Кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок

Кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ҳанӯз соли 1963 бо номи геологияи нафту газ ташкил шуда буд. Аввалин мудири кафедра, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Ҷ.Ҷ. Бузуруков буд. П.А. Муҳаммадиев, А.Т. Шукуров, М.Ҳ. Ишонов  аз нахустин устодоне маҳсуб мешуданд, ки дар тарбияву ба воя расонидани мутахассисони соҳаи нафту газ камари ҳиммат баста буданд.

Мудири кафедра н.и.г.м., дотсент, Гарибмаҳмадова С.Н.

Дар таъсису ташкили кафедра саҳми академик. С.М. Юсупова хеле назаррас буд. Маҳз, ташаббуси роҳбарони онвақтаи кишавар ва кӯшишу заҳматҳои С.М. Юсупова бо дастгирии бевоситаи академики АИ собиқ ИҶШС  А.Н. Бакиров кафедраи мазкур дарҳои худро барои донишҷӯён боз кард.

Дотсент Ҷ.Ҷ. Бузуруков то соли 1976 кафедраро сарварӣ намуд. Тайи ин солҳо ӯ чандин устодони ҷавонро ба кафедра ба кор қабул намуда, пояи кафедраро устувор гардонид.

Солҳои 1976-1982 кафедраро дотсент П.А. Муҳаммадиев роҳбарӣ намудааст. Дар ин давра дар кафедра низоми ҳуҷҷатнигорӣ, омода намудани барномаҳои кориву дастурамалҳо дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуд. Дар ин фосила, дотсент П.А. Муҳаммадиев муддати як сол иҷрокунандаи вазифаи декани факултет низ буд ва дар пешбурди таълиму тадрис саҳми калон гузоштааст. Бо ташаббусу роҳбарии ӯ дар факултети геология соли 1990 ихтисоси нави «Коркарди кушоди конҳои канданиҳои фоиданок» ва соли 1992 ихтисоси «Коркарди зеризаминии конҳои канданиҳои фоиданок» кушода шуд, ки аввалин гурӯҳи мутахассисони ин соҳа дар Тоҷикистон соли 1995 бо гирифтани касби «Муҳандиси маъдан» Донишгоҳро хатм карданд.

Баъдан,  солҳои 1982-1987 сарварии кафедра бар дӯши дотсент А.Т. Шукуров, аз соли 1987 то ба 1991 бар зиммаи профессор А.И. Лаврусеевич вогузор гашт.

Бояд зикр кард, ки солҳои фаъолияти ин ду шахси закӣ ва кордону соҳибкасб кафедра ба дараҷаҳои баланд расида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Теъдоди аъзоён-устодону профессорон хеле боло рафт. Эъҷоду таълифи дастурҳо ва воситаи таълимӣ афзуд. Сафи донишҷӯён низ дар ин муддат хеле афзоиш ёфт. Кафедра миёни дигар кафедраҳои факултет аз рӯи нишондодҳои илмӣ, таълимию методӣ дар зинаҳои боло қарор гирифт.

Ғайр аз устодони ботаҷрибаи кафедра он солҳо як зумра мутахассисон – Т.А. Кухтикова, А.В. Пенков, А.М. Раҳмонов, Х.М. Мамадҷонов, М.С. Валиев, М.А. Айдаршоев ва чанде дигарон барои пешбурди ҷараёни таълим ба кафедра ҷалб карда шуданд.

Аз соли 1991 то ба соли 1994 масъулияти иҷрои вазифаи мудири кафедра бар зиммаи дотсент А.А. Алиев вогузор гардид. Бо кӯшиши дотсент А.А. Алиев дар кафедра хеле корҳои ҷолиб ва назаррас ба сомон расонида шуд. Раванди таълим, ки самти асосии фаъолияти ҳама устодону кормандони кафедра буд, боз ҳам ба як сатҳи баланд бардошта шуд. Дар татбиқи қонуни забони давлатӣ, ки он солҳо қадамҳои нахустин гузошта мешуд, хеле корҳо ба сомон расонида шудаанд. Ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои таълиму тарбия ва илм низ маҳз, аз он солҳо ибтидо мегарданд.

