Таърихи кафедра
Кафедраи минералогия ва петрография дар заминаи факултети илмҳои табиатшиносӣ бо ташаббуси доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сороҷон Юсупова аввалин бор дари худро соли 1948 боз кард. Профессор Юсупова С.М. нахустин мудири кафедра буданд. Дар ҳамон маврид дар ҳайати кафедра, ғайр аз профессор Сороҷон Юсупова, ассистентҳо Могаровский Владимир Виталевич, Кривощекова Нина Ивановна, Ҳасанов Абдураҳим Ҳасанович ба кор қабул карда шуда буданд. Аз соли 1956 дотсентон А.И. Проскурко ва В.И. Шестаков ба кафедра даъват шуданд. Дар кафедра, инчунин, хатмкунандагони факултети геология А.Р. Файзиев (соли 1959), Л.М. Кроник (1960), К.В. Вазиров (1961), Н.А. Утекеев (1961), М.М. Мамадвафоев (соли 1965), М.Д. Ҷанобилов (1966), А.Н. Мамонтов (1970), Ф.Ш. Искандаров (1970), И.У. Раҳмонов (1970), Б.А. Алидодов ба кор қабул карда шуданд. Дар солҳои гуногун дар кафедра дотсент К.П. Янулов, ассистент ва муаллимони калон Ю.И. Яковец, И.И. Исмоилов, Д.А. Тошматова, Е.Б. Яковец кор карданд. Ба ҳайси лаборантҳои калону техникӣ дар кафедра Н.С. Коваленко, Г.И. Обертинская (1962-2009), З. Бахтова, Л.Л. Рабинович, З.П. Қурбонова, адои хизмат карда буданд. Аз соли 1966, баъди вафоти нобаҳангоми профессор С.М. Юсупова, 1966-2003 профессор Ҳасанов А. Ҳ., 2003-2008 дотсент Алидодов Б.А., 2009-2017 дотсент Фозилов Ҷ.Н., 2016-12-05-2023 дотсент Талбонов Р.М. ва аз 12-05-2023 то ба имрӯз дотсент Фозилов Ҷ.Н. тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедра интихоб гардида фаъолият намуда истодааст.
Дар солҳои гуногун бо даъвати кафедра барои хондани лексия ва тайёр кардани кадрҳо академику профессорон аз шаҳрҳои Москваю Ленинград, И.И. Бок, Ф.И. Волфсон даъват шуда буданд. Дар ин муддат шумораи олимону мутахассисони кафедра меафзояд. Аз ҷумлаи онҳо А.Р. Файзиев – доктори илмҳои геология ва минералогия, узви вобастаи АИ ҶТ солҳои тӯлонӣ сарварии факултетро бар душ доштанд. Минбаъд сарварии кафедраро Соҳибов Ш.С. (2003-2004), Алидодов Б.А. (2004-2010), Фозилов Ҷ.Н. (2010-2017) ва аз соли 2017 то имрӯз сарварии кафедраро дотсент Талбонов Р.М. ба ӯҳда дорад. Имрӯз дар кафедра профессор А. Ҳ. Ҳасанов, дотсентон Ф.Ш. Искандаров, Ҷ.Н. Фозилов, Fарибмаҳмадова С.Н. муаллими калон Шодии Бек, ассистент Мирзомамадова М., мудири лаборатория Їалолова М.К. ва лаборантон Авзалова Л.Х., Амиршоева Ҷ. кору фаъолият доранд. Аз соли 2000 кафедра барои тайёр намудани кадрҳои ҷавон аз рӯйи зерихтисосҳои «Геологияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ», «Аксбардории геологњ канданиҳои фоиданок» ихтисосмандонро тайёр мекунад. Мутахассисон-хатмкунандагони тахассусҳои кафедра имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни геология дар Россия ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди давлатҳои мустаил ба ҷустуҷӯи конҳои маъдан машғуланд. Дар байни хатмкунандагони кафедра нафароне ҳастанд, ки дар Афғонистон, Сурия, Алҷазоир, Муғулистон ва ғ. ихтисосашонро такмил додаанд.
Дар кафедра шумораи синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо, коллексияи минералҳо, кристаллҳо, маъданҳо ва инчунин, таҷҳизотҳои озмоишӣ афзуда истодаанд. Аз ҷумла синфхонаҳои минералогия, петрография, геохимия, геологияи конҳои канданиҳои фоиданок, литология, кристаллография, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба истифодаи толибилмон дода шудааст. Дар асоси маводҳои коллексионии кафедра осорхонаи геологӣ ташкил карда шудааст.
