Марҳилаҳои навини соҳаи глятсиология дар замони Истиқлолияти давлатӣ вусъати тозаро касб карда истодааст. Таҳқиқотҳои глятсиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар пиряхҳои кишвар гузаронида мешуд. Олимон ва муҳақиқон пажӯҳишҳои худро вобаста ба самтҳои гуногуни глятсиологӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ анҷом додаанд. Натиҷаи корҳои таҳқиқотчиён буд, ки дар замони Шуравӣ феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон тартиб дода шуд.
Ҳамаи ин пажӯҳиш дар саҳро кори саҳлу осон набуда, меҳнат, вақт ва сабрро талаб менамояд. Воқеан ҳам касби глятсиолог касби шавқовар ва мушкил ба ҳисоб рафта аз шахс пеш аз ҳама дониш ва малакаи касбӣ дар соҳаро талаб менамояд. Глятсиолог касби дорои афзалияти нодир, вале серталабот аст.
Дар давраи муосир, ки иқлим зери фишори сахт ва зуд тағйирёбанда аст, дониш ва салоҳияти онҳо имкон медиҳад, ки оқибатҳои манфии таъсири фаъолияти антропогии инсонро коҳиш дода, тағйироти қабати яхбандии Заминро глятсиологҳо пешгӯӣ намоянд. Чунин мутахассисон барои анҷом додани кори илмии мукаммал дар сохторҳои гуногуни географӣ ва экологӣ, марказҳо, ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки бо масъалаи тағйирёбии иқлим дар кишвар ва минтақа равона карда шудааст, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Ин касб имконият медиҳад, ки марказҳои илмӣ ё агентии обуҳавошиносӣ ва ё ташкилотҳои дигар, ки ба таҳқиқоти Замин машғуланд, мутахассиси бонуфузи сохаи иқлимшиносӣ ва физикаи Замин гардад. Умуман, ин касб дорои потенсиали хуби касбӣ буда, имкон медиҳад, ки ҳамчун олим ё муҳандис ё мутахассиси иктишофи пиряхҳо ба камол расад.
Дурнамои фаъолият барои глятсиолог. Дурнамои кор барои фаъолияти глятсиолог дар Тоҷикистон руҳбаландкунанда аст ва аз инҳо иборат аст: тадқиқот, идоракунии захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим: машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои иқлим, маълумот ва таълим, ҳамкории байналмилалӣ,корҳои ҷолиби саҳроӣ, иштирок дар таҳқиқотҳои илмӣ, саҳм дар фаҳмиши тағйирёбии иқлим ва ғайра.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки аз соли 2016 то ин замон мутахастисони ин самт дар Тоҷикистон дар кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода карда мешаванд.
Глятсиологҳо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим идома медиҳанд. Фаъолияти онҳо ба омӯхтани динамикаи системаи пиряхҳо, таъсири омилҳои иқлимӣ ба пиряхҳо ва пешгӯи кардани тағйироти онҳо дар оянда ба ин самт нигаронида шудааст. Дар ин замина маълумот ва таҳқиқоти глятсиологиро барои таҳияи стратегияҳои идоракунии захираҳои табиӣ дар минтақаҳои пирях истифода бурдан мумкин аст, ки ба ин об, энергетика, туризм ва идоракунии муҳити зист дохил мешавад.
Таҳқиқот ба таҳияи чораҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, махсусан дар робита ба захираҳои об ва идоракунии ҷараёни об дар минтақаҳое, ки аз обшавии пиряхҳо вобастаанд, кумак хоҳад кард. Онҳо метавонанд ҳамчун мушовир ва коршинос оид ба масъалаҳои марбут ба системаҳои пиряхҳо, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим фаъолияти худро ба роҳ монад.
Фаъолияти глятсиолог дурнамои таҳқиқоти илмӣ, идоракунии захираҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар равандҳои вобаста ба иқлим ва обу ҳаворо пешниҳод мекунад. Бо назардошти нақши назарраси системаи пиряхҳо дар равандҳои иқлим, талабот ба глятсиологҳо, бахусус дар заминаи мушкилоти глобалии иқлим ва зарурати таҳияи стратегияҳои истифодаи устувори захираҳо баланд боқӣ мемонад.