Аз соли 1994 то соли 2002 роҳбарии кафедра бар ӯҳдаи декани онвақтаи факултет, профессор А.Р. Файзиев гузошта мешавад. Тайи солҳои фаъолият чун саравари кафедра, профессор А.Р. Файзиев дар пешбурду нумӯи иқтидори илмии кафедра ва ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба корҳои илмӣ ва таълим хеле заҳмат кашид. Тайи солҳои фаъолияти худ профессор А.Р. Файзиев дар кафедра тавонист, ки дар таълифу эҷоди китобу дастурҳо бо забони давлатӣ заҳмат кашид.

Ҳайати устодону профессорон ва кормандони ёрирасон он солҳо инҳо буданд: профессор А.Р. Файзиев, номзадони илм, дотсентон Ф.Т. Шукуров, П.А. Муҳаммадиев, М.М. Фозилов, дотсент-мушовир Р.М.Маҳкамов; муаллими калон Ш. Соҳибов, ассистент Ф.Ғ. Ғафуров, лаборантон М.С. Худойбердиева, Г.М. Сафарова, Р. Юсуфова.

Аз соли 2002 то соли 2010 сарварии кафедраро номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Ф.Ғ. Ғафуров бар дӯш дошт. Дар ин давра дотсент Ғафуров Ф.Ғ. анъанаи роҳбарони пешинаро идома дода, ҷалби ҷавонони маҳалиро ба корҳои таълиму тадрис ва илмӣ хуб ба роҳ монд. Натиҷаи ин амал назаррас буд ва аспирантони шӯъбаи рӯзонаи кафедра Ф.А. Малахов (соли 2004) ва И.С. Оймаҳмадов (соли 2006) таҳти роҳбарии профессор Ф.Р. Файзиев рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд. Барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда аз ҷониби устодони кафедра давра ба давра ба забони тоҷикӣ такмил ёфтанд.

Солҳои 2010-2012 кафедраро олими боистеъдод, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор М.Т. Тоҷибеков сарварӣ намудааст. Дар ин давра корҳои таълимӣ- методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷараёни тоза гирифта ба кафедра устодони унвондор дотсентон М. Ҳ. Ишонов, Ф.А. Файзиев даъват карда шуданд. Таваҷҷӯҳи устодону кормандони кафедра ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баланд гардид ва соли 2011 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ зери мавзӯи  «Геология и геоэкологические проблемы использования горючих полезных ископаемых Таджикистана» гузаронида, маводи он чоп карда шуд. Кафедра бо асбобу таҷҳизотҳои муосир қисман таъмин гашта, барои таъмин намудани раванди таълим лаборатория ва кабинетҳои таълимии замонавӣ таъсис дода шудаанд. Фаъолияти аспирантон, мафҳили илмии донишҷӯён ҷоннок гардид, омода ва нашр намудани китобҳои дарсӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд ва робитаи кафедра бо корхонаю муассисаҳои соҳавӣ қавӣ гардид.

Устодони кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ пурмаҳсул заҳмат мекашанд.

Кафедраро аз соли 2012 то охири соли 2013 номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Фозилов М.М. роҳбарӣ намудааст.

Солҳои 2014-2018 кафедраро, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Сафаралиев Н.С  сарварӣ намудааст. Ӯ низ барои таъмини ҳаматарафаи кафедра кӯшиши зиёд ба харҷ дода, чандин устодони ҷавонро ба кафедра ба кор қабул намуда, пояи кафедраро устувор гардонид.

Аз солҳои 2018 то соли 2020 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва аз соли 2020 тариқи озмун вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент С.Н. Ғарибмаҳмадова вогузор шуд. Ӯ тавонист як коллективи пурқуввати меҳнатиро гирди худ ҷамъ оварда дар дастаҷамъӣ барои пешрафти кафедра саҳм гузорад. Роҳбарияти кафедраро зарур буд, ки диққати асосиро ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо равона созад. Аз ин рӯ, бо кӯшишу  ғайрати мудири кафедра дар давоми солҳои 2018-2020 як зумра ҷавонони боистеъдод, ба монанди Акбаршоҳи М., Аламхонова А.А. аз ҳисоби хатмкунандагони факултет ба кафедра ба кор қабул шудаанд, ки масъулияти минбаъдаи таъмини мӯътадили ҷараёни таълим дар кафедра ба дӯши онҳо афтид.

