Кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника таърихи куҳану пуршараф дорад. Кафедра аз аввалин кафедраҳои факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Кафедра бо таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (қарори Шурои Вазирони ИҶШС аз 21 марти соли 1947, № 643), дар ҳайати факултети геология ва хокшиносӣ ҳамчун кафедраи геологияи минтақавӣ ва минералогия созмон дода шудааст.

Ҳайати кафедраро аввалин зани тоҷик – геохимик, номзади илмҳои геология ва минералогия, шогирди академики Академияи илмҳои ИҶШС Ферсман Е.А. – Юсупова С.М. (баъдан – доктори илмҳои геология ва минералогия, академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, аввалин зан – доктори илмҳои геология ва минералогия дар Осиёи Миёна) ва ассистент Шатская А.П. ташкил медод. Баъдан бо ташаббуси Юсупова С.М. ба кафедра н.и.г.м. Баротов Р.Б. (минбаъд – д.и.г.м., академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон), н.и.г.-м. Кухтиков М.М. (минбаъд – д.и.г.м., узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон), н.и.г.м. Шестаков В.А., н.и.г.м. Проскурко А.И., н.и.г.м. Чедия О.К., н.и.г.м. Кобилов Ш.Қ., омӯзгорон Данилова А.Д., Янулов К.П. ва дигарҳо даъват карда шуданд.

Дар факултети геология ва хокшиносӣ аз рӯйи ихтисоси «Геология, ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» мутахассисон тайёр карда мешуданд. Кафедра ҳамчун кафедраи умумиихтисосӣ аз фанҳои «Геологияи умумӣ», «Палеонтология», «Геологияи таърихӣ», «Геологияи сохторӣ ва харитасозии геологӣ», «Геоморфология», «Геологияи қабатҳои давраи чорумин», «Топография бо асосҳои аккосии ҳавоӣ», баъдан – «Геологияи Осиёи Миёна», «Усулҳои ҳавоӣ дар геология», «Минералогия», «Кристаллография», «Петрография», «Петрографияи ҷинсҳои таҳшинӣ», «Усулҳои лаборатории таҳқиқи маъданҳо» ва ғайра таълим медод.

Дар донишгоҳ чор факултет – геология ва хокшиносӣ, биология, таъриху филология ва физикаю математика (аз соли 1949) фаъолият мекарданд.

Машғулиятҳо дар факултети геология ва хокшиносии донишгоҳ якуми сентябри соли 1948 дар бинои Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко оғоз шуд. Дар соли якуми таҳсил ба се факултет 240 нафар донишҷуён қабул шуда буданд, ҳайати муаллимону профессорон аз 17 нафар муаллим ва 19 нафар коргарони берунаи ҳамкор, аз ҷумла 2 нафар профессор ва 8 нафар дотсент, ки аз онҳо танҳо як муаллим унвони докторӣ ва 4 нафар устодон дошт, иборат буд.

Таҷрибаомӯзиҳои аввалини таълимии геологӣ, топографӣ ва баъдан таҷрибаомӯзии дуюми таълимӣ аз геологияи сохторӣ ва харитасозии геологиро устодон-геологҳои пуртаҷрибаи гуруҳҳои геологии истеҳсолот гузаронданд. Таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ дар пойгоҳи донишгоҳ (аз соли 1949 то 2014 ба факултет тааллуқ дошт), воқеъ дар болооби дарёи Варзоб (70 км шимолтар аз пойтахт) – депрессияи геологии Зиддеҳ, ки аз ҷиҳати сохтори геологии худ беҳамтост, баргузор шуданд. Минбаъд пойгоҳ дар байни факултетҳои геологии мактабҳои олии ИҶШС беҳтарин ва аз ҷиҳати сохтори геологӣ ҷолибтарин ҳисобида мешуд. Пойгоҳ кунун низ яке аз лабораторияҳои геологии табиии бомуваффақият интихобшуда дар кишварҳои ИДМ ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1948 то соли 1954 мудирии кафедраро д.и.г.-м, профессор, академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Юсупова С.М. ба уҳда дошт. Соли 1954 ба сабаби афзудани нуфуси донишҷуён ва мутаносибан сарбориҳои таълимӣ, кафедраи геология ва минералогияи минтақавӣ бо қарори шурои олимони донишгоҳ ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи геология ва палеонтология ва кафедраи минералогия ва петрография тақсим карда шуд. Профессор Юсупова С.М. ба кафедраи минералогия ва петрография гузашта, мудирии онро ба ӯҳда гирифт. Фанҳои «Минералогия», «Кристаллография», «Петрография», «Петрографияи ҷинсҳои таҳшинӣ», «Усулҳои лаборатории таҳқиқи маъданҳо» ва дигарҳо ба кафедраи минералогия ва петрография гузаштанд.

Кафедраи геология ва палеонтологияро то соли 1966 н.и.г.м.. дотсент Шестаков В.А. мудирӣ кардааст.

Соли 1952 дар факултет ихтисоси дуюм – «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ» таъсис дода шуд. Ба кафедраи геология ва палеонтология таҷрибаомӯзиҳои таълимии ин ихтисос аз фанҳои «Геологияи умумӣ», «Топография бо асосҳои аккосиҳои ҳавоӣ» ва «Геологияи сохторӣ ва харитасозии геологӣ» вобаста карда шуданд.

Соли 1957 ба муносибати ба донишгоҳ додани номи Владимир Илйич Ленин иқтидори кадрии кафедра бо даъвати олимон-геологҳои Донишгоҳи давлатии Ленинград (н.и.г.м. Чедия Д.М. ва н.и.г.м. Чедиа О.К.) таҳким дода шуд. Дар кафедра корҳои доманадори илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба палеонтология (радиолярияҳои палеоген), тектоникаи ҷадид ва таърихи кайнозойи Тоҷикистон оғоз ёфтанд.

Соли 1966 бинобар фавти бемаҳали Шестаков В.А. мудирии кафедра ба дотсент Чедия Д.М. (то соли 1984) гузашт. Геологи намоён, неотектонисти машхур Чедия О.К. то соли 1964 дар кафедра фаъолият карда, баъд аз он ба Институти геологияи АИ ҶШС Қирғизистон гузашта, то охири умр (1998) дар он ҷо кор кардааст.

