Беҳтарин кас касе бувад, ки ба халқ,
Беш бошад зи халқ нафърасон.

Бо эҳтиром, шогирдон
Ғайратов М.Т., Давлатов Ф.С., Сайфуллоева Қ.Ғ., Ғуломов М.Н.