ВАРЗИШ ОМИЛИ АСОСИИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА

571

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои рушди тарбияи ҷисмонии шаҳрвандонамон заминаҳои хуб муҳайё намудааст. Дар, суханрониҳо, паёмҳо ва асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон муроҷиат намуда пайваста таъкид менамояд ва ба онҳо вазифаҳои идоракунии давлатиро бовар карда таъин менамояд. Мавриди зикри хос аст, ки дар китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон «Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ» (Душанбе, 2010) қайд шудааст, ки «Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хосса дошт ва он яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Варзиш қисми муҳимми фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат мекунад, инчунин, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони мухталифи олам мебошад». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҷисмонии ҷавонон аҳамияти хосаву лозима медиҳад ва пай дар пай майдонҳои варзиширо бо тамоми шароитҳо ва лавозимоти варзишии муосир таъмин намуда ба ҷавонон ва аҳоли ба истифода медиҳад то ки аҳоли бештар ба ворзиш ҷалб гарданду варзишро шуғли асосии худ қарор диҳанд. Чуноне, ки маълум аст дар як давраи кӯтоҳ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 2400 толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам оид ба рушди варзиш ва такмили тарбияи шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида шуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 «Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул гардидаанд, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши асосиро бозида истодааст.Бо мақсади амалӣ гардидани Барномаи варзиш дар мамлакат дар самтҳои зерин корҳо ҷараён доранд:.– мустаҳкам намудани базаи моддию техникии варзиш; тайёр намудани устодони пуртаҷрибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; – инкишоф додани шаклу усул ва намудҳои варзиш, ки дар миқёси байналмилалӣ қабул шудаанд; – ба мусобиқаҳои варзишӣ, ҷалб намудани наврасону бахусус, ҷавонон, духтарон; – гузаронидани мусобиқаҳои варзишии ҷумҳурӣ; баланд бардоштани мақоми воситаҳои ахбор дар тарбияи варзишии шаҳрвандонамон ва ғайра. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҳисоби варзишгарони пуртаҷриба ташкил намудани вохӯриҳо бо устодони тарбияи ҷисмонӣ, чемпионҳои олимпӣ ва мунтазам гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, Рӯзи дави миллӣ, теннисбозони наврас, «Ҳафтаи ҷавонон» ва ғайра аз аҳамият холӣ нест. Дар соли 1992 ташкилёбии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани намудҳои нави варзиш теквандо, каратэ, барқарор кардан ва инкишоф додани камонварӣ, ҷавгонбозӣ дар болои сабза, теннис ва ғайра ба ривоҷу сифати варзиш ва шумораи иштирокчиён, хусусан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, таъсири мусбат расонд.Солҳои охир дар мамлакат баҳри иштироки фаъоли варзишгарони ҷавони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалй тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин бора Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» шаҳодат медиҳад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои зерин диққати махсус дода мешавад: а) самаранок истифода бурдани таҷрибаи таърихии халқи тоҷик аз навъҳои варзиши давраҳои гузашта;б) дар амал ҷорӣ кардани навъҳои нави варзиш, ба монанди гуштини миллӣ, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ доранд ва ғ.Баъд аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Хусусан бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар панҷ соли охир дар пойтахт чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2023 7 маротиба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин мусобиқаҳо 1303 нафар варзишгарон аз 127 давлати ҷаҳон ба пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе омаданд.Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 муассисаи таълимии варзишӣ, мактабҳои маҳорати олӣ ва тайёрии варзишӣ, 46 федератсияи варзишии олимпӣ ва ғайриолимпӣ, 35 клуби варзишии футбол ва дигар намудҳои варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон аз рӯи 45 намуди варзиш дар 4215 гурӯҳ ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.Санаи 31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардори қарор доданд.Маҷмааи варзииро, ки дар оммавигардонии варзи ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии «САНИИОСП» бодарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ ва бунёд намудааст.Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошта шуд.Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт маҳсуб мешаванд.Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст.Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат барои 250 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 961 ҳазору 250 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим шудааст.Бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд мешаванд.Маълум аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз шароитҳои хубтар барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш муҳайё мегардад. Имрӯз варзишгарон дорои эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар миқёси байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои намоён ноил мешаванд.Вобаста ба ин таъкид менамоем, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти зикршудаи варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда шаванд.

Возможно, это изображение 1 человек
Расулов Н.М. устоди факултети геологияи ДМТ