Солҳои 1948-1960 давраи ташаккули кафедра ҳамчун яке аз сохторҳои калони таълимӣ ва илмии донишгоҳ буд. Дар он чунин олимон-геологҳои машҳури ҷумҳурӣ ва дар хориҷи он, ба амсоли д.и.г.м. Кухтиков М.М., д.и.г.м. Кухтикова Т.М., н.и.г.м. Раҳимов М.Х., н.и.г.м. Лисков Л.М., Парфенова Т.Г. фаъолият доштанд. Дар кафедра ҳайати муттаҳид аз геологҳои намоёни дорои унвонҳои илмӣ сарҷамъ омада буданд. Корҳои васеи илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи палеонтология (радиолярияҳо), неотектоника (ҳаракатҳои муосири ҷануби Осиёи Миёна) ва геологияи минтақавӣ (Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ) гузаронида мешуданд.

Дар солҳои минбаъдаи ҳокимияти шуравӣ рушди кафедра бо ин маром идома ёфт. Ҳайати кафедра ба ҳалли проблемаҳои муҳим ва мубрами илми геология ҷумҳурӣ ва тарғиби оммавии дониш ҷалб карда шуданд. Олимони кафедра дар муратаббии «Атласи ҶШС Тоҷикистон» (Лоскутов В. В. – Харитаи геоморфологии ҶШС Тоҷикистон, Харитаи давраи чорумини Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ; Кухтиков М. М. – Тектоникаи сарзамини ҶШС Тоҷикистон, Харитаи тектоникии ҶШС Тоҷикистон) фаъолона иштирок намуданд. Кафедра ба интишори нашрияҳои соҳавии даврӣ (солона) шуруъ намуд: «Радиолярияҳои Осиёи Миёна» ва «Масоили геологияи Тоҷикистон». Ҳайати кафедра (Чедия Д М., Лоскутов В.В., Парфенова Т.Г., Ким Ю.Б. ва дигарон) тавассути радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ, дар ҷамъияти «Дониш» бо лексияҳою сухбатҳо фаъолона баромад мекарданд, лекторони доимии Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲК Тоҷикистон буданд. Кафедра тавассути аспирантураи ғоибона ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ шуруъ намуд (Зайнутдинов А.А., Ким Ю.Б., Лазариди В.И. ва диг.). Дар назди кафедра (бо кафедраи геологияи нефту газ) курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаи хадамоти геологии ҷумҳурӣ ташкил карда шуданд.

Соли 1973 Чедия Д.М. дар шаҳри Ленинград рисолаи докториро дар мавзуи «Радиолярияҳои палеогени Осиёи Миёна ва аҳамияти онҳо дар биостратиграфия» ҳимоя намуд ва самти биостратиграфия бо тавсияи Раёсати геологияи ҷумҳурӣ ба кафедра вобаста карда шуда, дар факултет таълими фанни тахассусии «Биострагирафия» оғоз ёфт.

Ҳамзамон, устодони кафедра ба донишҷӯёни факултети биологияи донишгоҳ аз фанҳои «Палеонтология» ва «Назарияи таҳаввулот», факултети таърих аз фанҳои «Солшумории таърихӣ» ва «Асосҳои атеизми илмӣ» дарсҳои умумӣ ва тахауссусӣ таълим медоданд.

Дар кафедра интишори маҷмӯаҳои даврии «Радиолярияҳои қадими Осиёи Миёна» (аз соли 1957 то 1978) ва «Маълумоти нав оид ба геологияи Тоҷикистон» (аз соли 1968 то 1978) мунтазам ба роҳ монда шуда, аспирантураи рӯзона ва ғоибона ташкил карда шуд. Рисолаҳои номзадии аввалини аспирантони кафедра ҳимоя карда шуданд: муаллими калон Зайнутдинов А.А. дар мавзуи «Радиолярияҳои скелети ҳамвордоштаи зеротряди Discoidea аз қабатҳои эотсени Осиёи Миёна ва аҳамияти биостратиграфии онҳо» (с.1979), муаллими калон Ким Ю.Б. дар мавзӯи «Ҳаракатҳои тектоникии плейстотсени миёна–голосини нишебии шимолии водии Ҳисор ва қисмати ҳамшафати нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор» (с.1982). Ба кафедра дар асоси пешбурди озоди корҳои илмӣ оид ба асосҳои табиӣ – илмии атеизм (дар силсилаи фанҳои геология) супорида шуд. Устодони кафедра Чедия Д.М., Парфенова Т.Г. дар курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои педагогии донишгоҳ машғулият мегузаронданд.

Кафедраи геология ва палеонтология аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои дастовардҳои илмӣ, таъминот бо кадрҳои баландихтисос ва саҳми назарраси илмию педагогӣ на танҳо дар факултети геология ва донишгоҳ, балки берун аз он ҳамчун кафедраи пештоз маъмул шуд.

Соли 1984 бо назардошти тамоюли муосири рушди геология, ки он бо истифодаи васеи усулҳои кайҳонӣ хос буд, кафедра ба кафедраи геология ва табиатшиносии кайҳонӣ табдили ном кард. Ба мудирии кафедра (дар асоси ҷамъиятӣ) н.и.г.м. Эшонов М.Х. – директори филиали тоҷикистонии Маркази давлатии «Природа» даъват шуд. Дар Марказ филиали кафедра ташкил карда шуд. Устодони кафедра барои донишҷуёни ихтисоси «Геология, ҷустуҷӯй ва иктишофи ККФ», ки ба кафедраи минералогия ва петрография вобаста карда шуда буданд, фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла «Усулҳои тадқиқоти кайҳонӣ», «Усулҳои фосилавӣ дар геология»-ро таълим медоданд. Дар заминаи Филиал омӯзгорони кафедра аз руйи самти «Усулҳои кайҳонии таҳқиқи Замин» такмили ихтисос карданд (Парфенова Т.Г. с.1985, Ниёзов А.С. с.1985 ва с.1987).

