ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯ

23

Санаи 07.05.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ректори донишгоҳ, профессор Насридинзода Э.С. аз 28.04.2025с доир ба баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни ДМТ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Маҳмадизода Ф.Б.- директори ДТИМТОК-и назди Донишгоҳ, роҳбари гурӯҳи корӣ, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо доктори илмҳои фалсафа корманди ДТИМТОК-и назди Донишгоҳ ва сарпарасти факултет Умарзода Тоҳир бо донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюми факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.Сараввал декани факултет Андамиён Р.Ш. устодонро ба факултет хайрамақдам гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.

Баромадкунандагон дар мавзуъҳои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ, пешгирии ифротгароиву радикализми динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ба амнияти кишвар, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон суханронӣ намуданд.

Маҳмадизода Ф.Б. афзуданд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон чунин вохуриҳо барои ҳушёр намудани хусусан ҷавонону донишҷуён ва дар онҳо бедор кардани ҳиси ватандустию хештаншиносӣ ва муборизаи беамон бурдан бо экстремизму терроризм бениҳоят зарур ва ба дарди ҷомеъа малҳам буда метавонад. Ин вохурӣ бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин падидаи номатлуб, ҳамчунин тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва муҳассилинро доир ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зиддии терроризм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” равона карда шудааст.

Ниёзӣ Ё.Б. қайд намуд, ки тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Дар охир байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки устодон ба онҳо ҷавобҳои муносиб ва пур аз панду насиҳатҳо гардониданд.