ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ «ГЕОЛОГИЯ»

8

Санаи 12.09.2025 дар факултети геология тақдими дипломҳои курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи «геология» бо иштироки директори Донишкада, дотсент Маҳмадизода Файзалӣ ва декани факултет, дотсент Холзода Б.К. баргузор гардид.

Бояд қайд намоем, ки бо ибтикори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи «геология» санаҳои 22.05.2025 то 25.06.2025 баргузор гардида буд, ки дар курси мазкур 25 нафар омӯзгорони факултет ҷалб гардида буданд.

Мавриди зикр аст ки Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорон пайваста курсҳои такмили ихтисоси тахассусиро роҳандозӣ менамояд.

Аз ин, рӯ садорат ва устодони факултет барои сарфароз намудани устодон бо диплом ба раёсати Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳори сипосманди менамоянд.