Соли 1989 баъди интихоби н.и.г.м., дотсент Бузуруков Ҷ.Ҷ. ба мудирӣ ба кафедра номи пештарааш ­­­- геология ва палеонтология баргардонида шуд.

Охири солҳои 80-ум чи барои кафедра ва чи факултет давраи сукут (таваққуфи рушд гуем ҳам, рост меояд): нақшаи қабули донишҷӯён кам карда шуда (қабул ба гурӯҳи «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ» қатъ шуд), шуъбаи ғоибона баста шуд. Дар натиҷа контингенти умумии донишҷуёни факултет ба 102 нафар поён шуд. Соли 1990, донишҷуёни гурӯҳи «Корҳои руйизаминии кӯҳӣ», ки бо талаби коргарони корпартоикардаи артели «Тоҷикзолото» оид ба тайёр кардани кадрҳои миллӣ – муҳандисони кӯҳӣ кушода шуда буд, соли 1992 бинобар бад шудани вазъ дар пойтахт ва бо мақсади таъмини амнияти онҳо ба техникуми политехникии Осиёи Миёна (воқеъ дар шаҳри Чкаловск – ҳоло Гулистон) интиқол карда шуда, таҳсилро дар онҷо аз рӯйи барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. Ленин идома доданд. Ба факултет хатари бастан, муттаҳид кардан ё ба донишгоҳҳои дигар (Институти политехникии Тоҷикистон ё Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) интиқол додани он таҳдид мекард.

Соли 1994 лоиҳаи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Донишкадаи кӯҳии Тоҷикистон дар заминаи Коллеҷи кӯҳӣ-геологии ба номи С.М.Юсуповаи шаҳри Душанбе (бо бастани факултети геология ва ҳамзамон интиқоли заминаи он ба донишгоҳи навтаъсис) омода карда шуд. Кори омодагӣ-ташкилӣ оғоз шуданд.

Ҳамзамон, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хориҷи кишвар рафтани мутахассисон (асосан русзабонон) норасоии шадиди мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва геологӣ мушоҳида шуда, эҳтиёҷ ба мутахассисони соҳаи саноати кӯҳӣ якбора афзуд. Ин вазъият кафедраро муваззаф кард, ки дар самтҳои муҳими стратегии геология, истихроҷ ва иқтисодиёти конҳои канданиҳои фоиданок, маркшейдерия ва саноати кӯҳӣ кадрҳо тайёр кунад.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ­ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии қатъи фаъолият ва таъмини рушди кафедра (ва факултет) дар кафедра қабули довталабон ба шуъбаи рӯзонаи гурӯҳи «Коркарди зеризаминии конҳои канданиҳои фоиданок» (с.1994), баъдтар ба се гурӯҳи дигар – «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар саноати кӯҳӣ ва иктишофи геологӣ», «Амалиёти маркшейдерӣ» (с.1995), «Корҳои руйизаминии кӯҳӣ» (с.1995, гурӯҳи ғоибона) оғоз шуд. Дар факултет бори нахуст гурӯҳҳои шартномавӣ таъсис шуданд, ки аз рӯи нишондодҳои онҳо факултети геология на танҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, балки дар байни дигар донишгоҳҳои мамлакат яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

Кафедра дар баробари донишгоҳҳои кишвар дар миёнаҳои солҳои 90-ум ба низоми сезинагии таълим гузашт.

Кафедра ҳамеша дар сафи пеши илму таълим ва тарбияи кадрҳои соҳибихтисос қарор дошт. Дар кафедра соли 1987 бори нахуст дар ҷумҳурӣ Маҷмааи автоматикунонидашудаи таълимӣ-омӯзишии (МАТО) (барномаи) «Геолог», ки дар заминаи компютери руйимизии шуравии «Искра 1256», ки ба забони мошинӣ таҳия шуда буд, ба кор даромад. Дар МАТО то соли 1989, то дар кафедра пайдо шудани компютери руйимизии IBM 286 (аввалин дар донишгоҳ), тесту санҷишҳо ва имтиҳонҳо қабул карда шуда, дар он омузиши донишҷуён гузаронида мешуд.

Соли 1995 бо ташаббуси кафедра бори нахуст дар қумҳурӣ ду фанни нав – «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» (КТМ) (барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳои олӣ) ва «Захираҳои табиии Тоҷикистон» (барои ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истихрочи маъдан ва иктишоф») ҷорӣ карда шуд. Устодони кафедра дар факултетҳои Донишгоҳ, инчунин дар Донишкадаи навтаъсиси андоз ва гумруки Тоҷикистон фанни «КТМ»-ро таълим медоданд. Соли 2000 бо сабаби ифтитоҳи ихтисосҳои нав дар кафедра ва вобаста ба ин афзудани сарбориҳои таълимӣ, фанни «КТМ» ба кафедраи физикаи умумии донишгоҳ интиқол шуд (мудири кафедра проф. Ҳакимов Фт.Х.). Аз соли 2005 ба нақшаҳои таълимии ихтисосҳои самти табиатшиносии дигар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ низ фанни «Захираҳои табиии Тоҷикистон» ворид карда шуд.

Аз соли 1991 дар назди кафедра семинари назариявии «Масъалаҳои мубрами геология ва геодинамика» ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он дотсент Тоҷибеков М., дотсент Эшонов М.Х., дотсент Ниёзов А.С., муаллимони калон Парфенова Т.Г., Шеянов А.Г., Зарипов Т.М. ва дигар устодони кафедра ва олимони даъватшуда баромад менамуданд. Кафедра аввалин таҳқиқоти густурдаи геоэкологияи минтақаҳои ҷумҳуриро гузаронид. Кафедра маҷмуйи даврии «Проблемаҳои геологияи динамикии Тоҷикистон»-ро ташкил ва чопи онро ба роҳ монд. Дар маҷмӯъ маводи мубрам ва муосир оид ба геодинамика, магматизм, махсусан геоэкология чоп шуда, бори нахуст проблемаҳои азхудкунии оқилона ва бехатарии истихроҷи конҳои ангишт ба миён гузошта шуданд (Муҳамедиев П.А., Зиёев А.М.).

