Санаи 29.09.2025 дар факултет бо иштироки декани факултет дотсент Холзода Б.К. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Қодирзода Саидакбар бо сардорони гурӯҳҳои академии факултет вохӯри судманд доир гардид.
Сараввал декани факултет Холзода Б.К. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.
Дар баргузории вохӯри декани факултет доир ба масъалаҳои талаботҳои дохили донишгоҳиро риояи намудан, ба таври ҳатми аз бар намудани либосҳои тавсияшаванда, сари вақт ба дарс ҳозир шудан, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ инчунин дигар талаботҳои муҳим, ки барои донишҷӯён зарур аст баён намуд.
Дар баромади худ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Қодирзода С. доир ба масъалаҳои ватандӯстии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ аҳамияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро азбар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад қайд намуд.
Ҳамчунин афзуд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон барои ҳушёр намудани хусусан ҷавонону донишҷуён ва дар онҳо бедор кардани ҳиси ватандустию хештаншиносӣ ва муборизаи беамон бурдан бо экстремизму терроризм бениҳоят зарур аст.