НАТИҶАГИРӢ АЗ КОРҲОИ ИЛМИИ ТАҲКИКОТИИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА ИКТИШОФИ ККФ

177

Рӯзи (02.11.23) дар ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ бо иштироки декан, дотсент Андамов Р.Ш. ва муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. ҷаласаи навбатии кафедраи геология ва иктишофи ККФ доир ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмии таҳқиқотии устодони кафедра баргузор гардид. Аз ҷониби мудири кафедра, дотсент Ғарибмаҳмадова С.Н. қайд карда шуд, ки дар кафедра 10 нафар устодон дар КИТ иштирок мекунанд, аз ҷумла: доктор -2 нафар, номзадони илм -6 нафар (миқдори унвондорон 80%). Кафедраи геология ва иктишофи ККФ дар соли ҳисоботи 45 корҳои илмию методӣ, аз ҷумла: 37 мақолаи илмии тақризшаванда, , 1 мақолаи хориҷӣ, 1 мақолаи SCOPUS, 1 китоби дарсӣ 3 монография, 2 дастури методӣ ва маърузаҳою мақолаҳои устодон дар конференсияҳо, баромадҳо дар шабакаҳои телевезионии кишвар, маҷала ва рӯзномаҳои касбию даврӣ, саҳифаи расмии ФЕЙСБУКИ донишгоҳ ва факултет гузошта шуда аз чоп баромаданд.Дар ҷаласа унвонҷӯёни кафедра ҳисоботи солонаи корҳои анҷомдодашудаашонро муфассал пешниҳод намуданд.Дар анҷом декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. фаъолияти солонаи КИТ кафедраро қаноатманд шуморида баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият дастурҳои мушаххас доданд.

Возможно, это изображение 9 человек и текст
Возможно, это изображение 8 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 7 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 8 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 5 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся и осветительное оборудование
Возможно, это изображение 4 человека