Ҳоло дар кафедра 2 нафар докторони илм, профессорон: А.Р. Файзиев, Ф.Ҳ.  Каримов, 4 нафар номзадони илм, дотсентон С.Н. Ғарибмаҳмадова, Д.И. Бузрукова, Н.С. Сафаралиев, Ҷ.Ш. Зиёев,  2 нафар муаллимони калон, номзадҳои илм  Ф.А. Муҳиддинов, О.Ҳ. Ниёзов, 3 нафар ассистентон Л.Ҷ. Сафаров, Акбаршоҳи М., А.А. Аламхонова ва кормандони техникӣ  М. Шарипова,  Ш. Шарифова раванди таълиму тарбия ва корҳои илмиро ба ӯҳда доранд. Ҳамзамон А.Р. Файзиев академики Академияи илмҳои табиатшиносии Европа, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Корҳои илмию таҳқиқотии кафедра таҳти мавзуи «Геология, пешгӯикунӣ ва коркарди критерияҳои ҷустуҷӯӣ-баҳодиҳии конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ – номзади илмҳои техникӣ, ноиби декан оид ба илм Ниёзов О.Ҳ.) ба иҷро расонида мешаванд. Кулли устодони кафедра дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ширкат меварзанд.

Дастовардҳои кафедра солҳои охир хело ҳам назаррас мебошад, аз ҷумла 3 нафар устодони кафедра Ҷ.Ш. Зиёев, Ф.А. Муҳидинов, О.Ҳ. Ниёзов бо муваффакият рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намуданд ва соҳиби дипломӣ номзади низ гардиданд. Барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии дастпарварони кафедра зарурати ворид намудани тағйиротҳои куллӣ дар Стандарти давлатии таълимоти дараҷаи олии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимии намунавию кории ихтисосҳои дар кафедра таълимдодашаванда ба миён омада буд ва устодони кафедра тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ насли нави барномаҳои таълимии намунавиро барои ихтисосҳои марбутаи кафедра мураттаб намоянд.

Инчунин кафедраи геология ва иктишофи ККФ соли 2021 дар озмуни «Кафедраи беҳтарин» ширкат варзида, соҳиби ҷойи ифтихори гардид.

Коллективи устодони кафедра барои бо китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ ва маводи таълимӣ таъмин намудани ҷараёни таълим кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аз  ҷумла  китоби дарсӣ аз ҷониби профессор А.Р. Файзиев «Минералогия» (2019), «Геоэкология» (Ҷ.Ш. Зиёев, Н.С. Сафаралиев (2018), васоити таълимӣ аз ҷониби А.Р. Файзиев, Ф.А. Файзиев «Геологияи умумӣ»(2019) ба забони тоҷикӣ омодаи чоп намуданд. Ҳамчунин, аз тарафи устодони кафедра маҷмӯаи барномаҳои таълимии намунавӣ аз рӯи ихтисосҳо 1-51010100, 1-51010103, 1-51010104 барои чоп омода шуддаанд.

Фаъолияти илмии устодони кафедра ба омӯзиши минералогия, меъёрҳои ҷустуҷӯ ва иктишоф, муайянкунии шароити пайдоиш ва қонунияти ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок равона шудааст. Ғайр аз ин кафедра ба омӯзиши масоили геоэкологӣ низ машғул аст.

Дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён бо номи «Кашшофон» фаъолият менамояд, ки ба он доим 20-25 нафар донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи ихтисосҳои марбутаи кафедра аъзо ҳастанд. Ба  ин ҷамъияти илмӣ ҳоло асс. Сафаров Л.Ҷ. роҳбарӣ менамояд. Таҳқиқотҳои илмии донишҷӯён аз рӯи чор самт ба роҳ монда шудааст: геологияи нафту газ, геофизика, геоэкология инчунин геология ва иктишофи ККФ. Донишҷӯён аз натиҷаи таҳқиқоти илмиашон ҳамасола дар конфронси апрели донишгоҳӣ бо маърӯзаю гузоришҳо баромад мекунанд. Қайд кардан зарур аст, ки хатмкунандагони кафедра (Талбонов Т., Саидов С.С., Усмонов Н., Раҳимов М., Каюмарси М, Ошурмамадов А.Қ., Бутаев С.) дар корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эспедитсияҳо ва зерсохторҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи нерӯгоҳи барқии обии Роғун  дар вазифаҳои  гуногун кору фаъолият намуда истодаанд.

Кафедра бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, КВД «Нафту газ», ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи геология таҷрибаи бой пайдо кардаанд, равобити дуҷонибаи манфиатбахш барқарор намудааст. 

УСТОДОНИ КАФЕДРА

Ғарибмаҳмадова Светлана Назримамадовна- н.и.г.м., дотсенти кафедра мудири кафедра

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - svet-1-954x1024.jpg

Соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2002-2007 донишҷӯи  факултети геологияи ДМТ. Солҳои 2004-2007 лаборанти кафедраи минералогия ва петрографияи  факултети геологияи  ДМТ. Солҳои 2008-2012 ассистенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Солҳои 2012-2018 муаллими калони кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Соли 2018 кори номзадиро дар мавзӯи «ОСОБЕННОСТИ ЛОКАЛИЗАЦИИ МЕТАСОМАТИЗМА И ХИМИЗМА АМЕТИСТОВЫХ ЖИЛ МЕСТОРОЖДЕНИЯ СЕЛЬБУР (Южнҷй Гисар)» ҳимоя намудааст. Аз моҳи августи соли 2018 то 2020 и.в. мудири кафедраи геология ва иктишофи ККФ.  Аз 28-уми феврали 2020 ҳол мудири кафедраи геология ва иктишофи ККФ.

Email: svetlana_gn82@mail.ru 

Тел: +992 93 500 36 73

Файзиев Абдулҳақ Раҷабович – д.и.г.м., профессори кафедра.

Соли 1938 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1954-1959 донишҷӯи

Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ). Солҳои 1959-1960 коллектори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ. Солҳои 1960-1963 ассистенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Солҳои 1963-1967 муаллими калони кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Солҳои 1967-1981 дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Солҳои 1982-1985 профессори кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ. Солҳои 1985-1996 декани факултети геологияи ДМТ. Солҳои 1996-2002 мудири кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 1997-2011 директори Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон. Соли 1981 кори докториро дар мавзӯи «Минералогия, генезис и закономерности размещения флюоритовых месторождений Центрального Таджикистан» ҳимоя намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2002 то ҳол профессори кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ. Дар зери роҳбарии А.Р.Файзиев беш аз бист нафар ҷавонон рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд. Муаллифи 9 китобҳои дарсӣ, 10 монографияҳо ва беш аз 570 мақолаву фишурдаҳои илмӣ мебошад.

Email: faiziev38@mail.ru 

Тел: +992 93 563 28 25

Каримов Фаршед Ҳилолович – д.и.ф.м., профессори кафедра.

         Соли 1949 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1966–1968

донишҷӯи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Солҳои 1968–1972 донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Москва (МГУ) ба номи М.В. Ломоносов. Солҳои 1972 –1974 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС. Соли 1974 муҳандиси факултети физикаи ДМТ. Солҳои 1974–1978 аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДДМ. Солҳои 1978–1979 корманди илмии ДМТ. Солҳои 1980 –1990 корманди илмӣ, геофизик, мудири гурӯҳи геофизикии Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон. Солҳои 1990 – 1992 Саргеофизики институти тадқиқотҳои инженерию техникӣ (ГИИНТИЗ). Солҳои 1993 – 1997 профессори факултаи геологияи ДДМТ. Солҳои 1998 – 2000 саргеофизики ва сармуҳандиси институти тадқиқотҳои инженерию техникӣ (ГИИНТИЗ). Солҳои 2000–2004 проректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Солҳои 2004–2011 муовини директори Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм. Соли 2011 мудири лабораторияи тадқиқотҳои геофизикии комплексии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Соли 1993 кори докториро дар мавзӯи «ВОПРОСЫ ТЕОРИИ МАГНЕТИЗМА ГОРНЫХ ПОРОД И ТЕКТОНОМАГНЕТИЗМА» ҳимоя намудааст. Аз моҳи сентябри 2013 то хол профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология (хамзамон мудири лабораторияи тадқиқотҳои геофизикии комплексии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмии Тоҷикистон).

Email: fhkarim@mail.tj 

Тел: +992 93 555 84 00 

Бузрукова Дилбар Ибрагимовна- н.и.ф.м., дотсенти кафедра.

