ТАДБИҚШАВИИ БАНДҲОИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ДАР КОРҲОИ ГЕОЛОГӢ САҲРОИИ ЗИМИСТОНА

146

Рӯзи (07.02.2024) дар н. Варзоб, (қисми ҷанубии комплекси Варзоб) устодон ва донишҷӯёне, ки дар доираи ҳамкориҳои тарафайн байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия дар ватани азизи мо қарор доранд бо роҳбарии дотсенти факултет, Сафаралиев Н.С. бо мақсади гузаронидани корҳои геологӣ саҳроии зимистона ба н. Варзоб сафар намудаанд.

Мақсади сафар намудани меҳмонон ин шиносои бо буришҳои геологии эраи палеозойи комплекси Варзоби Чанубӣ, гирифтани намунаҳо аз чинсҳои кӯҳии интурузивӣ ва эффузивии батолити Ҳисор мебошад. Ҳамчунин аз тарафи дотсент Сафаралиев Н.С. доир ба сохти геологии мавзеъ ва замони пайдоиши ҷинсҳои куҳии магматикии комплекси номаршуда, маълумоти муфассали илмӣ пешниход гардид.

Устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия аз дидани табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати онҳоро ҷалб намуд хушҳоли намуданд.