Кароматуллои Юсуф 22-юми августи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2012 ба шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2017 онро аз рӯи ихтисоси 1-25010711 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва геологӣ-иктишофӣ бо касби “муҳандис-иқтисодчӣ” хатм намудааст. Соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси 1-260101 – идораи давлатӣ хатм намудааст. Солҳои 2017-2021 – ассистент ва ҳамзамон унвонҷӯйи кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология, солҳои 2021-2023 иҷрокунандаи вазифаи муовини декан оид ба таълим ва аз сентябри соли 2023 то инҷониб муовини декан оид ба таълими факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Масъалаҳои вобаста ба механизмҳои рушди иқтисодиёти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Мавсуф аз фанҳои идораи истеҳсолот, иқтисоди саноати кӯҳӣ ва молия дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ ба донишҷӯён дарс гуфта, муаллифи беш аз 15 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2023) ва сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2023) сарфароз гардидааст.