Солҳои 1995-1997 дар пойгоҳи таълимии геологии факултет (болои дарёи Варзоб) барои донишҷӯёни ихтисоси «Амалиёти маркшейдёрӣ» нахустин шабакаи махсуси маркшейдерӣ-геодезӣ ташкил карда шуда, объектҳои намунавӣ (моделҳо) барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои маркшейдерӣ ва геодезӣ сохта шуданд.

Кафедра аз соли 1995 мақоми кафедраи тахассусиро касб намуда, ба тайёркунии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои «Коркарди зеризаминии конҳои канданиҳои фоиданок» (аз с.1994), «Иқтисодиёт ва идора дар саноати кӯҳӣ ва иктишофи геологӣ» (с.1995), «Амалиёти маркшейдерӣ» (с.1995) «Корҳои руйизаминии кӯҳӣ» (с.1996) оғоз намуд.

Баъди ба эътидол омадани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар мамлакат ва бо назардошти зарурат ба ихтисосҳои кӯҳӣ-геологӣ донишкадаҳои нави тахассусӣ, дар баъзе макотиби олӣ факултетҳои нав бо ихтисосҳои самти кӯҳию геологӣ ташкил карда шуданд. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъсис ёфт, ки дар он факултети табиатшиносӣ ба тайёр кардани муҳандис-геологҳо шуруъ кард, соли 2009 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносови Федератсияи Русия (бо гурӯҳи ихтисоси «Геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология»), соли 2006 – Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо як қатор ихтисосҳои самти кӯҳӣ-геологӣ таъсис ёфтанд. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ихтисоси кӯҳӣ («Сохтмони нақбҳо ва иншооти зеризаминӣ») ифтитоҳ шуд.

15 феврали соли 1997 бо Фармони Президенти Чумхурии Тоҷикистон № 669 бо максади баланд бардоштани самаранокии таҳсилоти олӣ ва ба низом даровардани сохтори таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Донишгохи давлатии Тоҷикистон мақоми худмухтор дода шуда, он номи Донишгохи давлатии миллии Тоҷикистонро гирифт. Дар робита ба ин дар кафедра як қатор дигаргуниҳо ба амал омаданд. Кафедраи геология ва палеонотология ба номи кафедраи геология ва идоракунии маъданӣ ва техникӣ дода шуд. Дар заминаи ҶСК «Востокбурвод» филиали кафедра кушода шуд, ки дар он донишҷӯён бо дарсҳои амалӣ машғул шуда, асосҳои пармакунӣ, хидматрасонии чоҳҳо барои иктишофи геологӣ ва гидрогеологӣ, малакаҳои ташкили ҳавотозакунӣ ва мустаҳкамкунии ҳафриётҳои кӯҳӣ, техникаи бехатарӣ дар корҳои истихроҷӣ ва маркшейдериро аз худ менамуданд.

Соли 1997 дар кафедра дар ҷумҳурӣ аввалин маркази илмии таҳқиқи сангҳои қиматбаҳо – Озмоишгоҳи таълимӣ-ташхисии геммологӣ таъсис дода шуд. Онро Зарипов Т.М. – хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, ҳамзамон аввалин хатмкунандаи Маркази гемологӣ, ки бори аввал дар Донишгоҳи давлатии Маскав таъсис ёфтааст (баъдтар – Ташкилоти таҳсилоти иловагии касбии «Институти гемологӣ») (Солодова Ю. П.) роҳбарӣ мекард.

Соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) табдил дода шуд (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2008, № 556), ки ба он мақоми муассисаи таҳсилоти олии худмухтор дода шуд. Ин ба зиммаи донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо масъулияти махсус гузошт. Вобаста ба ин дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника нақшаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатии таълим аз рӯи ихтисосҳои 51020102 – «Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (Амалиёти маркшейдерӣ)» ва 25010706 – «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ)» таҷдид шуда, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва маводҳои таълимӣ ба талаботҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шуданд.

9 декабри соли 2009 дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи геологии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро иди касбӣ – Рӯзи геологҳо эълон намуданд. Дар ин ҷаласа Пешвои миллат ба омода намудани кадрҳои миллӣ аз рӯи ихтисоси «Амалиёти маркшейдерӣ» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таҳкими заминаи моддию техникии омодасозии кадрҳои баландихтисос – маркшейдерҳо аз Фонди президентӣ як миллион сомонӣ ҷудо намуданд. Бо ин маблағ аз ҷониби факултет асбобҳои муосири маркшейдерӣ ва геодезӣ, таҷҳизоти гуногун харидорӣ карда шуда, дар назди кафедра озмоишгоҳи таълимии геоматика ташкил карда шуд.

Кафедра айни замон бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин бо факултети геологияи Донишгоҳи Санкт-Петербург, Институти илмҳои геологии ба номи К.Сатпаеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии геодезия ва картографияи Москва (МИИГАиК) ва дигар донишкадаҳои олӣ ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ робитаи зичи таълимию истеҳсолӣ ва илмӣ дорад.

Дар солҳои гуногун кафедраро д.и.г.м., профессор Юсупова С.М. (1948-1954), н. и.г.м., дотсент Шестаков В.А. (1954-1966), д.и.г.м., профессор Чедия Д.М. (1966-1984), н.и.г.м. Эшонов М.Ҳ. (1984-1989), н.и.г.м., дотсент Бузуруков Ҷ.Ҷ. (1989-1993), н.и.г.м., дотсент Ниёзов А.С. (1993-2003), д.и.г.м. , профессор Ҳакимов Ф.Х. (2003-2009), н.и.г.м., дотсент Фозилов М.М. (2009-2012), н.и.г.м. Гадоев М.Л. (2013), н.и.г.м., дотсент Файзиев Ф.А. (2013-2017), н.и.г.м., дотсент Андамов Р.Ш. (2019-2020), н.и.г.м. Назирова Д.Н. (2017-2019, 2020-2021), н.и.г.м. Қодиров А.А. (аз соли 2021) роҳбарӣ карда, ҳар яке дар ташаккул ва рушди кафедра саҳми худро гузоштаанд.

Дар умум, дар кафедра тайи солҳои тулонӣ Юсупова С.М., Шатская А.П., Шестаков В.А., Чедия Д.М., Чедия О.К., Кухтиков М.М., Лисков Л.М., Косенкова А.Г., Лоскутов В.В., Раҳимов М.Х., Парфёнова Т.Г., Зайнутдинов А.А., Бузуруков Ҷ.Ҷ., Эшонов М.Ҳ., Алиев С.Н., Алиев А.А., Тоҷибеков М., Маҳкамов Р.М., Муҳаббатов М.М., Шеянов А.Г., Зарипов Т.М., Долгова З.В., Ҷуракулова М., Валиев Ш.Ф., Одинаев Ш.Т., Ҳакимов Н.К., Раҳимов Ф., Олуфтаев Г., Зиёев А.М., Талбонов Р.М., Ятимов Ҷ.С., Раҳмонов О.А., Давлатова Л., Ҳакимов Ф.Х., Ҳакимов М.Н., Махфиев Ш., Ғафурова З., Орзуева Г., Раҳматшоев М., Ҷобиров Ш., Фозилов М.М., Гадоев М.Л., Андамов Р.Ш., Назирова Д.Н., Исрофилова Х.Б. ва дигарон фаъолият доштанд.

Айни замон дар кафедра номзадони илм, дотсентон Ниёзов А.С.,Файзиев Ф.А., Набиев Н.Ф., Қодиров А.А., Холзода Б.Қ., муаллимони калон Асадуллоев Х.Р., Баҳриева Ш.А., Муродзода А.А., Ниёзшоев М.Ю., Ташрифов Қ.Қ., Шомаматов Х.А., ассистентҳо Асламов Б.Р., Кароматуллои Юсуф, Холмирзоев М. фаъолият доранд. Мудири озмоишгоҳ Махсудинов А., лаборантҳо Бобозода П., Танибекова З. низоми ташкилии таълимро таъмин менамоянд.

Кафедра дар баробари корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ доир ба масъалаҳои мубрами геология, истихроҷи маъдан ва геоэкологияи Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Аз соли 1950 инҷониб кафедра корҳои илмиро аз рӯйи нақшаҳои донишгоҳ дар мавзуъҳои панҷсолаи буҷетии давлатӣ, инчунин шартномаҳои хоҷагӣ бо экспедитсияҳои геологии ҷумҳуриро ба ҷо меовард. Дар давраи Истиқлолият кафедра дар мавзӯъҳои буҷети давлатии Донишгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додааст:

1991-1995 дар мавзӯи «Стратиграфияи таҳшинҳои палеогени Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ» (роҳбари илмӣ Бузуруков Ҷ.Ҷ.),

1996-2000 дар мавзуи «Сохтори геологӣ ва проблемаҳои истихроҷи конҳои Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ Ниёзов А. С.),

2001-2005 дар мавзӯи «Ҷойгиршавӣ, иқтисодиёт ва геоэкологияи ашёи хоми маъдании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ Ниёзов А.С.),

2006-2010 дар мавзӯи «Геология, зарфият ва арзёбии геологӣ-иқтисодии конҳои тилло ва масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ Ниёзов А.С.),

2011-2015 дар мавзӯи «Геология, иқтисодиёт ва геоэкологияи конҳои саноатии тилло ва ашёи сементи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ Валиев Ш.Ф.),

2016-2020 дар мавзӯи «Геология, стратиграфия, арзёбии геологӣ-иқтисодии минтақаҳо ва хусусиятҳои табадуллоти муҳандисию хоҷагии муҳити геологии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ Ҳакимов Ф.Х.).

Кафедра аз соли 2021 инҷониб иҷрои мавзӯи буҷети давлатии «Мушкилоти геология, иқтисод ва азхудкунии конҳои тилло, нуқра, ангишт, нафт, газ ва масолеҳи бинокории Тоҷикистон» (2021-2025) (роҳбари илмӣ Ниёзов А.С.)

Устодони кафедра оид ба проблемаҳои геология, стратиграфия, геоэкология монографияҳои зиёде чоп кардаанд: «Чедия Д.М. Радиолярияи қадими Осиёи Миёна», Душанбе: Дониш, 1975», «Ниёзов А.С. Геохимия золота и редких элементов в гранитоидах западной части Зеравшано-Гиссарской зоны. Душанбе, 2001», «Валиев Ш.Ф., Ниёзов А.С. Горнопромышленнонарушенные почвы Таджикистана и некоторые пути их рекультивации. Душанбе: ТГНУ, 2004», «Валиев Ш.Ф. Инженерно-хозяйственная трансформация кровли литосферы Таджикистана. Душанбе, 2014», «Ниёзов А.С. Геодинамика 2019», «Ниёзов А.С. Ҳисор-Олай 2022», «Валиев Ш.Ф., Муродов А.А., Ниезов А.С., Ниёзшоев М.Ю., Таджибеков М., Талбонов Р.М., Ташрифов К.К., Ятимов Ч.С. «Геодинамика, геолого-экономическая оценка и геоэкология регионов Таджикистана», Душанбе, 2005», «Кривощекова Н.И., Мамадвафоев М.М., Ниезов А.С., Хасанов А.Х. Геолого-геохимические особенности формирования даек и локализации золоторудного месторождения Пакрут (Центральный Таджикистан). Душанбе: Недра, 2008», «Кривощекова Н.И., Мамадвафоев М.М., Ниезов А.С., Хасанов А.Х. Раннепермский магматизм и ртутно-сурьмяное оруденение Зеравшано-Гиссарского рудного пояса (Центральный Таджикистан). Душанбе: Недра, 2010» ва диг.

Кафедра як қатор китобҳо ва воситаҳои таълимӣ, аз он ҷумла ба забони давлатӣ нашр кардааст: «Вазиров К.В., Мухаббатов М.М. Геология бо асосҳои палеонтология ва геологияи таърихӣ. Душанбе: Нодир, 2003», Ҳакимов Ф.Х., Набиев Н.Ф. Палеонтология. Китоби дарсӣ. Душанбе: ДМТ, 2008», «Валиев Ш.Ф. Инженерно-хозяйственная трансформация кровли литосферы Таджикистана. Душанбе: Сино, 2014», «Валиев Ш.Ф. Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: Сино, 2020» , «Валиев Ш.Ф. Тахриби ҷинсҳои кӯҳӣ бо таркиш. Китоби дарсӣ.Душанбе: Сино, 2020», «Валиев Ш.Ф., Ташрифов Қ.Қ., Асламов Б.Р. Асосҳои кӯҳкорӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: Сино, 2021» ва ғайра.

Ба қалами академик Юсупова С.М. нахустин китоби дарсии геология ба забони тоҷикӣ «Геология бо элементҳои минералогия ва петрография» (1963), ки имрӯз асари нодир маҳсуб меёбад, тааллуқ дорад.

Дар кафедра маҷмӯаҳои асарҳои илмии кормандон: «Радиолярияи қадими Осиёи Миёна» (аз с.1957 то с.1978), «Маълумоти нав оид ба геологияи Тоҷикистон» (аз с.1968 то с.1978), «Проблемаҳои геологияи минтақавии Тоҷикистон» (аз с.1968 то с.1978) нашр шуданд.

Айни замон ташкил ва нашри нашрияи даврии кафедра (дар шакли электронӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Кафедра дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи https://geological.tnu.tj/ru/kafedra-geologii-i-gorno-tehnicheskogo-menedzhmenta/ муаррифӣ шудааст. Кафедра сомонаи алоҳидаи худро дорад: www.kafgmmtdmt.ucoz.org, ки дар он иттилооти пурра дар бораи кафедра, ҳайат, маводҳои таълимӣ, инчунин доири ҳаёти ҳаррӯзаи кафедра маълумот дода мешавад.

Кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника дар марҳилаи кунунӣ бо тайёр кардани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ду ихтисос: 51020102 – «Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ)» ва 25010706 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ)» машғул буда, оид ба проблемаҳои геология, иқтисодиёт ва истихроҷи конҳои тилло, нуқра, ангишт, нафту газ ва масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон таҳқиқот мебарад.

Устодони кафедра (дотсент Ниёзов А.С. ва дотсент Файзиев Ф.А.) аъзои Шӯрои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Кафедра тавассути аспирантура, PhD-докторантура ва тариқи унвонҷӯйӣ аз рӯи ихтисосҳои 25.00.11. Геология, ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳи канданиҳои фоиданок, минерагения ва 25.00.36. Геоэкология номзадҳои илм тайёр мекунад.

Соли 2023 кафедра 75-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ҳайати кафедра азм дорад, ки ин ҷашни фирӯзро бо дастовардҳои нав дар соҳаи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва натиҷаҳои назарраси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баҳри саодатмандӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол истиқбол гиранд.

УСТОДОНИ КАФЕДРА

Аз 01.10.2024 мудири кафедра дотсент., номзади илмхои иқтисодӣ Холзода Бахтиёр Кишвар мебошад.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - holzoda-b.-1.jpg

ХОЛЗОДА БАХТИЁР КИШВАР 9 – уми августи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2008 ба шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 06080100 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноатӣ (кӯҳӣ) дохил шуд ва соли 2013 донишгоҳро бомувафақият хатм намудааст. Пас хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистент дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника фаъолияти кориашро оғоз намуд. Солҳои 2013-2020 унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд. Соли 2022 бо тариқи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника гузашт. Солҳои 2015 – 2022 Раиси ҶИД-и «Иқтисодчӣ»-и кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияро ба уҳда дошт. Аз соли 2020 то ба имрӯз Раиси Шӯрои олимон ва ҷавонони факултетро рохбари менамояд.   Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КOA-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи: «Такмили механизмҳои ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ» (дар мисоли корхонаҳои масолеҳи сохтмонии вилояти Хатлон) бо муваффақият дифоъ намуд. Аз 13.10. 2022 сол, №502-6 вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети геологияи кор карда истодаааст. Муаллифи зиёда аз 32 фишурда ва мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ ва 1 монографияи илмӣ мебошад.

Телефон: 985-45-00-77    938-45-00-77  

E-mail:  x-baxtier-1990@mail.ru

Қодиров Акмалҷон Аҳмадуллоевич   дотсенти кафедра, номзади илмхои геология ва минералогия

10 декабри соли1988 дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд шудааст.  Соли 2006 ба Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон  дохил шуда соли 2011 донишгоҳи номбурдаро  бо ихтисоси   “Амалиёти маркшейдерӣ” хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ   фаъолияти мехнатиашро аз ассистенти  кафераи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон оғоз намуда солҳои 2014-2017 аспирантураи донишгоҳи Давлатии заминсозии шаҳри Москваро хондааст. Аз  соли 2017 – 2021 муаллими калони  кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   фаъолият намуда аз соли 2021 то 01.09.2023 дар вазифаи иҷрокунандаи  мудири  кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети гелогияи ДМТ  кор кардааст.

Email: akmal_geolog@mail.ru

            Тел: +992 900 12 73 83

Ниёзов Ансор Соҳибович

дотсенти кафедра, номзади илмхои геология ва минералогия

20 апрели соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар солҳои 1975-1980 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳ (бо дипломи аъло) фаъолияти мехнатиашро аз геологи экспедицитсияи ҷустуҷӯи геологии Моғиён огоз намуда аст. Соли 1981 ӯ ба вазифаи ходими калони илмии гурӯҳи илмии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват шуда аст. Соли 1985 ба вазифаи ассистенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология гузашта аст. Соли 1990 дар Институти геохимияи ШС АИ Русия дар мавзуйи “Геохимияи тилло дар гранитоидҳои қисмати ғарбии минтақаи Зарафшону Ҳисор (Тиён-Шони Ҷанубӣ)” рисолаи номзадӣ ҳимоя карда аст.

Солҳои 1993-2003 мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи, солҳои 2003-2010 дар вазифаи дотсенти кафедра кор кардааст. Солҳои 1989-1994 дар шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи муҳандисони геодезия, аккосии ҳавоӣ ва картография (ш.Новосибирск) таҳсил кардааст. Солҳои 1989-1990 курсҳои устоҳои таъмири таҷҳизоти электронӣ гузашта, солҳои 1988-1989 курсҳои журналистикаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро хатм кардааст (солҳои 1989-1991 дар рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Вечерний Душанбе» ба ҳайси мухбири гайриштатӣ кор кардааст). Солҳои 1990—1991 дар Донишкадаи марксизм-ленинизми назди КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (сохтмони давлатӣ) таҳсил кардааст. Соли 1993 курсҳои нимсолаи сармуҳосибони Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2005-2007 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ) таҳсил кардааст.

Солҳои 2004-2014 Ниёзов А.С. мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2011 то 2016 мудири лабораторияи геодинамика ва геологияи минтақавии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2016-2019 мудири шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Солҳои 2018-2021 ӯ мудирии кафедраи геодезияи муҳандисӣ ва харитасозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро ба ӯҳда дошт.

Аз сентябри соли 2021 дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология мебошад. Ҳамзамон, роҳбари бахши зондкунонии фосилавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.

Ӯ 15 монография, зиёда аз 210 мақола оид ба масоили мухталифи геология, металлогения, геоэкология, геодезия, идоракунии давлатӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нашр кардааст.

«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»

e-mail: aniyozov@bk.ru

тел.:+992 934707748

Файзиев Фотеҳ Абдувакилович

дотсенти кафедра, номзади илмхои геология ва минералогия

22 апрели соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Факултети геологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро соли 2003 аъло, бо ихтисоси геолог-муҳандис хатм намудааст. Пас аз курси сеюм, солҳои 2001-2003 лаборанти лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2004-2006 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2008 корманди хурди илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти мазкур. Соли 2008 дар Шурои диссертатсионии факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мавзӯи «Минералогия и условия формирования олово-серебро-полиметаллического месторождения Мирхант (Центральный Таджикистан)» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Солҳои 2009-2010 корманди калони илмии Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бояд қайд намоем, ки баъди хатми Донишгоҳ дар як вақт ба ҳайси ҳамкор дар факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ фаъолият намуда, сипас аз соли 2010 пурра ба кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, сараввал то соли 2013 муаллими калон, сипас дотсент фаъолият намудааст. Соли 2013 мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 2017 инвазифаро иҷро кардааст. Аз сентябри соли 2017 то ҳол дотсенти кафедраи мазкур мебошад. Имрӯзҳо корҳои илмиашро давом дода, дар мавзӯи «Навъҳои форматсияи маъданӣ, минералогия, қонуниятҳои паҳншавӣ ва пайдоиши конҳои нуқра ва нуқрадори Тоҷикистони Шимолӣ ва Марказӣ» тадқиқот мебарад. Дар зери роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намуда, ду нафари дигар пайи таҳқиқу пажӯҳиш машғуланд. Ӯ муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 10 воситаву барномаҳои таълимӣ ва қариб 100 корҳои илмӣ, мақолаву фишурда ва корҳои методӣ мебошад.

Телефон: 93-400-04-23

E-mail:  foteh81@mail.ru

Набиев Нематулло Фатхуллоевич и.в дотсенти кафедра, номзади илмхои

геология ва минералогия 25 августи соли 1979, дар деҳаи Ҷетиқир (ҳозира Ҳафттеппа), ҷамоати деҳоти Ҳисор (Ориён), ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1986 ба мактаби миёнаи №65 (ҳозира №27)-и ноҳияи Ҳисор дохил шуда онро 1997 бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Солҳои 1997-1999 дар назди мактаби мазкур ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб шудааст.

Набиев Н.Ф. соли 1999 ба шӯъба рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) дохил шуда онро соли 2004 бо дипломи аъло бо ихтисоси «Муҳандис-геолог» хатм намуд.

Дар давраи донишҷӯи солҳои 2002-2004 дар Партияи тиллоҷуёни Экспедитсияи аксбардирии ҷустуҷуйии геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси техник-геолог кор кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси геологи дараҷаи 1 ба шакли интиқол ба экспедитсияи ҷанубии Тоҷикистони Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб карда шудааст.

Аз соли 2006 ба кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент даъват карда шуд. Аз сабаи фаъолити хуби илмӣ-педагогӣ доштан бо фармони №150 аз 08.05. 2009 сол ба вазифаи муаллими калон гузаронида шуд, ки то ин ҷониб дар ин вазифа фаъолият менамояд.

Соли 2005 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантура, дар назди Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд ва 9- апрели соли 2016 муҳокимаи рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мавқеи геологӣ-сохторӣ, минералогия ва пайдоиши кони тиллои Покрӯд (Тоҷикистони Марказӣ)» аз рӯи ихтисоси 25. 00. 11 – Геология, ҷустуҷӯй ва кашфи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения дар ҷаласаи кушоди кафедраи мазкур, гузаронид. 

Ҳимояи диссертатсия соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–047 барои ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология-минералогия, аз рӯйи ихтисос, ки дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ, баргузор гардид ва соҳиби дипломи номзади илмҳои геология-минералогия гардид.

Набиев Н.Ф. барои фаъолияти хуби илмӣ, омӯзгорӣ доштанаш дар байни омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети геология зери эҳтиром қарор дорад. Дар факултет аз фанҳои «Геологияи сохторӣ ва харитасозӣ геологӣ» ва «Геологияи таърихӣ бо асосҳои палеонтология» дарс меомӯзад. Инчунин ба корҳои тарбиявӣ, роҳбари корҳои дипломӣ, курсӣ ва таҷрибаомӯзи ҷалб карда шудааст.

Аз солҳои 2008 то 2015 Раиси олимони ҷавони факултети геология, солҳои 2015-2017 Раиси бюрои иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети геология ва аз солҳои 2017 то 2020 Раиси ҷамъияти донишҷӯён, устодон ва олимпиадаи факултети геологияро ба уҳда дошт. Айни замон аъзои экспертизаи корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети геология мебошад.

Дар самти корҳои илмӣ зиёда аз 50 корҳои чопшуда дорад, ки дар конференсия ва журналҳои дар сатҳи байналмилали қарор дошта нашр шудаанд. Дар тули фаъолият таълимӣ як китоби дарсӣ аз фанни «Палеонтология» дар ҳаҷми 180 саҳифа ва як монография бо номи «Мавқеи геологӣ-сохторӣ, минералогия ва пайдоиши кони тиллои Покрӯд (Тоҷикистони Марказӣ)» дар ҳаҷми 131 саҳифа аз чоп баромадааст.

