ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АВВАЛИН ХАРИТАИ СИНОПТИКӢ

203

Аввалин маротиба нахустин харитаи синоптикӣ дар ҷаҳон санаи 19 феврали соли 1855 аз тарафи директори обсерваторияи Париж Урбен Левере тартиб дода шудааст. Бидуни харитаи обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) олимон ҳоло ҳатто пешгӯии обуҳаворо тасаввур карда наметавонанд. Харитаи обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) харитаи ҷуғрофие мебошад, ки дар он натиҷаҳои мушоҳидаҳои бисёр истгоҳҳои обу ҳаво бо аломатҳои шартӣ нишон дода шудаанд. Харитаи болозикр дар бораи вазъи обу ҳаво дар айни замон тасаввуроти визуалӣ медиҳад. Бо пай дар пай тартиб додани харитаҳо самтҳои ҳаракати анбӯҳҳои ҳаво, инкишофи чархаҳо (сиклонҳо) ва ҳаракати ҷабҳаҳо (фронтҳо) муайян карда мешаванд.Имрӯзҳо харитаҳои обу ҳаво бо истифода аз тарҳҳо (системаҳои) компютерӣ коркард карда мешаванд, ки ин раванди пешгӯии обу ҳаворо хеле осон мекунад ва ба обуҳавосанҷон имкон медиҳад, ки дар вақти сарфашуда пешгӯии худро муфассалтар баррасӣ кунад ва ба ин васила дақиқии онро баланд бардорад.Харитаҳои обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) дар пешгӯии обу ҳаво нақши муҳим доранд. Онҳо барои пайгирӣ ва пешгӯии шароити обу ҳаво, аз қабили борон, барф, раъду барқ, мавҷҳои гарму хунук ва пешгӯии обу ҳавои шадид, аз қабили тӯфонҳо ва гирдбодҳо кӯмак мекунанд, ки ба обуҳавосанҷон имкон медиҳанд, ки ҷомеаро огоҳ кунанд ва барои пешгирии офатҳо чораҳо андешанд. Умуман, харитаҳои обуҳавошиносӣ (синоптикӣ) як воситаи пурқувватест, ки ба мо барои беҳтар фаҳмидан ва пешгӯии обу ҳаво кӯмак мекунанд, ки дар навбати худ дар қабули қарорҳо дар самти огоҳонидани аҳолӣ дар ҳаёти ҳаррӯза кӯмак мерасонанд. Синоптика – як бахши ҳавошиносӣ- илме, ки равандҳои физикии атмосфераи Заминро меомӯзад, ки ҳолати ояндаи обу ҳаворо муайян мекунад.

РАҲИМЗОДА А.С. докторанти Ph.D – и факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон