Бо ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти наву васеъ барои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла саноати кӯҳӣ фароҳам омад. Дар ин раванд, талаботи кадрҳои босалоҳият ва мутахассисони дорои дониши муосир дар соҳаи иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ ва амалиёти маркшейдерӣ (коркарди конҳои канданиҳои фоиданок) аз ҷиҳати таъмини рушди устувори ин соҳа беш аз пеш баланд гардид.
Бо мақсади ҷавобгӯӣ ба ин ниёзҳо, дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология ихтисосҳои нав дар самти иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ ва амалиёти маркшейдерӣ таъсис дода шуданд. Ин ихтисосҳо барои тайёр намудани мутахассисоне равона шудаанд, ки на танҳо дорои дониши амиқ дар соҳаи иқтисоди саноати кӯҳӣ бошанд, балки тавонанд амалиётҳои маркшейдерӣ ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданокро дар сатҳи баланди илмӣ ва техникӣ, инчунин дар сохтмони иншооти зеризаминӣ, неругоҳҳои оби барқӣ ба роҳ монанд.
Таъсиси ин ихтисосҳо самараи мустақил гардидани кишвар ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи саноат ва махсусан саноати кӯҳӣ мебошад. Он ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, зиёд намудани самаранокии идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.Мутахассисони ин самтҳо метавонанд дар ташкили системаҳои идоракунӣ, мукаммалсозии равандҳои истеҳсолӣ, баҳисобгирии захираҳо, пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ ва истихроҷӣ дар татбиқи технологияҳои муосир дар саноати кӯҳӣ нақши муассир дошта бошанд.Саноати кӯҳӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши муҳим дар таъмини рушди иқтисодӣ, зиёд намудани воридоти буҷетӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ мебошад, ки аз ҷумлаи онҳо маъданҳои фоиданок ва гуногунранг, мисли нуқра, тилло, сурб, руҳ, сурмаву симоб, бор, ангишт, сангҳои ороишӣ ва дигар маъданҳо мебошанд.Нақши саноати кӯҳӣ дар иқтисоди Тоҷикистон хеле назаррас аст.
Вай манбаи даромади буҷет ва маблағгузорӣ буда, натиҷааш таъсиси ҷойҳои кории нав дар соҳаи саноати кӯҳӣ, сохтмони иншооти зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ, роҳу нақлиёт, истихрољи конҳо, нерўгоҳҳо ва ғайраҳо мебошанд. Захираҳои маъданӣ барои истеҳсол ва содирот асоси мустаҳками иқтисодиро фароҳам меоранд. Идоракунии дурусти соҳаи кӯҳӣ имкон медиҳад, ки ҳифзи муҳити зист таъмин шуда, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ амалӣ шавад. Рушди соҳаи саноати кӯҳӣ ниёз ба сармоягузории зиёд дорад, ки дар шароити иқтисодии кишвар маҳдуд аст. Танзими идоракунӣ дар саноати кӯҳӣ, ҷобаҷо гузоштани мутахассисони болаёқат ва назорати дурусти фаъолияти ширкатҳо мебошад. Норасоии инфрасохтори зарурӣ барои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, аз ҷумла роҳҳо ва неругоҳҳо ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок метавонад ба муҳити зист таъсири манфӣ расонад, ки ин масъалаи муҳими идоракунии саноат мебошад.
Иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ ҳамчун соҳаи омӯзишӣ ва амалӣ равона ба омӯзиши масъалаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, техникии истихроҷ ва коркарди маъданҳо, инчунин ба ташкил ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар ин соҳа машғул аст.Муҳимтарин соҳаҳои омӯзишӣ: идоракунии захираҳои маъданӣ: баҳисобгирӣ, баҳодиҳӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои кӯҳӣ. Ташкили корхонаҳо ва лоиҳаҳо: Барномаҳо барои рушди устувори ширкатҳои кӯҳӣ.
Иқтисоди истеҳсолот: мукаммалгардонии хароҷот, нақшагузории истеҳсолот ва фоидаоварӣ. Идоракунии хавфҳо: Пешгирӣ аз хатарҳои экологӣ, бехатарии коргарон ва таҳдидҳои иҷтимоӣ.Технологияҳои нав: Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои истихроҷ ва коркарди маъданҳо.Мутахассисони самти иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ ва амалиёти маркшейдерӣ (коркарди конҳои канданиҳои фоиданок) бояд дониши амиқ дар соҳаи иқтисод, менеҷмент, муҳандисӣ, сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ва экология дошта бошанд. Онҳо вазифадоранд, ки равандҳои истеҳсолиро самаранок идора кунанд, хароҷотро коҳиш диҳанд, ҳамзамон ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд ва саҳми саноатро дар рушди иқтисоди миллӣ баланд бардоранд.Тоҷикистон аз захираҳои маъданӣ бой аст, вале ин захираҳо то ба ҳол пурра истифода нашудаанд. Ҳукумат ва мақомоти дахлдор кӯшиш доранд, ки бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои нав соҳаи саноати кӯҳиро рушд диҳанд.
Дар ҳамин замина, таъсиси ихтисосҳои нав дар донишгоҳҳо барои тайёр кардани мутахассисони касбӣ дар соҳаи иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ, амалиёти маркшейдерӣ (коркарди конҳои канданиҳои фоиданок) аҳамияти бузург дорад.Дар даврони истиқлол, моҳи декабри соли 2011 ҷаласаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимону мутахассисони соҳаи геология барои омода намудани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ихтисоси амалиёти маркшейдерӣ (коркарди конҳои канданиҳои фоиданок) таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ барои таҳкими заминаи моддӣ ва техникӣ ҷудо карда шуд. Бо ин маблаѓ, асбобу таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, теодолити электронии DJD2 2009, тахеометри электронии SOKKIA-650RX 2009, нивелири VEGA-L24 2012, обтарозаи лазерии LS606JS11 2009 ва ғайра харидорӣ карда шуд.
Иқтисод ва идора дар соҳаи саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон барои рушди устувор ва самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳалли муаммоҳои мавҷуда ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб имконият медиҳад, ки саноати кӯҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим ва муассир дошта бошад.Самараи истиқлоли кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба ихтисосҳои иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ, амалиёти маркшейдерӣ (коркарди конҳои канданиҳои фоиданок) ҳамасола баъди хатм тақрибан 95 %-и онҳо аз руйи ихтисос бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, ки саҳми арзандаи худро барои пешрафти мамлакат гузошта истодаанд.
Қодиров А.А. н.и.г.-м., дотсент и.в мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология ДМТ Файзиев Ф.А. д.и.г.-м., дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология ДМТ