 Дар тули солҳои кори Набиев Н.Ф. пайваста ба корҳои истеҳсоли машғул мебошад. Дар ин самт зиёда аз 20 ҳисоботҳои истеҳсоли дорад, ки онҳо дар шӯрои техникии Саридораи геология назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссия давлати оиди захираи канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуда ба тавозуни давлат гузошта шудааст, ки айни замон ҳамаи конҳои аз тарафи муаллиф иктишофшуда мавриди истихроҷ қарор доранд.

Тел.: 918 58 89 43; 919 19 50 10

Почта: Nabiev.Nematullo@mail.ru

Баҳриева Шарафбону Айдибековна,муаллимаи калони кафедра

14 апрели  соли 1957 дар деҳаи Роштқалъаи  ноҳияи  Шуғнон   Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд шудааст.

Дар солҳои 1964-1974  таҳсил дар мактаби миёнаи  № 69   деҳаи Роштқалъа  тахсил намудам. Соли 1974 ба Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И.Ленин   дохил шуда   соли 1981 донишгоҳи номбурдаро хатм намудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ   фаъолияти мехнатиашро  аз  мактаби миёна оғоз намудааст. Аз соли 1999  кору фаъолияташро дар  кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети гелогияи ДМТдавом дод.

Аз соли 2007 то инҷониб дар вазифаи муаллимаи калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети гелогияи ДМТ  кор мекунад.

E mail :Sharafbonu@bk.ru

Тел :+992 934295793

Ниёзшоев  Мурсал  Юсуфшоевич  муаллими калони кафедра 

20 июли  соли 1967  дар деҳаи Андарви  ноҳияи Шуғнон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Дар солҳои 1975-1984 таҳсил дар мактаби миёнаи  № 56 деҳаи  Шикуш.Соли 1984 ба Донишгоҳи политехникии Тошканд дохил шуда соли 1991 донишгоҳи номбурдаро  бо ихтисоси Геодезия ва Амалиёти маркшейдерӣ хатм намудааст.Солҳои1986 -1988 хизмати дар сафи қувваҳои мусаллаҳи  ИҶШС. Пас аз хатми Донишгоҳ   фаъолияти мехнатиашро аз сохтмони НОБ-и Роғун  оғоз намуда аст.  Аз соли 2002 то инҷониб дар вазифаи муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети гелогияи ДМТ  кор мекунад.

E mail : niyzshoev@mail.ru

Тел+992 931465267

   Муродзода  Аброр Аҳрор муаллими калони кафедра

1 апрели соли 1968 дар деҳаи Куми ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1985 ӯ мактаби миёнаи №25-и ба номи М.Лермонтови деҳаро хатм намуда, соли 1985 ба коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова (ш.Душанбе) дохил шуда аст.

Солҳои 1986-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон хизмат кардааст.

Муродзода А.А. фаъолияти меҳнатии худро соли 1988 аз коргари дараҷаи IV комбинати хизматрасонии маишии ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз намудааст.

Ӯ солҳои 1989-1993 дар заводи хишти шаҳри Душанбе ҳамчун коргар фаъолият намудааст.

Соли 1990 ба факултети геология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1995 хатм кардааст.

Муродзода А.А. соли 1995 фаъолияти илмӣ-педагогии худро дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз вазифаи ассистент оғоз кардааст. Ӯ солҳои 1995-1999 дар аспирантураи ғоибонаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, аз руйи ихтисоси 25.00.02 “Геохимия, методҳои ҷустуҷӯи геохимиявии канданиҳои фоиданок” таҳсил намудааст.

Муродзода А.А. 26 июни соли 2000 ба вазифаи муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон интихоб шуда, то ҳол дар ин вазифа фаъолият дорад.

E mail:  kumgold99@inbox.ru

Тел +992935190968

Асадуллоев Камол Рахматуллоевич муаллими калони кафедра

14 июли соли 1988 дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Соли 2006 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда соли 2011 донишгоҳи номбурдаро  бо ихтисоси Корҳои маркшейдерии дар соҳаи кӯҳӣ хатм намудааст. Аз соли 2011 то инҷониб дар вазифаи муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети гелогияи ДМТ  кор мекунад.

Email: asadulloev.kamol@bk.ru

 Тел: +992 935255987

Шомаматов Хуршед Абдирашитович муаллими калони кафедра

 29 июли соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2003 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда соли 2008 донишгоҳи номбурдаро  бо ихтисоси Муҳандис иқтисодчӣ хатм намудааст. Аз соли 2012 то инҷониб ба вазифаи муаллими калони кафедраи Геология ва менеджменти маъдану техникаи факултаи геологияи  ДМТ кор мекунад.

E mail: Hurik131@mail.ru

Тел: +992 988309929

Асламов Бахтовар Раҷабалиевич муаллими калони кафедра

9 майи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 2012 ба факултети геология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2017 аз рӯи касби муҳандис-иқтисодчӣ хатм кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2017 то ҳол дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника факултети геология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи ассистент кору фаъолият карда истодааст.

Email: aslamov_bakhtovar@mail.ru

Тел: +992 903001408

Холмирзоев Мехроб Абдулмаджидович ассистенти кафедра

02-юми ноябри соли 1997 дар Ҷамоати  Себистон ноҳияи Данғара вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2004 ба мактаби таҳсилотии умуми №12 ба синфи якум рафта соли 2016 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Баъди хатми мактаби миёнаии   умумии соли 2015 ҳуҷҷатҳои худро ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро соли 2019 бо касби муҳандиси маркшейдер, аз рӯи ихтисоси  коркарди канданиҳои фоиданок  амалиёти маркшейдерӣ зинаи бакалавриятро хатм кардааст. Баъди хатми зинаи бакалаврият соли 2019 дар шуъбаи магистратура дохил шуда, соли 2021 онро хатм кардааст.

Баъди хатми магистратура соли 2021 ассистенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника ба кор қабул шуд.

 Emal: mehrob- geolog @mail.ru

Тел:+992 988 400222