КОНСТИТУТСИЯ РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МО

530

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти бадастомада зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид. Асосҳои сохти конститутсионӣ принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.

Хусусиятҳои муҳимтарини Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Соҳибихтиёрӣ маънои хеле васеъ дорад, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ–роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Ҳамин тавр, дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки 22 майи соли 2016 бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин тағйиру иловаҳоро самтҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ба ҷавонон рабт доранд.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.

Ниёзов О.Ҳ. муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ.

Сафаров Л.Ҷ. муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети геология ДМТ.