РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

5

Маънои аслии Истиқлол на танҳо истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, балки ҳамчунин истиқлоли маънавӣ ва илмӣ мебошад. Агар ба таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, ки ин аз ҳазорон сол пеш оғоз ёфтааст, яъне бо худ орзуи озодӣ, рушди илм ва фарҳангро ҳамроҳ доштааст. Ин орзуи ҳамешагии мардуми бо илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали истиқлол нақши калидӣ дар ташаккули ҳокимияти навини Тоҷикистон доштанд, амалӣ намуданд. Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳ ва субот, инчунин, хирадмандии ӯ ба кишвар имкон доданд, ки аз бисёр душвориҳо гузарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аҳаммияти илмро барои рушди кишвар таъкид мекарданд. Дар мулоқотҳояшон бо олимон ва шахсони маъруфи илм масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳои ихтироъкорӣ ва беҳтар намудани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ баррасӣ мешуданд. Бо ин роҳ, онҳо ба рушди илм ва технология роҳ кушоданд ва ба навовариҳо ва пешрафти техникӣ шароит фароҳам оварданд.Дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ илм дар Тоҷикистон қадамҳои бузурге ба пеш гузошт. Ҳукумати кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи илм ва беҳбуди шароити иҷтимоӣ барои кормандони соҳаи илм тамоми шароитро фароҳам овард. Бисёр пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ- таҳқиқотӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз ҷумлаи дастовардҳо дар соҳаи илм метавон ба таъсиси муассисаҳои нав оид ба масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ишора кард. Ин муассисаҳо нақши муҳимро дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва амалӣ, ки пеши рӯйи кишвар қарор доранд, мебозанд. Илм ва маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд, ки дар тули зиёда аз 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4500 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла гимназияҳо, литсейҳо ва коллеҷҳо, инчунин, донишгоҳҳо ва институтҳо сохта шудаанд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 60 зиёд шудааст ва шумораи донишҷӯён аз 68 ҳазор то зиёда аз 240 ҳазор нафар расидааст. Ин рушд нишон медиҳад, ки миллат ба илм ва маориф аҳамияти махсус медиҳад ва инро ҳамчун роҳи асосии пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ медонад.

Яке аз иқдомҳои муҳимми дигар ин таъсиси Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ ташкил карда мешавад. Ин озмун, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ба рушди тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии техникӣ ва ташаккули маҳоратҳои навоварӣ ва ихтироъкорӣ мусоидат мекунад. Озмун, инчунин, ба густариши тафаккури илмӣ ва технология дар ҷомеа мусоидат намуда, шароити муносиб барои рушди насли ҷавони олимонро фароҳам меорад. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки рушди илм ва технология дар сиёсати давлат афзалияти олист.

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси рушди илм ва маорифро фароҳам овард, ки дар навбати худ ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба Тоҷикистон имкон доданд, ки бо суръат пеш равад, ҳадафҳои стратегиро амалӣ гардонад ва роҳи мушкилотро ҳал намояд. Илм ва маориф дар ин раванд нақши калидӣ дорад ва рушди он яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.

Ғарибмаҳмадова С.Н. – мудири кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и факултети геологияи ДМТ