ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ САНОАТИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

36

Дар шароити муносибатҳои бозорӣ, равандҳои истеҳсол ва таъмини масолеҳи сохтмонӣ барои соҳаҳои хоҷагии халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар даврони истиқлолият ва бо ба даст омадани Ваҳдати миллӣ густариш ва самтгирии нав пайдо намуданд.

Яке аз омилҳои муҳимми рушди бахши саноат, махсусан саноати масолеҳи сохтмонӣ, мавҷудияти муҳити амну осоишта, инфрасохтори зарурӣ ва эътимоди сармоягузорон ба муҳити сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардид, ки соҳаҳои муҳим, аз ҷумла соҳаи сохтмон ва саноати марбут ба он, низ аз ин раванд бенасиб намонданд.

Агар ба вазъи саноати масолеҳи сохтмонӣ то соли 1997 назар афканем, мебинем, ки шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин соҳа ҳамагӣ 21 ададро ташкил медод. Танҳо як корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошт ва тақрибан 20 навъи масолеҳи сохтмонӣ тавлид мешуд. Барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, Тоҷикистон маҷбур буд, ки ҳаҷми зиёди онро аз хориҷ ворид намояд.

Бо ба даст омадани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, фазои мусоид барои татбиқи сиёсати иқтисодии нав, бахусус воридотивазкунӣ, ташкили истеҳсолоти нав ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фароҳам гардид. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатор барномаҳо ва санадҳои муҳими давлатӣ рӯи кор омаданд, ки ҳамчун заминаи ҳуқуқиву иқтисодӣ барои рушди соҳа хизмат мекунанд. Аз ҷумла метавон зикр намуд:

· “Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ барои солҳои 2009–2015”;

· “Нақшаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020”;

· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлатӣ ва хусусӣ”;

· “Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2021–2030”.

Татбиқи амалии ин барномаҳо ва дигар тадбирҳои давлат дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ боиси пешрафти назаррас гардиданд. Масалан, то соли 2014 семент ба миқдори зиёд аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешуд. Баъди амалӣ гардидани “Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ барои солҳои 2009–2015”, шумораи корхонаҳои сементбарорӣ ба 16 адад расид ва иқтидори умумии истеҳсолии онҳо ба 5,2 миллион тонна дар сол баробар шуд.

Имрӯз, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд ва шумораи умумии онҳо ба 530 адад расида, беш аз 3600 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар шароити ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон тавонист бо тадриҷ худкифо гардад ва ба содиркунандаи масолеҳи сохтмонӣ табдил ёбад.

Мавқеи ваҳдати миллӣ дар рушди соҳа дар он зоҳир мегардад, ки зиёда аз 85 фоизи корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ба бахши хусусӣ тааллуқ доранд ва соҳибкорони ватанӣ дар асоси талаботи бозор ва дастгирии давлатӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Инчунин, сармоягузорони хориҷӣ низ бо итминон ба суботи сиёсӣ ва фазои ороми кишвар, омодаанд дар бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сармоягузорӣ кунанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ боис шудааст, ки ҷолибияти сармоягузорӣ дар ин соҳа афзояд.

Бо назардошти муҳимияти ваҳдати миллӣ ва ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, пешниҳод мегардад:

1. Ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии инноватсионӣ ва рақобатпазир;

2. Дастгирии давлатӣ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, бахусус масолеҳи ороишиву махсуси дорои талаботи баланд;

3. Равона кардани сиёсати таълимӣ ба омодасозии мутахассисони соҳа, аз ҷумла ворид намудани ихтисосҳои марбут ба саноати масолеҳи сохтмонӣ дар шӯроҳои диссертатсионӣ;

4. Таҳияи стратегияи миллии рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ, бо дарназардошти имкониятҳои дохилӣ ва талаботи бозори байналмилалӣ;

5. Ташкили институти илмӣ-тадқиқотӣ ва соҳаҳои тахассусӣ, ки бо таҳқиқ ва ҳалли мушкилоти технологиву иқтисодии соҳа машғул мешаванд.

Хулоса сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо амнияти сиёсӣ, балки заминаи муҳими рушди иқтисодӣ ва саноатӣ, аз ҷумла саноати масолеҳи сохтмонӣ гардид. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки то ҷашни 30-солагии ваҳдати миллӣ кишвари мо дар роҳи худкифоии истеҳсолӣ, воридотивазкунӣ ва содироти масолеҳи сохтмонӣ ба сатҳи баланд расидааст.

Холзода Бахтиёр Кишвар – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи ДМТ