Соли 1946 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1963-1967 донишҷӯи

донишкадаи педагогии ш. Хуҷанд имрӯза Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд. Солҳои 1967-1972 донишкадаи инженерию сохтмони ш. Маскав (МИСИ ба номи Куйбешев). Солҳои 1966-1971 ассистенти кафедраи назарияи физикаи Донишкадаи педагогии ш. Хуҷанд. Солҳои 1971-1973 лаборанти калони Институти зилзиласанҷӣ ва сохтмони ба зилзилатобовари АИ ҶТ. Соли 1973 аспиранти ордени Лениндори Институти «физика Земли» ба номи О.Ю. Шмита. Солҳои 1976-1977 инженер-геофизик дар экспедитсияи ТИССС. Солҳои 1977-1998 ходими калони илмии ТИССС. Солҳои 1998-2002 геофизики пешбар дар ТИССС. Солҳои 2002-2007 ходими пешбари илмии ТИССС. Соли 1981 кори номзадиро дар мавзӯи «ФИЗИЧЕСКАЯ МОДЕЛ МАКРОСЕЙСМИЧЕСКОГО ПОЛЯ» ҳимоя намудааст. Аз соли 2007 то ҳол дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок.

Email: dilbar_buzrukova_96@mail.ru

Тел: +992 93 581 77 54

Сафаралиев Носир Саидҷалолович – н.и.г.м., дотсенти кафедра.

Соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1998-2003 донишҷӯи

факултети геологияю маъдани Донишгоҳи давлати милли Тоҷикистон. Солҳои 2003-2007 ассистенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи давлати милли Тоҷикистон. Соли 2009 раиси Шурои кураторони факултети геология. Солҳои 2013-2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Солҳои 2014-2018 мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок.  Соли 2013 кори номзадиро дар мавзуи «МИНЕРАЛОГО-ТЕРМОБАРОГЕОХИМИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ ОБРАЗОВАНИЯ ЖЕЛЕЗОРУДНОГО МЕСТОРОЖДЕНИЯ ШОХКАДАМБУЛАК (ЧОКАДАМБУЛАК, СЕВЕРНЫЙ ТАДЖИКИСТАН)» ҳимоя намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2018 то ҳол дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок.

Email: chokadamBulak@mail.ru

Тел: +992 934 377 326

Зияев Ҷаҳон Шафиевич н.и.г.м. дотсенти кафедра.

Соли 1938 дар Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Солҳои 1953-1957 ба техникуми

омӯзгории ш. Самарқанд дохил шудааст. Солҳои 1958-1960 дар хизмати ҳарби ҳамчун командри отделения хизмат кардааст. Солҳои 1961-1967 донишҷӯи факултети геологияи УДТ. Солҳои 1969-1972 аспиранти Иниститути нафту гази ш. Маскав. Солҳои 1972-1974 ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии УДТ. Солҳои 1974-1979 ходими калони Илмии лабораторияи компелексии Инсититути Тадқиқоти «СредАз НИПИ нефт». Соли 1980 котиби машғули ҷамъияти «Дониш»-и ноҳияи Фирдавсӣ. Солҳои 1980-1986 муаллими калон, раиси озоди иттифоқи касабаи донишҷӯёни техникуми геологии ш. Душанбе. Солҳои 1986-1989 котиби масъули иттифоки касабаи марказии Республикавии геологҳо. Солҳои 1989-2008 Сардори шуъбаи обҳои зери заминӣ, ҷонишини Иниспексияи махсуси назорат ва истифодаи оби КХЗ ҶТ. Солҳои 2008-2020 муалими калони кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Солҳои 2020-2022 н.и.г. ва м. и.в. дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Соли 2020 кори номзадиро дар мавзӯи «ГИДРОГЕОЛОГИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ НЕФТУГАЗОВЫХ МЕСТОРОЖДЕНИЙ И ПЕРСПЕКТИВЫ НЕФТЕГАЗОНОСНОСТИ РАЗВЕДОЧНЫХ ПЛОЩАДЕЙ ТАДЖИКИСТАНА» ҳимоя намудааст. Аз моҳи феврали соли 2022 то ҳол дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок.

Email: ziyoev38@mail.ru

Тел: +992 934 317 317 

Муҳидинов Файзали Абдукаримович н.и.г.м., муаллими калони кафедра.

Соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1980 ба техникуми геологию

иктишофии ш. Душанбе дохил шудааст. Солҳои 1984-1986 дар қушунҳои Армияи Советӣ хизмат намудааст. Солҳои 1986-1988 дар экспедитсияи ҷанубии геофизикӣ ба сифати техник- топогроф кор ва фаъолият намудааст. Соли 1988 ба УДТ ба номи В.И. Ленин ба факултети геология дохил шудааст. Соли 1995 ба сифати геолог ба корхонаи Тоҷикгавҳар ба кор дохил шудааст. Соли 1998 ба сифати ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ба кор қабул шудааст. Соли 2009 аз кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ба кафедраи геология ва иктишофи ККФ ба кор гузаштааст. Соли 2020 кори номзадиро дар мавзӯи «ИНЖЕНЕРНО-ГЕОЛОГИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ ГОРНЫХ МАССИВОВ ТРАНСПОРТНЫХ ТОННЕЛЕЙ ИСТИКЛОЛ И ХАТЛОН» ҳимоя намудааст, ва то ҳоло дар ҳамин кафедра кор ва фаъолият мекунад.

Email: mukhidinov65@mail.ru 

Тел: +992 934 17 37 74

Ниёзов Омадқул Ҳамроқулович – н.и.тех. дотсенти кафедра.

Соли  1985  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.  Баъди хатми мактаби миёна

соли 2003 ҳуҷатҳои худро ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, донишҷӯ гашта соли 2008 сарбаландона касби муҳандис-геологро сазовор мегардад. Пас аз хатми факултети геология  бо қарори Комиссияи Аттестатсионии хатми факултет геология ба кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ба ҳайси ассистент ба кор қабул мешавад. Солҳои 2009-2014 ассистенти кафедра; солҳои 2009-2020 Раҳбари маҳфили Кашшофон ва ҷамъияти илмии донишҷӯён дар назди кафедраи геология ва иктишофи ККФ; солҳои 2011-2016 Раиси ассотсиатсияи волидайни факултети геология; солҳои 2014-2020 Раиси Шурои олимон ва муҳақкиқони ҷавони факултет; солҳои 2014-2018 аспиранти  шуъбаи ғоибонаи  озмоишгоҳи ба каррозия устувори институти  химияи АМИҶТ; Соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Физико-химические свойства свинцово-сурьмяного сплава ССу3 с щелочноземельными металлами» дар Шурои диссертатсионии Д.047.003.03 дар назди институти химияи ба номи  В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳимоя намудааст.  Аз соли 2014  то инҷониб муаллими калони кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология;  аз моҳи апрели соли 2020 то ҳол  ба ҳайси муовини декани факултети геология оид ба илм ва инноватсия мебошад. Ниёзов О.Ҳ. дорои 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва фишурдаҳо мебошад. Бо Ифтихорномаҳои ДМТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвароз гардонида шудааст.

 Email: omadnitzov86@mail.ru 

Тел: +992 934 77 00 07

Сафаров Лоиқ Ҷалолович – муаллими калони кафедра.

Соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2008-2011 донишҷӯи

колеҷи куҳи ба номи Сороҷон Юсуповаи ш. Душанбе. Солҳои 2011-2015 донишҷӯи Донишгохи милли Тоҷикистон факултети геология. Аз моҳи сентябри соли 2015 то ҳоло унвонҷу ва ассистенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Аз моҳи октярби соли 2022 муовини декан оид ба тарбияи факултети геологияи ДМТ мебошад.  

Email: L-Safarov_89@mail.ru 

Тел: +992 934 02 70 75

Давлатов Рашод Шермамадович – ассистенти кафедра.

Соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2008-2013 донишҷӯи

факултети геофизикаи донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия (ш. Москва). Солҳои 2013-2014 муҳандис-геофизик дар экспедитсияи Ҷанубии геофизикии Тоҷикистон (ЮГФЭ). Солҳои 2014-2018 ассистенти кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и факултети геологияи ДМТ. Солҳои 2018-2021- сафари хизмати ба Федератсияи Россия. Солҳои 2021-2023 муҳандис-геофизик дар ҶДММ «Заринк». Аз 1-уми феврали соли 2023 то ҳол ассистенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок мебошад.  

Email: Rashod1991@mail.ru 

Тел: +992 00 944 01 66