МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

5

Санаи 07.04.2026 дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни факултет дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (шахси масъул дар факултет мушовири академи, Асадуллоев Камол.) баргузор гардид.

Дар чорабини Имомов Ҳумоюн Шарофидинович номзади илмҳои ҳуқуқ, мушовир – ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ, иштирок ва суханронӣ намуд.

Имомов Ҳ.Ш. дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия дар шароити муосир” қайд намуд, ки коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад.

Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бовуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.Дар анҷом аз ҷониби меҳмон қайд карда шуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад.

Дар охир байни донишҷӯён ва меҳмон саволу ҷавоб сурат гирифт.