Глятсиология як соҳаи калидӣ дар омӯзиши тағйирёбии иқлим ва экосистема ба ҳисоб меравад. Фаъолияти глятсиологҳо ба омӯзиш ва ҳифзи системаҳои пиряхҳо, ки ҷузъҳои муҳимми муҳити табиӣ мебошанд, нигаронида шудааст. Глятсиологҳо тавассути фаъолияти худ дар ҳифзи экосистемаҳои нодир ва захираҳои муҳими об саҳм гузошта, ба рушди устувори сайёра мусоидат мекунанд.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим, ки аз байн рафтани массаи пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии гармшавии атмосфера дар ҷаҳон мебошад, эҳсос карда мешавад. Мониторинги ин тағйирот яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи байналмилалиест, ки аз ҷониби системаи глобалии назорати иқлим (СГНИ) таҳия шудааст. Андозагирии дарозмуддати тавозуни массаи пиряхҳо барои идоракунӣ ва тасдиқи моделҳое, ки ҷараёни ояндаи пиряхҳоро дар бар мегирад, замина фароҳам меорад. Дар қисмати сераҳолии минтақаҳои ҷаҳон, норасоии об аз сабаби кам шудани пиряхҳо эҳтимолан ба бесуботии ҷиддии сиёсӣ, тағйироти ҷиддии экологӣ ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ оварда расонидааст.
Захираҳои обии оянда дар минтақаҳои баландкуҳ ва қутбӣ аз ҳолати криосфера, махсусан ба миқдори барф, пиряхҳо ва шароити яхбандии абадӣ вобастагии калон доранд. Ин ҷузъҳои криосфера миқдори зиёди оби тозаро дар бар мегиранд ва чун иқлим дар оянда гарм мешавад, онҳо дар таъмини дастрасии об дар ин минтақаҳо нақши муҳим мебозанд.
Тағйирёбии вазъи ҳолати пиряхҳо дар манотиқи кӯҳӣ ва қутбӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар тӯли беш аз як садсола мушоҳида мешавад ва тағйирот дар ҳолати пиряхҳо нишондиҳандаи боэътимоди тамоюли гармшавии ҷаҳонии атмосфера маҳсуб мешавад.
Пиряхҳои кӯҳӣ ва яхҳои қутбӣ барои стратегияҳои ошкорсозии барвақт барои мушоҳидаҳои глобалии иқлим хеле муҳим арзёби карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар системаи ҷаҳонии мушоҳидаи иқлим пиряхҳо муҳимтарин тағйирёбии иқлим мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об мавқеи калидӣ пайдо кардааст. Таърихи наздик нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар қатори дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ воқеан яке аз ташаббускорони иқдомҳои фаъол оид ба истифодаи оқилона ва идоракунии самараноки муштараки захираҳои об боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори асосии панҷ ташаббуси глобалии об мебошад:
– Эъломияи соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби ширин, Қатъномаи 55 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри 2000, 55/196;
– Эълон 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Қатъномаи 58 Маҷмааи Умумии СММ аз 23 декабри 2003, 58/217;
– Эъломияи соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Қатъномаи 65 Маҷмааи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010, 65/154;
– Эълон 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Қатъномаи 71 Маҷмааи Умумии СММ аз 21 декабри соли 2016, A/RES/71/222.
– Қарори иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд.
Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон кардани соли ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 СММ қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Дар заминаи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид маълум карда шуд, ки соли 2025 пас аз оғози рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои қаблӣ рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқотҳои гузаронидашудаи экспедитсияҳо, корҳои илмию таҳқиқотӣ, мониторинги доимӣ дар самти пиряхҳо аз тамоми ҷаҳон натиҷагирӣ карда шуда, ба самъи ҷаҳониён дар конференсияи банақшагирифташуда пешниҳод карда мешавад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар замони 33 соли истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи глятсиология дастовардҳои бадастомада хеле зиёд аст, аз ҷумла: қабули “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”, пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Қарори иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис додани муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”, сохтани Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, гузаронидани конфронсҳои сатҳти баланд вобаста ба масъалаи об, иқлим ва пиряхҳо, сохтани харитаҳои пиряхҳо, ташкил намудани ихтисоси 51010110-гидрология ва пиряхшиносӣ дар кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омода кардан ва ба истеҳсолот равона кардани мутахасисони соҳаи глятсиология ва ғайра ин дастовардҳое мебошад, ки мо ба онҳо ноил гардидаем.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ” қабул намуд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар таърихи 12.12.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар ш. Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон чунин зикр доштанд, ки “………..Бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад”.
Дар оянда низ бештар талош намуда дар заминаи ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим фаъолияти худро пурзӯр менамоем.
Давлатзода Фирдавс Сафарали н.и.г.-м.,дотсент мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