Рӯзи (05.12.2023) дар факултет мувофиқи шартномати дуҷониба байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Томски Федеретсияи Россия семинари илмӣ баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. меҳмононро хайрамақдам гуфта амалишавии бандҳои шартномаи дуҷонибаро саривақти ҳисобиданд.Семинари илмӣ бо иштирок ва баромади устодони Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия Кирпотин Сергей Николаевич – доктори илмҳои биология, дар мавзуи «Сибирский природные коллайдер и мега–трансектный подход как основа развития крупномасштабных международных сетевых проектов» ва Ерофеев Александр Анатольевич – номзади илмҳои геология ва минералогия, дар мавзуи «Современные исследования на ледниках томскими гляциологами» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар семинари илмӣ устодон ва донишҷӯёни факултетҳои геология ва биологияи ДМТ фаъолона иштирок намуданд.