ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

153

“Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

Аз давраҳои қадим халқи тоҷик, ки бо салтанату давлатсозӣ, пешвоиву давлатдорӣ ва бузургии хеш ном баровардааст, баҳри ба даст овардани мустақилият, эъмори давлати соҳибихтиёри худ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ чи ҷоннисориҳо кардаву муборизаҳои беамоне бурдааст.Дар таърихи Тоҷикистон бори аввал шахсе ба маснаби давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омарда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Мардуми тоҷик тақдири ояндаи худ ва давлатро ба фарзанди фарзонаи миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуда, баҳри ноил шудан ба сулҳу оромӣ бетарафиро пешаи кори худ накарданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дӯстӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои мусаллаҳонаи дохилии Тоҷикистонро пеш гирифт.Хушбахтона, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расида, дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро шоири ширинкалому равоншод Лоиқ Шералӣ дар ғазали тараббунёдаш бо номи «Сулҳи деринтизор» хеле табиӣ ба қалам додааст:Раҳми Парвардигори мо омад,Нури Ҳақ бар диёри мо омад.Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,Сулҳи бунёдкори мо омад.Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,Ҳотифи зиндадори мо омад…Чор сӯ буд тирборонҳо,Яке тири барори мо омад.…Ҷанги девонавори мо бигзашт,Сулҳи деринтизори мо омад.Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад.Вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту миллатпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намояд, зеро таҳкими давлату рушди сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳз аз он вобастагӣ дорад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».Аз зикркардаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки Ваҳдати миллӣ барои дирӯз ва имрӯзи мо набуда, балки барои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши ҳалкунанда ва заминавиро соҳиб мебошад. Аз ин хотир бояд ҳар яки мо нисбат ба ин арзиши ояндасози миллату давлат эҳтироми хосса дошта бошем.

Возможно, это изображение 1 человек
Ниёзов О.Ҳ.муовини декан оид ба илм ваинноватсияи факултети геологияи ДМТ.