«Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо технологияи пешрафтаи рақамии низомӣ муҷаҳҳаз сохтани он амри зарурӣ ва стратегияи миллии ояндасозии давлатдорист. Ҳаминтариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипаҳсолор Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори Артиши миллӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсули заҳматҳо ва талошҳои таърихӣ ва самараи пурифтихори Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штатии худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умумам вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Ва ташкили Артиши миллӣ дар заминаи холӣ, яъне аз сифр шуруъ шуд. Дар роҳи бунёд ва азнавсозии Артиши миллии мамлакат маҳз хиради сиёсӣ, ҷаҳонбинии комил, садоқат ва ҳиммати баланди ватандорӣ, дилсӯзӣ ва ҷоннисории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буд ки Тоҷикистон дар шароити назми навини ҷаҳонӣ соҳиби Артиши миллии худ гардид.Гуфтан ба маврид аст, ки ба бахти миллати кӯҳантамаддуни тоҷик мо имрӯз Пешвои муаззам дорем, иқтисоди миллиямон дар ҳоли рушду тараққиёти бемайлон аст ва бо ифтихор ҳам гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ дорем-Артише, ки зери роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати пуршарафи худ, ҳифзи давлату миллат муваффақу шарафёб аст.
Ҳоло муносибатҳо ва ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи назаррас ва умедбахш қарор дошта имрӯзҳо дар асоси имзои созишномаҳои дуҷониба ва бо дастгирии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар муассисаҳои гуногуни ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Хитой Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи кабир, Канада, Ҷумҳурии федералии Олмон, Фаронса, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра кадрҳои мутахассису ҷавон – афсарон ва низомиёни донишманду боматонат ва шуҷоъу далер ба таҳсил, омӯзиш ва такмили ихтисос машғул мебошанд.
Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихор ва худшиносии миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар Артиши миллии мамлакат маҳсуб меёбад, ки бунёдгузори чунин идеологияи бузурги давлатмеҳвар бешак Сипаҳсолор ва бунёдгузори Артиши миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоту созмонҳои амниятиву низомӣ Тоҷикистон машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида, малакаи ҳарбии хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пайваста сайқал медиҳад.
Қобили таъкид аст, ки дар асоси сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад, ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад.