НАВРӮЗ ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

177

«Метавон ба сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳоншавии Наврӯзи бостонӣ саҳми арзандаи худро гузошт. Ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз муҳимтарин суннатҳои писандида ва неки наврӯзӣ эҳё гардиданд. Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтаромӯзем».Эмомалӣ Раҳмон.

Наврӯз ҷашни бостонӣ аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад.

Наврӯз дар луѓатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки таѓйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим»навиштааст, ки «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.

Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард.

Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки « чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки – ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалҳои арзишманди минбаъдаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷонибдорӣ аз давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирѓизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар мамлакатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март рӯзи таҷлили ҳамасолаи Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи иди Наврӯз ва таҷлили ҳамасолаи он барои миллати тоҷик, ки посдоранда ва намояндаи аслии ин ҷашн аст, як тафохури бузурги таърихӣ мебошад.Аҷдодони бостонии миллати тоҷик- пешдодиёну ҳахоманишиён, сосониёну сомониён иди Наврӯзро чун мероси пурарзиш, дар пояи дилбастагиву эътиқоди қавии мардум, новобаста аз таъсири фарҳангҳои бегона ва сиёсатбозиҳои замон, бо ҷилои тоза ба наслҳои минбаъда боқӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, бо вуруди дини мубини Ислом, тарѓибгарони он бо мақсади зиёд намудани пайравонашон ва таҳкими пояҳои ин дин, аз суннатҳои иди Наврӯз хеле моҳирона истифода бурдаанд. Аз дигар тараф, иди Наврӯз зери ин таъсирот ва афкору андешаҳои нав, ҳатто дар ҳифозати минбаъдаи динӣ қарор гирифту мазмунан дурахши бештаре пайдо намуд ва пайравонаш низ афзуданд. Баъдан, баробари рушди илму фарҳанги ориёӣ, ин ҷашни арзишманду муқаддас бештар муаррифӣ ва эътироф гардида, то дараҷае ба фарҳанги дигар қавму миллатҳо ворид гардид, ки то ҳоло баъзеашон онро танҳо моли фарҳанги хеш меҳисобанд, гарчанде Наврӯз аллакай ҷашни умумибашарист.

Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии Наврӯз ҳамчун арзиши бебаҳо ва минбаъда сатҳи баланди бузургдошти он, барои меросбарони он-миллати тоҷик бояд вазифаи муқаддас ва ҳамешагӣ бошад. Мавҷудияти суннатҳои зиёди бостонии иди Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар исботи қадимӣ будани Ватани ин ҷашн ва миллати фарҳангии он як далели қавиест. Ва барҳақ, «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст».Тибқи осори таърихии хаттӣ ва ривоёт, аз давраи ҳукмронии Ҷам (Йама аз «Вандидод»)-чорумин шоҳаншоҳи Эрон, Наврӯз ба сифати рӯзи аввали фасли баҳор ва оғози Соли нав пазируфта шудааст. Ва ба фикри мо, асли яке аз он ривоят бояд ин тавр бошад: Субҳе барвақт Йама (Ҷам) ба тахти барояш аз зару зевар ва гуҳари басо пурҷило сохташуда мешинад. Субҳ вақти аз Хур (Офтоб) шедпошӣ- («нурпошӣ»)- (вақти «хирғирах» дар забонҳои помирӣ), ба тахту тоҷ ва либоси ялаққосии шоҳӣ, атроф гӯё ба чандин маротиби дигар рушану ҷилвагар мегардад. (Имрӯз ҳам дар забонҳои мардуми Рушону Шуғнон ва Вахони Ишкошим на вожаи офтоб, балки синонимҳои он «хур»,«хир» ва «ир» истифода мешавад).

Афзуншавии нурпошӣ аз ҳисоби тахт ва либоси пурҷилои шоҳӣ лаҳзаи пурфараҳ ва эҳсосу хушиву сурур дар ин ҷамъомади мардум ба вуҷуд меорад, ки ҳамагон ба табрику шодбошӣ, туҳфасупорӣ ба ҳамдигар ва ба шоҳ мепардозанд. Ва он лаҳзаҳо халқ шоҳ Йамаро монанд ба Хур (Офтоб) намуда, ба номи шоҳ Ҷам исми «шед» (нур, рух)-ро илова мекунанд.Дар луѓатҳои маъмули таърихӣ «шед» ибораи авастоии «хшаета» буда, рух(аф)шон, нур(аф)шон (решааш калимаи «рух» аст, ки дар забонҳои то ба имрӯз маҳфузмондаи мардуми Кӯҳистони Бадахшон серистифода аст), маънидод мешавад. Шоҳ (Ҷам+шед) монанд ба Офтоб нурпошанда ном мегирад ва он рӯзро дигар «рӯзи нав» ном мениҳанд.

Дар ин бора, Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол низ чунин овардааст;Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй. Шигифтӣ фурӯ монд аз бахти ӯй. Аз он бар шуда фарраи бахти ӯ.Ба Ҷамшед, бас гавҳар афшонданд. Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.Ҳаким Умари Хайём ҳамчунин иллати ном ниҳодани Наврӯзро ба гардиши хуршед дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз вобаста дониста, баргашти хуршедро ба рубъи аввали ҳамал (барра) рабт додааст. Яъне хуршед ба ҳамон рӯзу дақиқа, ки рафта буд, бад ин дақиқа натавонад омадан ва ҳар сол аз ин муддат ҳаме кам шавад. Ва дар рӯзи «Ба Ҷамшед, бас гавҳар афшонданд» рост омадани баргашти Хуршедро, бад ин хотир шоҳ Ҷам «рӯзи нав» ном ниҳод ва ҷашн орост.

Пас аз ин дигар подшоҳон ва мардумон ба ӯ пайравӣ намуда, Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.Имрӯз шароити озодона таҷлил намудани иди Наврӯз фароҳам буда, зарур аст, ки унсурҳои қадимаи он бо кумаки олимону донишмандон ва донандагони таърих барқарор шаванд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба хештаншиносӣ, покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

Возможно, это изображение 1 человек и улыбается
Асадуллоев К. устоди факултети геологияи ДМТ