РОҒУН. ДАРЁИ ВАХШ…

259

Падарони падарони мо бори аввал Вахшро маҷбур карданд то обҳои худро ба Панҷ не, балки ба водии саросар аз дашту нимбиёбон вогузорад, то он ба водии зарнисор мубаддал гардад. Қаҳрамониҳои онҳо дар ашъору роману ҳикояҳо ва филмҳои мустанад тараннум шуда, дар хотираи мо маҳфузанд.Падарони мо тавонистанд Вахшро маҷбур созанд то неруи селаи обашро беҳуда неву онро ба чархтобҳо фурӯ резад то кишвари маҳбуби мо чароғон гардад.Даҳсолаҳо сипарӣ шудаанд, аммо Вахш ҳоло ҳам пурра ром нашуда аст. Вахш дар худ неруи азимеро нуҳуфтааст.Агар аз фазо ба дарёи Вахш нигарем, он шаддаи марворидеро мемонад, ки ҳар неругоҳ чун садафи нотакрор дар ҳамели обии вай медурахшад.Тавоноии иқтидори гидрогенергетикии Вахш дар қатори дарёҳои Осиёи Марказӣ беҳамто буда, он 250 млрд. кВт·соатро ташкил медиҳад, ки 15 фисад ё 37 млрд. кВт·соати онро амалан ва самаранок истифода кардан имконпазир аст.Ба ҳисоби умумӣ иқтидори иқтисодии гидроэнергетикии Тоҷикистон 320 млрд кВт/сол (ё 91% захираҳои Осиёи Марказӣ) аст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда кишвари мо яккатоз аст.

Агар Узбекистони ҳамсоя 49 фоизи чунин захираҳо, Қазоқистон – 29 фоизи онро мавриди истифода қарор дошта бошад, пас кишвари мо алъон 5 (!) фисади онро истифода мекунад. Ва табиист, ки Тоҷикистон ҳуқуқи табиӣ ва воқеии худро ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ тавссути бунёди неругоҳҳои обӣ амалӣ месозад.Ҳамин аст, ки сохтмони аср – неругоҳи “Роғун”, ки дар сохтмони он давлати абарқудрати ИҶШС оҷиз мондаю ба Тоҷикистони соҳибистиқлол “мерос” гузоштааст, имрӯз мавриди амалия ва ҳамзамон истифода қарор гирифтааст.Имрӯз Неругоҳи «Роғун» иқтидори миллат, сохтмони азими аср муаррифӣ шудааст.Сафар – дидани хизматие, ки бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода ба неругоҳи “Роғун” сурат гирифт, имкон дод то гуруҳи устодон, муҳаққиқон ва кормандони Донишгоҳ аз ҷараёни сохтмони ин иншооти азим дар наздик ошно гашта, бевосита онро мушоҳида намоянд, аз фаъолияти меҳнатии созандагони он огаҳ шаванд.Қабл аз ҳама, гурӯҳи устодон ба нақбҳои зеризаминии таъиноти гуногун ворид шуда, ба истилоҳе аз олами зеризаминии сохтмончиён дидан намуданд. Дар дохили нақбҳо ҳамаи зинаҳои сохтмони онҳо, сароғоз аз кандану мустаҳкам кардан то деворбандию васлкунӣ баръало мушоҳида мешуд.Айни замон дар сохтмони Неругоҳи «Роғун» беш аз 14 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фидокорна меҳнат менамоянд. Боиси ифтихору қаноатмандии мо буд, ки дар ҳамаи қитъаҳои сохтмон, инчунин дар идоракунии ҷараёни он мутахассисони ватанӣ фаъолият доштанд, ва махсус зикр карданием, ки дар миёни эшон бештар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Маълум аст, ки кандану устуворкунии нақбҳо, қитъаҳои гуногуни сохтмони неругоҳ бе иштироки геологу маркшейдерҳо, муҳандисони кӯшӣ ғайриимкон аст. Мо, гурӯҳи устодони факултети геология дар қитъаҳои сохтмон шогирдони худро дидем, ки саргарми кори худ буданд. Алалхусус, коре, ки як гуруҳи онҳо – маркшейдерҳо дар кандану сарбасаркунӣ ва сохтмони нақбҳо анҷом додаанд, боиси тааҷҷубу таҳнияти устодон буд. Даҳҳо километр нақбҳои дарозию бурриш ва сатҳи баландиашон гуногун, ки қисме якдигарро мебуриданду, бархе аз боло ё поён, шафати дигаре мегузашт, касро ба ҳайрат нагузоштан наметавонист. Маҳз тавассути ин нақбҳо сохтмони толори мошинҳо, интиқоли бору таҳқизоту асбобҳо ва маводи сохтмон (семент, рег, шағал, арматура ва ғ.), ҷории селаи об аз обанбор ба агрегатҳо, интиқоли садамавии оби он дар ҳолати зиёда аз меъёр пур шудани обанбор сурат мегирад.Баъди дидан аз қисмати поёнии (ҷанубии) Неругоҳ мо ба қитъаи сохтмони маҳаки сарбанд, ки аз ҷинсҳои кӯҳии маҳинзарра (гилмонанд) таркиб ёфта, мунтазам ва дар муддати тулонӣ паёҳам қабат-қабат сохта мешуд, дидан намудем. Дар ин ҷо ҳам ҳаҷми асосӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, корҳо идома доранд: мошинаю дастгоҳ ва таҳқизотҳои бузург пурра бо кӯбиши ҷинсҳои кӯҳӣ, ҳарчи зичтару сахт кардани онҳо машғул буданд. Ҷинсҳои кӯҳии маҳинзарра – маҳаки сарбанд, баъди пурра ба таври сунъӣ зич кардан ва бо миллионҳо тонна хоку шағал сарпӯш шудан садди табиие барои нагузаронидани об тавассути сарбанд ва ғун кардани он дар обанбор хоҳанд шуд. Ин қитъаи асосӣ, муҳимтарин ва хело пурмасъулияти Неругоҳ маҳсуб меёбад ва аз ин лиҳоз вай ҳамеша дар маркази диққат аст.

Сафари мо баъдан дар қитъаи дигар – қисмати шимолии сарбанд идома ёфт. Дар ин ҷо ҳам мошинҳои боркаш машғули кашондани сангу шағал буданд. Аз майдончаи болои сарбанд, ки аллакай аз қаъри обанбор зиёда аз 170 м баланд шудааст, як манзараи хело ҷолибе намоён мегардид. Оби Вахш, ки бо як авҷу хуруҷ аз миёни қаторкӯҳҳои Олою Пасиолой ба мавзейи Неругоҳ, ба доманаи сарбанд наздик мешавад, ором гашта, қарор мегирад. Ба он аз чапу рост чанд руду дарёҳои дигар ҳамроҳ мегарданд, ки оби онҳо бо шаффофияташон фарқ карда, дар миёни селаи дарёи Вахш ҳамчун тасмачаҳои қад-қад фарқ мекунанд. Шохобҳои хурди зиёде салобати Вахшро афзуда, онро боз азимтар мегардонанд:Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,Он, кист к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?Оби Вахш дар канори сарбанд оромона истиқрор карда, қисми он ба толори мошинаҳо – барои гардонидани ду агрегати неругоҳ, ки солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд, мешорад ва қисми дигари он тавассути нақбҳои обгузар роҳи худро идома дода, ба маҷрои дарё мерезад. Шукӯҳияти сарбанд, тамкини кӯҳу шитоби Вахш, ки печ дар печ ба суёи толори мошиинҳо барои тавлиди барқ мешитобид, бо ҳам ҷӯр ва ҳамрадиф мешуданд:Як пора санги кӯҳаму як шоха оби рӯд,Тамкини кӯҳ дораму шасту шитоби рӯд.Бо шинухези мавҷҳо ман дил ниҳодаам,Сад печутоб мехурам бо печутоби рӯд.Нуқтаи дигари сафари мо – толор мошинҳо буд, ки дар он бояд 6 агрегати бузург васл шуда, неруи барқ тавлид кунанд. Алъон ду агрегати он фаъол буда, барқро ба системаи ягонаи энергетикии кишвар интиқол менамояд. Сохтмони қароргоҳи чаҳор агрегати дигар бомуваффақият идома дорад. Чу аз болои садди сарбанд ба поён менигаред, ҳама ҷой – чи дарёю чи кӯҳу чи иншоот зоҳиран ором ба назар мерасанд. Дар чунин ҳолат бузургию беҳамтоии иншооти аср – Неругоҳи “Роғун”-ро эҳсос кардан мушкил аст. Ҳама ҷо ором.

Танҳо таассуроте, ки чанде аз дидани нақбҳою толори мошинҳо ва сохтмони маҳаки сарбанд бардоштем, хушдор медод, ки Вахши куҳансол чун баҳри дамону азим шоҳиду созандаи ҷавонию иқтидори кишвар буда, бо забони худ мегуфт:Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам,Дар рӯи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам.Танҳо даромадгоҳҳои меҳробшакли нақбҳо, роҳҳои морпечи сарбафалакдода, симтутунҳои азими саросар симпеч, шӯшаҳои рӯкуши нишебиҳо гувоҳӣ медодагд, ки Вахшро лаҷом задаанд, вай маҷбур аст ва бояд иқтидори неруи худро дар инҷо вогузорад то “роғун” арзи ҳастӣ намояд!Мо аз майдони сохтмони неругоҳ бо як ҷаҳон таассурот баргаштем. Мо бори дигар бар он ақида устувор шудем, ки Тоҷикистон қодир аст сохтмони чунин иншооти азимро бо истифода аз иқтидор ва зарфияти дохилии молиявӣ ва сарватҳои инсонӣ анҷом диҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид доштанд, ки «Афзоиши истеҳсоли неруи барқ аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ маҳсуб мешавад, то рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва талаботи соҳаҳои истеҳсолӣ ва мардуми мамлакат бо неруи барқ қонеъ гардонда шавад».Неругоҳ бо маҷмааи иншооти тулонии зеризаминӣ ва баландтарин сарбанд мояи ифтихору сарфарозии мардуми Тоҷикистон гашта, баъди мавриди истифода қарор гирифтан, истиқлол ва амнияти энергетикии онро таъмин намуда, омили калидии рушди иқтисодиётии давлат мегардад.Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии мураккаб ҳадафҳои мухталиф: тавлиди неруи барқ, танзими мавсимӣ ва солонаи селаи оби дарёи Вахш, рафъи хатари обхезӣ ва ғайраро дорад. Обанбори «Роғун»-ро бо ҳаҷми умумии зиёда аз 13 километри мукааб ба толобандори азими ғункунанда ва танзимкунандаи захираи оби Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Ин анбор дар шароити кунунии таназзули саросарии пиряхҳо, коҳиши захираҳои об, норасоии об дар минтақа, алалхусус дар ҷамоҳири ҳамсояи Ӯзбекистон ва Туркманистон нақши ҳаётан муҳимро хоҳад бозид. Норасоии шадиди об дар соли сипарӣ дар ин кишварҳо бар асари омилҳои болозикр ва сохтмони босуръати наҳри “Қуштеппа” дар Афғонистон (дар маҷрои дарёи Ому) боиси нигаронии ҷиддӣ гашта, хушдор медиҳад, ки танзими оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Ому, хоса Вахш тақозои замон аст.Ҷаҳониён огаҳанд, ки лоиҳаи сохтмони Неругоҳи “Роғун” аз диди техникию технологӣ, экологӣ ва молиявию иқтисодӣ аз ҷониби мутаассисин ва марказҳои бонуфузи байналмилилӣ мусбат арзёбӣ шуда, аз лиҳози устуворияти сейсмологӣ ва техногенӣ ба стандартҳои байналмилалӣ расман мувофиқу мутобиқ эътироф шудааст. Бо анҷоми сохтмони Неругоҳ ва бо иқтидори пурра ба кор шуруъ кардани инчунин норасоии мавсимии неруи барқ саросари кишвар ва атрофи он бартараф шуда, имконияти содироти барқ афзуда, ҳамзамон устуворияти техникӣ ва муҳлати истифодаи маҷмааҳои гидроэнергетикии Вахш, ки поёнтар аз ин неругоҳ фаъоланд, тамдид мегардад. Мусаллам аст, ки бунёди Неругоҳи «Роғун» барои халқи кишвари мо ҳаётан муҳим буда, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти он аҳамияти калидӣ дорад. Тоҷикистон, ки саноаткунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегии давлат қарор додааст, бояд сохтмони Неругоҳи барқи оби Роғунро бо сифати баланд, дар муҳлати муқарраршуда анҷом диҳад. Мо мутмаинем, ки Неругоҳи “Роғун” дар шаддаи марворидии Вахш ҳамчун нигине мустақар ва омили истиқлоли энергетикии Ватани маҳбуби мо хоҳад шуд!

Устодони факултети геологияи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон

Дотсентон: Андамов Р., Ниёзов А.С., Ниёзов О.Ҳ.

Возможно, это изображение 8 человек и дорога
Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 11 человек

Возможно, это изображение 4 человека и текст

Возможно, это изображение 11 человек
Возможно, это изображение 8 человек и поезд
Возможно, это изображение 6 человек