ШОДБОШИ

11

Санаи (22.10.2025) дар майдони варзишии Шаҳраки донишҷӯён мусобиқа оид ба бозии тенниси рӯйи миз (мардона) байни ҳайати дастаҳои донишҷӯёни факултетҳои ДМТ баргузор гардид.

Дастаи донишҷӯёни факултет бо иштироки донишҷӯён Назарбеков Некрӯз Дилдорбекович ва Давлатназаров Асрор Ақназарович фаъолияти хуб нишон дода аз рӯйи натиҷа сазовори ҷойи 2-юм гардиданд ва аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуданд.Ба ин муносибат садорат, устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет дастаи донишҷӯёнро табрик мамоянд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонон, мусобиқаи тенниси рӯйи миз, ки бахшида ба Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (24 октябр) аст баргузор гардид.