ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ БАРОИ РУШДИ САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

412

Тоҷикистони мо кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рӯйи замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризминии он метавонад чун омили мустаҳакам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намояд. Эмомалӣ Раҳмон Шароити табиию-геологӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити имрӯза ва имкониятҳои истиқлолияти давлатиро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат эълон намуданд. Дар ин замина талаботи тараққиёти афзалиятноки иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи геология асос ёфта, саҳми он дар тараққиёти имрӯзаи кишвар хеле назаррас эҳсос карда мешавад.Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони маҳаллӣ ва муҳандис-геологҳои ватанӣ равона гардидааст.Дар зарфи 32 соли истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос дар самтҳои гуногуни геология, аз ҷумла: саноати кӯҳкорӣ, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, гидрология ва пиряхшиносӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, усулҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ), иқтисод ва идоракунии саноати кӯҳӣ ва геологӣ-иктишофӣ, иқтисод ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) фаъолияти пурсамар доранд.Маврид ба зикри хос аст, ки дар тайёр кардани мутахассисони самтҳои болозикр саҳми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ карда мешавад.Барои тайёр кардани кадрҳои миллӣ дар факултети геологияи ДМТ докторони илм, профессорон, номзадони илм, муаллимони калон ва ассистентон бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз аз компютерҳои замонавӣ ва доскаҳои электронию видеопроекторҳо дарс мегуянд, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ба донишҷӯён, магистрон ва докторони фалсафа (PhD) ёрии калони амалӣ мерасонад. Айни ҳол дар факултет 4 кафедра ба омода намудани кадрҳои соҳавӣ машғул мебошанд. Ҷараёни омодасозии мутахассисон дар кафедраҳои амалкунандаи факултет дар солҳои истиқлолият равона карда шудааст. Омода намудани мутахассисон аз рӯйи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейрӣ) аз соли 1994 инҷониб дар назди кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника ба роҳ монда шудааст, ки хатмкардаҳои факултет имрӯз фаъолона барои амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар кӯшиш намуда, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ–Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.Чун ҳамасола, ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияту дастовардҳои солонаи соҳаи геология натиҷагирӣ карда мешавад. Дар ироаи Паёми хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда чунин таъкид намуданд: «….Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест». Аз таъкидҳои Пешвои миллат бармеояд, ки дар шароити имрӯза коркарди конҳо ва ашёҳои хоми ватанӣ имкон медиҳад дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва аз ин ҳисоб сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад. Мо кормандони соҳаи геологияро зарур аст, ки корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин фаъолияти геологии обҳои сатҳӣ, рӯйизаминӣ, дарёҳо, эрозияи дарёӣ ва нишебиҳо, фаъолияти сохтмонӣ ва хоҷагидорӣ, баҳодиҳии равандҳои эрозионии муҳандисӣ-геологӣ, чораҷӯиҳои зидди равандҳои эрозионӣ, пешгирии намуди селҳо, омилҳои инкишофёбии гидрологӣ, бартарафсозии оқибатҳои харобиовар, омӯзиши моҳияти равандҳои нишебиҳо ва корҳои сохтмонии иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ, таснифоти умумии равандҳои муҳандисӣ-геологӣ, падидоии гравитатсионӣ дар нишебиҳо, омилҳои асосии инкишофи геологӣ, техногенӣ ва монанди онҳо, махсусан ярчҳо, фурӯғалтию сангрезишҳо ва шароитҳои пайдоиши онҳо, вайронаҳои тектоникӣ, тарқишнокӣ ва бодлесшавии ҷинсҳои кӯҳӣ, ҳолати сейсмикӣ ва ғайра равандҳои дар боло зикргардидаро пешгӯӣ ва пешгирӣ намуда, коркарди конҳои нави кандании фоиданокро дар дохили кишвар бештар тақвият бахшему коркарди онҳоро аз ашёи хом то маҳсулоти ҳадди ниҳоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем. Коркарди конҳои нав дар кишвар имкон медиҳд, ки ҳадафи чоруми мамлакат «Санотикунонии босуръти кишвар» амалӣ гардида, ҷойҳои кори холӣ пайдо карда шуда, ашёи хоми ҷойдошта дар дохилӣ мамлакат коркард ва истеҳсоли он ба роҳ монда шавад.Чи тавре, ки маълум аст, дар таърихи 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок ва суханронӣ карданд.Ин бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои обӣ, чашмаҳои софу зулоли шифобахш, дарёҳои пуртуғён, ки аз ҷиҳати иқтидорнокӣ дар минтақа афзалияти бештарро соҳиб аст, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имконияти ҷойдошта оид ба ҳифзи пиряхҳо ва обшавии онҳо аз таъсири гармшавии иқлим чораҷӯи карда истодааст. Дар паёми имсолаи Пешвои миллат қайд карда шудааст, ки дар давоми 40-соли охир бо сабаби гармшавии иқлим захираҳое, ки дар таркиби пиряхҳо ҷой дошт аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.Ҳамаи ин далолат медиҳад, ки аз эълони ташаббусҳо коркарди обҳои рангаи ташнагишикани газнок ва бегаз ба роҳ монда шуда содирот ва воридоти он ба роҳ монда шудааст. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд «… мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон –таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халкамонро аз имруза дида баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Аз ин нуқтаҳои Паём бармеояд, ки мо вазифадорем аз ин ҳам бештару хубтар заҳмат кашида, барои боз ҳам дар шароити замонавӣ барои амалишавии ҳадафҳои стратегӣ аз тамоми роҳҳо истифода барему барои амалишавиашон содиқона ва софдилона дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намоем. Ҳамчунин, барои боз ҳам зеботару ободтар гардидани кишвари азизамон заҳмат кашида, гушаҳои дурдасттарини онро ба шароитҳои замони муосир баробар намуда, сатҳи хизматрасониҳоро ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ созем. Зеро, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳамагуна меъёрҳои ҷаҳонӣ имрӯза мутобиқ шуда истодааст ва ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дар ин ҷода низ дорад. Чуноне, ки маълум аст дар ҳақиқат кишвари мо биҳишти воқеии рӯйи замин ба ҳисоб рафта табиати худододу нотакрор дорад ва тамоми ганҷҳои нокушодаю конҳои омӯхтанашуда дар кишвар ҳануз ҳам хеле бисёр аст. Дар шароити ҷаҳони имрӯза дар назди мутахассисони соҳаи геология вазифаҳои басо мушкил ва ҳалталаб истодааст. Дар ин замина мутахассисони соҳаро зарур аст, ки боз ҷустуҷӯю омӯзиши ашёи минералии фоидаовар ва таъмини иқтисодиёти кишварро бо маводҳои минералӣ ба инобат бигиранд, зеро ки иқтисодиёти кишвар ба кадом намудҳои ашёи минералӣ бештар ниёз дорад коркард ва истихроҷи онҳоро ба роҳ монанд. Барои ин бояд ҳамеша аз пешрафти иқтисодӣ, фановарӣ (технологӣ) ва техникии соҳа васеъ истифода шуда конҳо ва захираҳои кашфношудаи зеризаминии кишвари азизамонро тибқи талаботҳою меъёрҳои ҷойдошта мавриди истифода ва истихроҷ қарор диҳем. Сарзамини Тоҷикистон ва кӯҳҳои гирду атроф ҳамчун ҳудуди сангин камфоида нестанд, дар онҳо конҳои кашфношудаи захираҳои минералҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо, конҳои маъданҳои гуногунтаркиб, чоҳҳои обҳои зеризаминии ширини дорои сифати нӯшокӣ, обҳои равону шифобахш, кӯҳҳои сарбафалак кашидаи ҳамеша барфпӯш, пиряхҳои бузург, дарёҳои софу пуртуғён, кӯлҳои софу сарбаста, чашмаҳои оби зулолу мусаффодошта, металлҳои нодир ва камёфт, тиллову нуқра, қитъаҳои дорои нафту газ буда, ангишту дигар сӯзишвориҳо хеле зиёд аст. Яке аз ҳадафи асосии дигари стратегии кишвар ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Албатта, бо тараққӣ ёфтани соҳаи роҳсозӣ ва баровардани маҳсулоти дохилӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари транзитӣ дар минтақа табдил диҳад. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдид ва барқарорсозии роҳи Душанбе-Бохтар (Қӯрғонтеппа), Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Шикев-Қалъаихумб, Темурмалик, Балҷувон-Ховалинг ва дигар қитъаҳои роҳ амалӣ карда шуда истодааст. Лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозию сохтмони роҳҳои мошингарди Обигарм-Нуробод (86-километр), Қалъаихумб-Ванҷ (93-километр), қитъаи Хуҷанд-Конибодоми роҳи Хуҷанд-Исфара (130 километр) Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб (155- километр) ва дар маҷмӯъ беш аз 500 километр роҳҳо дар марҳилаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор дорад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор миёни кишварҳои минтақа мавқеи хоссаро ишғол намуда, дар ин самт яке аз кишварҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, роҳҳои сохташударо ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудан лозим аст. Боиси ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати роҳҳо хуб гардида, чандин эстакадаҳои замонавӣ ба истифода дода шудааст ва ин иншоот барои ҳаракати бемонеъаи нақлиётҳо осонии корро пеш меоварад. Ногуфта намонад, ки ин раванд бо маром давом ёфта, сохтмони чандин чунин эстакадаҳои дигар ва роҳҳои зеризаминӣ шуруъ гардида, минбаъд ҳам давом хоҳанд ёфт. Барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва коҳиш додани шиддати омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки айни замон амалӣ шуда истодааст.Тибқи нишондиҳандаҳо дар соли 2021 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғд (131,3 фоиз), Хатлон (111,4 фоиз), ВМКБ (158,4 фоиз), НТҶ (119 фоиз) ва шаҳри Душанбе (111,9 фоиз) таъмин гардидааст.Ҳиссаи вилояти Суғд 54, вилояти Хатлон 26,3, ВМКБ 0,8, шаҳри Душанбе 8,5 ва НТҶ 9,5 фоизро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил додааст. Дар ин баробар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ бошад корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2021 ба маблағи 12,4 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро нисбат ба соли 2020 зиёда аз 4,7 млрд сомонӣ ё 61% зиёд таъмин намудаанд.Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои соҳа 32,1% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намудааст.Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли тилло -115%, хокаи сурб – 144%, хокаи руҳ – 148%, хокаи сурма – 100,1% ва сурмаи металӣ – 139,3% зиёд карда шуд.Умед дорем, ки тамоми кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар ин нуқтаҳои дар боло қайд гардидида ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ба халқу ватан содиқона ва софдилона хизмат менамоянд.

Андамов Р.Ш. – номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент, декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Давлатов Ф.С. – номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Возможно, это изображение 1 человек
Андамов Р.Ш.
Возможно, это изображение 1 человек и костюм
Давлатов Ф.С.