ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛ

198

Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони кишварро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасад. Дар ин раванд дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми сиёсии занро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуд.Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як қатор қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд. Ҳадаф аз қабули санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мебошад.

Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъқиди як иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин фурсати муносибу арзанда хеле ба мавриду саривақтӣ мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ аз 23-юми декабри соли 2022 иброз доштанд: «Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳар чи бештари ҷавондухтарон, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон квотаҳо ҷудо гардиданд. Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои президентӣ то соли хониши 2019–2020 зиёда аз 11 000 нафар духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиати занон, иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, дастгирӣ кардани худмуайянкунии ҷамъиятӣ ва худташаккулёбии насли ҷавон мебошад. Маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти қонунгузор, судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Албатта, занони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Бояд гуфт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занон имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳми назарас доранд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.Умедворем, занони тоҷик бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумӯи ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд.

Возможно, это изображение 1 человек
Асадуллоев К. устоди факултети геологияи ДМТ