РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

863

Роҳи мо аз байни кӯҳу дашту саҳро бигзарад,

Аз раҳу бероҳаҳо чун шӯхдарё бигзарад.

Тангнову қуллаву паҳно барои мо якест,

Бим дар дил кай бувад, чун раҳ аз он ҷо бигзарад.

 Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатию ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад. Алббата самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҳозираи ривоҷи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар пешбурди корҳои омӯзиши геологӣ муайян менамояд. Вобаста ба шароит ва имкониятҳои замони истиқлолияти давлатӣ такмилдиҳии идоракунии давлатӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин, афзунгардонӣ ва истифодаи заминаи ашёи минералӣ ба мувофиқкунонии сохтори ташкилии соҳаи геология ва рушди принсипҳои банақшагирии барномавӣ-мақсаднокии корҳои иктишофи геологӣ соҳаи геология пеш рафт истодааст.

Зарурияти марҳилаҳои корҳои дар соҳаи геология иҷрошаванда (корҳои таъиноти умумии геологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ, ҷустуҷӯӣ, баҳодиҳӣ, иктишофӣ ва азхудкунии кон) ин иҷро намудани корҳои илмию амлӣ в методӣ мебошад, ки барои афзунгардонии фонди истифодаи қаъри замин, қисмҳои камёфт ва бозоргири он равона шудааст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи геология имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст, ки гузаришро ба роҳи инноватсионии рушди соҳаи геология воситаҳои ба даст овардани ахбороти геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ва истифодабариро бо технологияҳои нав бароҳ монда истодааст, ки талаби замон ба ҳисоб рафта ояндабинии конҳо ва захираҳо аз технологияҳои инноватсиони вобстгии калон дорд.

Дар ин самт иҷрои корҳои зерин ҳатмн бояд дар амал тадбиқ шавад:

– компютерикунонии системавии ҷамъкунӣ, коркард ва пешниҳоди фаврии маълумотҳои геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ;

– ворид намудани ахборотӣ-технологӣ аз сарчашмаҳои расмии ахбороти рақамикунонидашуда оид ба истифодаи қаъри замин ва ғ.

Мавриди зикр аст, ки барои тадқиқотҳои гузаронидашаванда тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз сабабе, ки нархи технологияҳои пешқадми замони истиқлолияти давлатӣ гарон аст ва барои ворид намудани технологияи пешқадам мушкилоти молияви имкон намедиҳад. Албатта дар ин самт барои мукаммал намудани ин система тайёр намудани мутахассисон нақши асосиро мебозад. Мебояд, ки коркард ва ҷорӣ намудани барномаҳои тайёр намудани мутахассисони тахассуси геологиро ба давлатҳои пешрфта баробар сохтан лозим меояд ва ин талаби замон аст. Ҳатман дар инҷо чорабиниҳои ташкилӣ, меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва молиявӣ-иқтисодӣ авалиндараҷа аст набояд сарфӣ дар назар шавад.

Барои ҳар як корманди соҳаи геология боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳо саифаҳои таърихи нав ба нави кишвари азизамон Тоҷикистон варақгардон мешавад. Ва дар ин саҳифаҳои таърихи кушодани конҳои нав, сохтмони иншоотҳои муҳими саноъатӣ сабт гардидааст.

Аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи геология барои боз ҳам тараққи додани Тоҷикистони азиз кушиш ба харҷ дода истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ё бардоштани парда аз лавҳаи корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва дигар корҳои геологӣ шуруъ ва ба истифода дода мешавад, ки инро тамоми кормандони соҳаи геология эҳсос кардаанд. Рӯз ба рӯз соҳаи геологияи тоҷик рушд намуда, ба даствордҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Саҳми кормандони соҳаи геология дар кашфи конҳои нав, сохтмони НБО – и хурду бузург, роҳҳо, пулу нақбҳо хеле калон аст. Рӯйдоди таърихие, ки дар санаи 16 – ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст ин кушодашавии агрегати аввали НБО – и Роғун буд, ки барои халқи шарифи кишвари азизамон бесобиқа арзёбӣ гардида буд. Ин рӯйдод аз тамоми ВАО-и ҷаҳонӣ инъокос гардида, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ кард. Барномаи давлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳоаи геология барои солҳои 2012-2020» амал мекунад, ки дар он ҳама самтҳои рушди соҳаи геология ҷой дода шуда буд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад”.

 Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.

Дар раванди ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрӯз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин, соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад”.

Аз замони таъсисёбии геологияи тоҷик имрӯзҳо солҳои зиёд паси сар шуда бошад ҳам геологҳои тоҷик дар ин солҳои пур аз заҳматҳою талошҳо барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва пешрафти геологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузоштаанд. Бараъло маълум аст, ки дар зарфи солҳои сипаригардида дар дохилӣ кишвари азизамон ҳазорҳо конҳо омӯхташуда хулосаҳои геологӣ дода шудааст, қисми зиёди ин конҳои кандании фоиданок ба монанди конҳои тилло, нуқра, волфрам ва дигар элементҳои нодир ба истифода дода шудааст.

Дар ин росто ба тамоми кормандони соҳаи геология ва дар симои онҳо тамоми кормндониро соҳаи геологияи тоҷикро дар корҳои илмию истеҳсолӣ ва кашфи конҳои навашон мувафақиятҳои нав ба навро хоҳонам.

 Ф.С. Давлатов, номзади илмҳои геология ва минералогия, муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