Дар кафедра, дар баробари корҳои таълимию методӣ, корҳои илмӣ низ пеш рафта истодааст. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расонида шудаанд: «Основы геологии месторождений полезных ископаемых» (Ҳасанов А. Ҳ.), «Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок» (Алидодов Б.А., Фозилов Ҷ.Н., Оймуҳаммадзода И.С.), «Хариташиносњ бо асосҳои топография» (Алидодов Б.А., Фозилов Ї.Н., Оймуҳаммадзода И.С.), « Иқтисоди ашёи минералӣ» (Вазиров К.В., Фозилов Ҷ.Н., «Литология» (Фозилов Ҷ.Н., Алидодов Б.А.), «Геохимияи нафту газ» (Алидодов Б.А., Фозилов Ҷ.Н., Давлатшоева Ҷ.) «Таърих ва методологияи илмҳои геологӣ» (Вазиров К.В., Фозилов Ҷ.Н.), «Геоморфология ва геологияи давраи чорякумин» (Талбонов Р.М., Муродов А.А.), “Тафсири мафҳумҳои геоморфологӣ” (Саидов М.С., Талбонов Р.М.), Генетические типы и экономика минерального сырья (Ҳасанов А. Ҳ.) чоп карда шуда, дастраси хонандагон гардидаанд.
Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ аамияти хоса дода мешавад. Fарибмамадова С. соли 2018 рисолаи номзадиашро бо роҳбарии профессор Ҳасанов А. Ҳ. дар Федератсияи Россия ва соли 2020 унвонҷӯ Ошурмамадов А.К. дар Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ рисолаи номзадиашро бо роҳбарии дотсент Алидодов Б.А. бо муваффақият ҳимоя намуданд.
Хатмкунандагони кафедра метавонанд дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, КВД «Нафту газ» кору фаъолият намоянд.
Устодони кафедра
Талбонов Рустам Мирзошоевич –дотсенти кафедра
15.07.1975 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст, муҳандис-геолог, номзади илмҳои
геологияю минералогия (2015). Хатмкардаи ДДТ (1998). Фаъолияти меҳнатиашро дар ДДТ оғоз карда, дар вазифаҳои ассисенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника (1998-2007), муаллими калони ҳамин кафедра (2007-2015). Солҳои 2008-2011 муовини декан оид корҳои тарбиявӣ ва масоили иҷтимоӣ. Аз моҳи апрели 2017 то имрӯз дар вазифаи мудири кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ, кору фаъолият менамояд. Талбонов Р.М.соли 2015 дар мавзӯи«Хусусиятҳои морфосохторӣ ва қонуниятҳои пайдошавии пастхамии Ёхсу дар давраи навин ва нақши он дар ҷойгиршавии конҳои тиллои пошхӯрда» дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рисолаи номзадиашро бомувафақият ҳимоя намудааст. Талбонов Р.М. зиёда аз 60 таълифоти илмӣ ва таълимию методӣ аз он чумла 4-дастури методӣ бо забони давлатӣ аз чоп баровардааст. Барои иштироки фаъолаш дар ҳаёти ҷамъияти ва илмию омӯзгории ДМТ бо ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Email: talbonov75@mail.ru
Тел: +992 93 520 04 58
Ҳасанов Абдураҳим Ҳасанович –профессори кафедра
Ҳасанов Абдураҳим Ҳасанович 1-уми январи соли 1933 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ҳасанов А.Ҳ. соли 1949 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, ба шӯъбаи геологияи факултети фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда аст. Пас аз хатми Донишгоҳ ӯро академик Сороҷон Юсупова ба кафедраи навтаъсиси минералогия ва петрография даъват менамояд.
Ҳасанов А.Ҳ. фаъолияти худро соли 1954 аз вазифаи лаборанти калони кафедра оғоз карда, баъдан ба вазифаи ассистент (с.1954) ва муаллими калон (с.1960) гузаштааст. Дар баробари ин ӯ дар истеҳсолоти геологӣ низ фаъолият намуда, дар корҳои саҳроии партияҳои геологӣ дар Тоҷикистони Марказӣ иштироки бевосита дошта аст. Ӯ дар муддати кутоҳ тавонист, ки дар таҳияи чанд ҳисоботҳои истеҳсолӣ ва харитаҳои геологӣ саҳми бевосита гирад.
Соли 1963 Абдураҳим Ҳасанович пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар вазифаҳои гуногун – дотсент, мудири кафедраи минералогия ва петрография (с.1966–2003) ва декани факултети геология (с.1980–1985) фаъолият карда аст.
Ӯ соли 1971 рисолаи доктории худро дар шаҳри Алмаато бомувафаққият ҳимоя карда аст.
Ҷиҳати эътироф ва арзи эҳтироми хизматҳои шоистаи Ҳасанов А.Ҳ. моҳи августи соли 2020 ба ифтихори ӯ Анҷумани байналмилалии минералогӣ минерали навкашфшударо ҳасановит (Hasanovite) номгузорӣ карда аст. Ин минерал бори нахуст дар ҷаҳон аз ҷониби дастпарварони кафедраи минералогия ва петрография ва як гуруҳи олимони Россия дар водии дарёи Фон-Яғноб, дар мавзейи Кӯҳи Малики вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт гардидааст (39°11′02″N, 68°35′11″E).
