Тоҷикистони мо кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рӯи замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризминии он метавонад чун омили мустаҳакам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз (19.04.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар намоишу дастовардҳои устодони факултети геология хамткунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт инчунин хатмкунандагони литсейи ДМТ боздид намуданд.
Шароити табиӣ-географӣ ва дар ин замина талаботи тараққиёти афзалиятноки иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, соли 1966 дар заминаи шуъбаи геологияи факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон факултети геология таъсис дода шуд. Дар таъсис ва фаъолияти факултет саҳми олимаи тоҷик, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сороҷон Юсупова ва олимони шаҳрҳои Москваю Ленинград хеле зиёд аст. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти факултет таваҷҷуҳи ҷавонони маҳаллӣ ба касби муҳандис-геолог бениҳоят зиёд буд. Дар зарфи қариб 70 соли фаъолият факултет ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои гуногуни геология ва саноати кӯҳкорӣ: аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, гидрология ва пиряхшиносӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, методҳои геофизикӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ), иқтисод ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) тайёр карда истодааст.
Айни ҳол дар факултет нуҳ адад синфхона бо тахтаҳои электронӣ, нуҳ адад лабораторияи таълимӣ ва илмию истеҳсолӣ ва осорхонаи минералогӣ дар сатҳи баланд ҷиҳозондаю ташкил карда шуда, ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд. Сарварии факултетро номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Андамов Р.Ш. ба ӯҳда дорад. Айни замон дар факултети геология ДМТ ҳамагӣ 40 омӯзгорони штатӣ фаъолият доранд, аз он ҷумла докторони илм, профессорон 4 нафар, номзадони илм 21 нафар (микдори унвондорон 64%,) муаллимони калон, 7 нафар ва ассистентон 7 нафарро ташкил менамоянд, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ фаъолият карда истодаанд.Айни ҳол дар факултет 4 кафедра ба омода намудани кадрҳои соҳавӣ машғул мебошанд. Ҷараёни омодасозии мутахассисон дар кафедраҳо дар солҳои истиқлолият доир ба самтҳои зерин амалӣ гардонида мешавад.
Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ соли 1972 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф таъсис дода шудааст. Кафедра мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои 51010103 – гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва 51010110 – гидрология ва пиряхшиносӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона тайёр менамояд. Мудири кафедра дотсент Давлатов Ф.С. аст. Кафедра имрӯзҳо бо як қатор корхонаҳои соҳавӣ, аз он ҷумла бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «ГИИНТиЗ», Вазорати энергетика ва захираҳои обии ҶТ, Экспедисияи ҷанубии гидрогеологӣ дар доираи шартнома ҳамкорӣ дорад. Дар кафедра 2 нафар доктори илм Комилов О.К., Саидов М.С., дотсентон Шарифов Г.В., Андамов Р.Ш., Ғайратов М.Т., Давлатов Ф.С., муаллими калон Ғуломов М.Н., Сайфуллоева Қ.Ғ., ассистент Расулов Н. ва лаборантон Чилаева С.Ҳ., Шарипова А кору фаъолият доранд.
Кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ҳанӯз соли 1963 бо номи геологияи нафту газ таъсис ёфта, сипас номи хуро иваз намуд ва то имрӯз барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи геология саҳми арзанда дорад. Аз 1-уми сентябри соли 2018 то ба ин рӯз роҳбарии кафедра ба уҳдаи номзади илмҳои геология ва менералогия, дотсент Ғарибмаҳмадова С.Н. вогузор шудааст. Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои 51010100 – геология, ҷӯстуҷӯ ва иктишофи конҳои кандании фоиданок, 51010104 – геология, ҷӯстуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, 51010102 – методҳои геофизикӣ, ҷӯстуҷӯ ва иктишофи конҳои кандании фоиданок, инчунин зертахассусҳои геоэкология ва ҳифзи муҳити зист ва иктишофчиён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона тайёр менамояд. Ҳоло дар кафедра 2 нафар доктори илм, узви вобастаи АМИТ, профессорон Файзиев А.Р., Каримов Ф.Ҳ., 6 нафар номзадони илм, дотсентон Ниёзов О.Ҳ., Бузрукова Д.И., Сафаралиев С.Н., Ғарибмаҳмадова С.Н., Зиёев Ҷ.Ш., Муҳиддинов Ф.А., 2 нафар ассистент Сафаров Л.Ҷ., Давлатов Р., ва кормандони техникӣ Шарипова М.Н., Шарифова Ш.Ш. раванди корҳои илмию таълиму тарбияро ба уҳда доранд.
Кафедраи минералогия ва петрография дар заминаи факултети илмҳои табиатшиносӣ бо ташаббуси доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, академики АИ ҶТ Сороҷон Юсупова аввалин маротиба дари худро соли 1948 боз кард. Имрӯз роҳбарии кафедраро номзади илмҳои геология ва менералогия, дотсент Фозилов Ҷ.Н . ба уҳда дорад. Имрӯз дар кафедра дотсентон Искандаров Ф.Ш., Фозилов Ҷ.Н., Талбонов Р.М. муаллими калон Шодии Бек, мудири лаборатория Ҷалолова М.К. ва лаборант Афзалова Л. кору фаъолият доранд.Аз соли 2000- ум кафедра ба омода намудани кадрҳои ҷавон аз рӯйи зерихтисосҳои «геологияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ», «аксбардорӣ ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок» мутахассис омода мекунад. Мутахассисон – хатмкунандагон аз тахассусҳои кафедра имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни геология дар ҷумҳурӣ ва берун аз он дар ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷ ба ҷустуҷӯи конҳои маъдан машғуланд.
Кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника яке аз аввалин кафедраҳои донишгоҳ буда, баробари таъсисёбии донишгоҳ кушода шудааст. Он дар ибтидо – соли 1948, номи кафедраи геологияи минтақавӣ ва минералогияро дошта ва ҳамаи фанҳои равияи геологиро дар бар мегирифт. Дар назди кафедра вазифаи омода намудани кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои 1-51010102 – коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ), 1- 25010711 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) вогузор шудааст.Омода намудани мутахассисон аз рӯйи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейрӣ) аз соли 1994 ин ҷониб дар назди кафедра ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар кафедра номзадони илм, дотсентон Ниёзов А.С., Файзиев Ф.А., Қодиров А.А., Набиев Н.Ф., Холзода Б.К., муаллимони калон Муродов А.А., Ташрипов Қ.Қ., Ниёзшоев М.Ю., Баҳриева Ш., Асадуллоев К.Р., Шомаматов Х., ассистентон Асламов Б.Р., Кароматуллои Ю., Холмирзоев М, мудири лаборатория Махсуддинов А. ва лаборантон Танибекова З.Қ., Бобозода П кор ва фаъолият менамоянд. Аз моҳи сентябри соли 2023 то инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои геология ва минералогия Сафаалиев Н.С ба уҳда дорад.Факултет рӯз ба рӯз кӯшиш намуда истодааст, ки сатҳу сифати илму таълимро боз ҳам баландтару хубтар ба роҳ монад.Марҳамат ба факултети геология!