НУРИ УМЕД ВА ШОДИИ ҲАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОН

159

Имрӯзҳо мо мардуми тоҷик дар арафаи ҷашнгирии 32-солагии истиқлолияти Ватани азизамон қарор дорем. Дар тули ин солҳо муваффақиятҳои бузургеро мо ноил гаштем, ки яке аз онҳо оғози нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ба истифода додани он мебошад. Баландии ин нерӯгоҳи бузурги аср ба 3395м. баробар буда, 13,5 миллиард метри мукааб обро дар худ ғун карда метавонад.

Боиси ифтихори мост, ки ин иншооти бузург бо саъйу талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва якдилию дастгирии тамоми мардуми Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

То имрӯз мо дар бораи Роғун ва корнамоиҳои фидокоронаи коргарон аз матбуоти даврӣ ва васоити ахбори омма маълумот мегирифтем ва аҳамияти хосса зоҳир наменамудем. Вақте фаҳмидем, ки бо ташаббуси ректори муҳтарамамон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба тамошои ин нерӯгоҳ меравем, хело шод гардидем.

Чи тавре мегӯянд, шунидан кай бувад монанди дидан.

Агар имрӯз барои нафаре, ки иншооти НБО Роғунро надидааст, мо дар бораи таассуротамон сухан ронем, яқинан афсона мепиндорад. Хушбахтона, қаҳрамонии фарзандони фарзонамиллати тоҷикро бо чашми худ дидем ва хеле мутаассир гаштем ва бо худ мегуфтем, ки чунин қаҳрамононе доштаему аз онҳо бехабарем. Афсус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе нафарони сияҳдилу хоин суханҳои пасту таҳқиромез нисбати ватани азизамон ва рушди он менависанд. Фикр мекунам, ки агар ин нафарон дар ин даврони соҳибистиқлол ақалан як дарахте мешинонданд, аз меваи он ва ё аз сояи он худ ҳаловат мебурданд, ба қадри ватани азизамон мерасиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом аз корнамоиҳою ҷонфидоиҳои ин фарзандони ватандӯст таъкид мекунанд. Дар ҳақиқат онҳо ба ҳама суханони арзишманд меарзанд. Онҳо шабу рӯз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистонамон заҳмат мекашанд, ояндаи ватани азизамонро боз ҳам зеботар мехоҳанд созанд, саҳми босазое дар рушди кишвари зебоямон гузошта истодаанд.

Бе муҳобот, дастпарварони факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ дар ин корзор хеле бисёранд, онҳо бо фахр худро хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат муаррифӣ мекунанд. Дар мавриди музди меҳнат бо онҳо суҳбат намудем, онҳо хеле қаноатманданд ва маълум шуд, ки аксарияти онҳо масъулияти хуберо бар дӯш дошта, маоши беҳтарин мегиранд. Ин боиси ифтихор аст, месазад бо сари баланд аз шогирдони азиз ва меҳнати устодони Донишгоҳ дар роҳи омода кардани мутахассисон фахр кунем.

Мо ҳам пайравони Пешвои миллат бо виқор мегӯем:

Тоҷикистон, ба пеш!

Андамов Р. – декани факултети геологияи ДМТ

Возможно, это изображение 8 человек

Возможно, это изображение 4 человека и гора

Возможно, это изображение 5 человек