Ҳасановит Na(MoO2)(SO4)2 ба гуруҳи молибдати натрий шомил буда, сохтори моноклинӣ дорад. Пайдоиши минерал бо коркарди ҳароратии ҷинсҳои таҳшинӣ робита дошта, дар сурати паҳноии зиёд доштан аҳамияти амалиро метавонад касб намояд.
Дар айни замон намунаи ҳасановит дар Осорхонаи минералогии ба номи А.Е. Ферсмани Академияи илмҳои Руссия, таҳти рақами 5568/1 қарор дорад.
Устод Ҳасанов А.Ҳ. дар саромади асри куҳан ва оғози асри нав ба таълифи дастуру китобҳои таълимӣ даст зада, дар ин самт натиҷаҳои бузургеро комёб шудааст. Васоити таълимии «Курси мухтасари канданиҳои фоиданок» (дар ду ҷузъ, – солҳои 1997, 1998), «Аҳамияти хоҷагидорӣ-халқӣ ва масъалаҳои иқтисодии ашёи минералӣ», «Сангҳои ранга ва ороишии Тоҷикистон» (бо забони русӣ, 1989 ва тоҷикӣ – с.1990), «Дастури таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии геологӣ дар водии Зиддеҳ» (дар ҳаммуаллифӣ), инчунин 12 дастур барои соҳаҳои гуногуни илм дар бораи Замин, заминларза, бехатарии мавзейи кӯли Сарез, пайдоиши мумиё аз нуқтаи назари илмӣ, мушкилоти экология, тағйирёбии иқлими минтақаи Евразия ва обшавии пиряхҳои Помир ва Тён-Шонро ва дигар мавзуҳои рузмарра интишор намудааст.
Абдураҳим Ҳасанович муаллифи зиёда аз 300 корҳои илмӣ, аз ҷумла чанд монография доир ба масоили гуногуни соҳаҳои геология, петрология, металлогения (минерагения), пайдоиши маъданҳо ва маҷмааҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ (Тён-Шони Ҷанубӣ) мебошад.
Хизматҳои шоёни профессор Ҳасанов А.Ҳ. дар самти таълиму тарбия ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз ҷониби давлат қадрдонӣ шудаанд. Ҳасанов А.Ҳ. «Аълочии маорифи ИҶШС», дорандаи ифтихорномаҳои Вазорати мактабҳои олии ИҶШС, Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, умумиттифоқии «Дониш», Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, дорандаи нишонаи «Ветерани геология» мебошад. Ӯ соли 1991 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шудааст. Ҳасанов А.Ҳ. расман чун кашшофи кони кандании фоиданок эътироф шудааст.
Таҳти роҳбарии профессор Ҳасанов А.Ҳ. панҷ олимони ватанӣ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Фозилов Ҷивоншо Нурович –дотсент мудири кафедра
(тав. 26.02.1972 деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз), муҳандис- геолог, номзади илмҳои геологияю менералогия (2004). Хатмкардаи ДДТ (1998). Фаъолияти меҳнатиашро дар ДДТ оғоз карда, дар вазифаҳои ассисенти кафедраи минералогия ва петрография (1998-2001), аспиранти шӯъбаи ғоибонаи Пажӯҳишгоҳи геологии АИ ҶТ (2001-2004). Аввалин шуда ангиштдории қабатҳои триаси поёнии Тоҷикистонро муайян намуда, барои истехсолот тавсияҳои амалӣ пешниҳод намудааст. Аз соли 2003-2006 муовини декан оид ба таълими шӯъбаи ғоибонаи факултети геологияи ДМТ, 2006-2009 муовини декан оид ба таълими шӯъбаи ғоибона, корҳои тарбиявӣ ва масоили иҷтимоӣ, раиси кураторони факултети геология, 2009- муовини декан оид ба таълими шӯъбаи ғоибона, аз моҳи марти 2010-2017 мудири кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ, 2017-2019 муовини декан оид ба таълими шӯъбаи ғоибона, аз моҳи марти 2019 то имрӯз дотсенти кафедраи минералогия ва петрография кору фаъолият менамояд. Тадқиқотҳои илми Фозилов Ҷ.Н омӯзиши литология ва қонуниятҳои пайдоишу ҷойгиршавии конҳои ангишти Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Ба қалами Фозилов Ҷ.Н зиёда аз 110 таълифоти илмӣ ва таълимию методӣ аз он чумла 7-дастури методӣ 1- монография ва шаш китоби дарсӣ бо забони давлати мансуб аст. Барои иштироки фаъолаш дар ҳаёти ҷамъияти ва илмию омӯзгории ДМТ бо ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вазорати маориф ва нишони фахрӣ-аълочии маорифи Тоҷикистон (2013) сарфароз гардонида шудааст.
E-mail:fozilov.tj @mail.ru
Телефон: (+992) 988 37 82 82
Мирзомамадова Муниса Мирзомамадовна- ассистенти кафедра
Соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2010-2015 донишҷӯи факултети геологияи ДМТ. Соли 2015 лаборанти кафедраи минералогия ва петрография. Соли 2018 ассистенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ.
Email: мunisa20gmail.com
Тел: +992 502 17 04 14