Рӯзи (06.02.2024) дар факултет вобаста ба нақша-чорабиниҳои Раёсати ДМТ ва садорати факултети геология семинари илмӣ-тарбиявӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд ва инчунин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668, ки ба имзо расидааст, бо иштироки устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ н.и.ҳ., дотсент Вализода Сайёҳат, н.и.ҳ., дотсент Давлатов Бахтиёр ва раиси Шурои сарпарастони ДМТ Ашуров Илҳом бо донишҷӯёни факултет дар сатҳи баланд баргузор гардид. Сараввал декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш. меҳмононро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуданд.Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои амалӣ намудани ин дастури Президенти мамлакат мо бояд дар дарсҳо ва вохӯриҳои худ маърифати ҳуқуқии шогирдонро ҳаматарафа баланд бардорем. Танҳо дониши хуб ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад пеши роҳи паҳншавии радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Инчунин, баҳри боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо заминаи хуберо фароҳам меорад ва чи тавре Пешвои миллат қайд карданд, “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.Дар семинари илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултети геологияи ДМТ фаъолона иштирок намуданд. Дар анҷом саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба меҳмонон дода шуда, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Домой Ахбор