ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ХАТАРҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

4

Дар марҳилаи кунунии рушди тамаддуни башарӣ, ки бо пешрафти бесобиқаи илму техника ва равандҳои ҷаҳонишавӣ тавсиф меёбад, инсоният бо таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ шудааст, ки амнияти сайёраро зери суол мегузоранд. Дар миёни ин хатарҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун даҳшатноктарин зуҳуроти асри XXI эътироф мешаванд.

Экстремизм ё ифротгароӣ, ки реша дар ақидаҳои тундрав ва таҳаммулнопазирӣ дорад, заминаи идеологии терроризмро ташкил дода, кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ ва фишор ҷорӣ кардани як низоми фикрӣ ё сиёсиро дорад, ки хилофи меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Терроризм бошад, ҳамчун шакли амалии экстремизм, истифодаи мунтазами зӯроварӣ, тарсонидан, одамрабоӣ ва куштори одамони бегуноҳро бо мақсади эҷоди фазои даҳшат ва ноумедӣ дар ҷомеа дар бар мегирад, то ин, ки гурӯҳҳои ҷинояткор тавонанд иродаи худро ба давлатҳо ва созмонҳо бор кунанд.

Таърихи пайдоиши ин падидаҳо нишон медиҳад, ки онҳо на ба як дин, миллат ё минтақаи муайян, балки ба манфиатҳои геополитикии қудратҳои алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ иртибот доранд, ки мехоҳанд бо истифода аз аслиҳаи идеологӣ ва низомӣ харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз шиорҳои динӣ ва сӯиистифода аз эътиқоди мардум ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, ҳол он ки ҳеҷ як таълимоти динӣ, махсусан ислом, ки маънои луғавиаш сулҳу осоиштагӣ аст, қатлу ғоратро ҷоиз намедонад ва инсонро ба эҳтироми ҳаёти дигарон ҳидоят мекунад. Омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили сатҳи баланди бекорӣ, қашшоқӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва дастрас набудан ба таҳсилоти босифат, заминаро барои густариши ғояҳои экстремистӣ фароҳам меоранд ва шахсоне, ки дар зиндагӣ роҳи худро наёфтаанд ё аз адолати иҷтимоӣ ноумед шудаанд, ба осонӣ туъмаи тарғиботчиёни ифротӣ мегарданд.

Илова бар ин, дар даҳсолаҳои охир терроризм шакли киберӣ ва иттилоотиро ба худ гирифтааст, ки дар он шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои интернетӣ ба майдони асосии ҷалби аъзо, паҳн кардани наворҳои тарсу ваҳм ва маблағгузории амалиётҳои ҷинояткорӣ табдил ёфтаанд, ки ин амр муборизаро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучанд мушкил месозад.Давлати Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали истиқлолияти худ фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида буд, беш аз ҳар кишвари дигар қадри сулҳу суботро медонад ва зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори муборизаи беамон бар зидди терроризм шинохта шудааст. Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки террористро ба «хуб» ва «бад» ҷудо кардан хатои бузург аст ва истифодаи «стандартҳои дугона» дар ин самт танҳо боиси тақвияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша мегардад, зеро терроризм марз, ватан ва дин надорад ва хатарест, ки ба тамоми башарият нигаронида шудааст.

Барои пешгирӣ аз ин вабои аср, танҳо истифодаи қувваҳои низомӣ ва чораҳои маъмурӣ кофӣ нест, балки лозим аст, ки дар сатҳи оила, мактаб ва ҷомеа корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шаванд, то дар зеҳни насли ҷавон масунияти қавии идеологӣ бар зидди ҳар гуна ҷараёнҳои бегона шакл гирад. Таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ роҳҳои асосии наҷоти ҷавонон аз доми ифротгароӣ мебошанд, зеро инсони босавод ва огоҳ ҳеҷ гоҳ ба даъватҳои пуч ва зиддиинсонии террористон бовар намекунад.Инчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои аз байн бурдани манобеи маблағгузории терроризм ва таъминоти онҳо бо аслиҳа ҳамкориҳои зичро ба роҳ монад ва давлатҳое, ки ба ин гурӯҳҳо паноҳгоҳ ё кӯмаки молиявӣ мерасонанд, бояд мавриди таҳримҳои қатъӣ ва маҳкумияти умумӣ қарор гиранд. Бояд дарк кард, ки экстремизм на танҳо ба амнияти ҷисмонӣ, балки ба рушди иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо низ зарари ҷиддӣ мерасонад, зеро дар минтақаҳое, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо ба назар мерасад, сармоягузорӣ қатъ мегардад, сайёҳӣ аз байн меравад ва инфрасохтори ҳаётан муҳим хароб мешавад, ки дар натиҷа миллатҳо ба ақибмонӣ ва фақри тӯлонӣ дучор мегарданд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат ё мақомоти қудратӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст, ки бояд нисбат ба тақдири ояндаи давлати худ бетараф набошад ва дар сурати мушоҳидаи ҳар гуна аломатҳои ифротгароӣ дар муҳити худ барои пешгирии он иқдом намояд. Дар шароити мураккаби геополитикии имрӯза, ки бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳо шиддат гирифтааст, ягонагӣ, муттаҳидӣ дар атрофи роҳбарияти давлат ва ҳифзи якпорчагии кишвар кафолати ояндаи дурахшон барои наслҳои баъдӣ мебошад.

Хулоса, терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои зиддибашарӣ ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба ҳадафҳои ниҳоии худ расанд, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили онҳо якдилу якмаром бошад ва арзишҳои инсондӯстӣ, илму маърифат ва сулҳро аз ҳама манфиатҳои дигар болотар гузорад. Танҳо бо роҳи ҳамбастагии байналмилалӣ ва таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа мо метавонем ин зуҳуроти наҳсро решакан намоем ва ҷаҳонеро барои фарзандони худ боқӣ гузорем, ки дар он тарс аз таркиш ва куштор ҷой надошта бошад ва ҳар як инсон дар фазои озодӣ ва эҳтироми мутақобила зиндагӣ кунад. Пешгирии экстремизм дар асл ҳифзи ҳаёти ҳар як инсон ва таъмини шукуфоии давлат аст ва мо вазифадорем, ки ин амонатро ба наслҳои оянда беозор ва обод супорем, зеро сулҳ бузургтарин неъмат ва асоси тамоми хушбахтиҳои башарӣ дар тӯли таърих буд ва хоҳад монд.

Холзода Б.К. ва Оқилшоев Х.С.,устодони факултети геологияи ДМТ