РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДМТ ВА ДИДАН НАМУДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН АЗ ШАРОИТҲОИ МАВҶУДАИ ФАКУЛТЕТ

7

Санаи 16.03.2026 дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар намоиш дастовардҳои устодони ДМТ ва факултети геология ба хатмкунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт инчунин хатмкунандагони литсейи ДМТ пешниҳод гардид.

Баъдан довталабон аз намоишгоҳи ДМТ, ки аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳо иборат буд, боздид намуданд.Як гурӯҳ аз довталабон ба факултети геология ташриф оварда, аз дастовардҳои илмӣ, шароити мавҷудаи таҳсил инчунин аз озмоишгоҳҳо ва музейи геологии факултет дидан намуданд.