ТАДБИҚШАВИИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲО ДАР ФАКУЛТЕТ

48

Санаи 11.02.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (шахси масъул дар факултет дотсент, Фозилов Ҷ.Н.) «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (шахси масъул дар факултет дотсент, Давлатзода Ф.С.) баргузор гардид.

Дар чорабини Иброҳимзод Баҳодур мушовир – ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ, Исматов Рустам Абдусаломович ва Саидов Шермуҳаммад ассистентони кафедраи ҳуқуқи ҷинояти ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал декани факултет Андамиён Р.Ш. устодонро ба факултет хайрамақдам гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар мавзуи “Роҳҳои пешгири ва муковимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Исматов Р.А. афзуд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон чунин вохуриҳо барои ҳушёр намудани хусусан ҷавонону донишҷуён ва дар онҳо бедор кардани ҳиси ватандустию хештаншиносӣ ва муборизаи беамон бурдан бо экстремизму терроризм бениҳоят зарур ва ба дарди ҷомеъа малҳам буда метавонад. Ин вохурӣ бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин падидаи номатлуб, ҳамчунин тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва муҳассилинро доир ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зиддии терроризм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” равона карда шудааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Ҳамчунин дар мавзуи “Коррупсия ва роҳҳои пешгирии он” Саидов Ш. қайд намуд, ки коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бовуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.

Дар анҷом аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад.

Дар охир байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт.