РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИФТИХОР ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

7

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ҳамчун такягоҳи асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди миллат таъкид менамоянд.

Ҳамасола 23 феврал мардуми шарафманди кишвари мо аз Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ истиқбол мегиранд. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус барои афсарону сарбозон, собиқадорон ва ҷавонони сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, рӯзи муқаддас ва пурифтихор ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон дар марҳилаи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз қарор дошт. Дар чунин шароити душвор зарурати таъсиси неруи мустақили ҳарбӣ ба миён омад.

Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои таъсиси Артиши миллӣ гузошта шуданд.23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он оғози расмии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамон рӯз сар карда, Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ ташаккул ёфта, дар таҳкими сохти конститутсионӣ, барқарорсозии сулҳ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши ҳалкунанда бозид.Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи муназзам, касбӣ ва омодаи дифоъ табдил ёфтаанд.

Онҳо на танҳо ҳудуди кишварро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз мекунанд, балки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир низ саҳми арзанда мегузоранд.Бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, заминаи моддиву техникии Артиши миллӣ сол то сол беҳтар гардида, шароити хизмат барои сарбозону афсарон муҳайё карда мешавад. Бунёди қисмҳои ҳарбии замонавӣ, таъмини техникаву таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони бонангу номус мактаби ҷасорат, интизом ва худшиносӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон сабақи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро меомӯзанд. Артиш на танҳо неруи дифоӣ, балки мактаби бузурги тарбияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.

Дар шароити ҷаҳони пуртазоду ноором, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва омодагии ҷавонон ба ҳимояи марзу буми кишвар аҳамияти хосса касб мекунад. Ватандӯстӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама ҷавонон, ҷойгоҳи устувор дошта бошад.Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат амалӣ гардид, барои таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар замина гузошт.

Дар ин раванд, хизматчиёни ҳарбӣ низ бо садоқату ҷасорат рисолати худро иҷро намуданд.Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари сулҳпарвару ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ҳифзи ин сулҳу оромӣ, пеш аз ҳама, ба зиммаи Артиши миллӣ ва тамоми сохторҳои қудратӣ вогузор шудааст.

Дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ мо бо эҳсоси миннатдорӣ ва эҳтиром ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳифзи амният ва оромии кишвар саҳм мегузоранд, изҳори сипос менамоем. Қаҳрамонию фидокории афсарону сарбозон, омодагии доимии онҳо ба ҳимояи марзу буми Ватан шоистаи қадрдонист.Ҳамзамон, пос доштани хотираи онҳое, ки дар роҳи ҳифзи якпорчагии кишвар ҷони худро нисор кардаанд, вазифаи муқаддаси мост.

Номи онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди касбии хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҷашни тамоми мардуми кишвар аст. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, рамзи қудрат ва пойдории истиқлолият боқӣ мемонад.

Қодиров А.А., Асадуллоев К. устодони факултети геологияи ДМТ