Имрӯз дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол 9-уми декабр ҳамчун Иди касбии геологҳо аз соли 2011 инҷониб таҷлил мешавад. Бахшида ба ин имрӯз (11.12.2023) дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултети геологияи донишгоҳ озмоишгоҳҳои таълимии “Конҳои канданиҳои фоиданок” ва “Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология” дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардиданд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳҳо иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амали гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” бо ибтикори бевоситаи ректори донишгоҳ, муҳтарам Хушвахтзода Қ. Х. барои факултети геология давра ба давра асбобу таҷҳизотҳои муосири соҳавӣ барои озмоишгоҳҳои таълимӣ харидорӣ ва ворид шуда истодаанд.
Имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки озмоишгоҳҳои таълимӣ дар факултети геология аз лиҳози сатҳи таъминот бо асбобу таҳҷизоти таълимию илмӣ дар байни макотиби олӣ ҷойгоҳи хосаро доро гаштаанд. Алҳол, дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чор озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таълимӣ-таҳқиқотӣ амал мекунанд, ки баҳри омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаҳои геология, кӯҳию кӯҳкорӣ ва истифодаю ҳифзи захираҳои обии кишвари азизамон фаъолият доранд.
Таъкид шуд, ки Озмоишгоҳи таълимии “Конҳои канданиҳои фоиданок” дар назди кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо асбобу таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Озмоишгоҳи мазкур барои омӯхтани сохти макроскопию микроскопии ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъдани аз конҳои мавҷудаи ҳудуди кишвар ва берун аз он дарёфтшуда мусоидат менамояд. Устодон ва донишҷӯён дар раванди дарсҳои амалӣ аз он васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, ин озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқотҳои геофизикӣ, усулҳои гуногуни омӯзиш ва дастрас намудани конҳои нафту газ ва конденсатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар омӯзишгоҳи мазкур инчунин аспирантон, магистрантон ва докторони Ph.D низ метавонанд, бо истифода аз асбобҳои таҷҳизоти муҷаҳҳаз дар ин ҷо корҳои илмии хешро ба сомон расонанд.
Озмоишгоҳи таълимии “Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология” бошад дар назди кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ бо асбобу таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин озмоишгоҳ шогирдон аз нозукиҳои илми гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, яъне, таҳлили таркиби химиявӣ, микробиологӣ ва бактериологии об, омӯзиши таркибу хосиятҳои физикавию механикии грунтҳо, инчунин, дигар корҳои кофтукови муҳандисии марбут ба сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқию обӣ ва нақбҳои нақлиётию обкаш бархурдор мешаванд.
Озмоишгоҳҳои мазкур метавонанд, ҷиҳати тарбияи мутахассисони ботаҷриба, иштироки онҳо баҳри иктишоф ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки кишвари азизамон, сохтмони иншоотҳои гуногуни соҳаи геология саҳмгузор бошанд.
Дар зимн ректори донишгоҳ ва ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои гуногуни донишгоҳ, инчунин, намояндагони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити синфхонаҳои таълимӣ ва дигар оизмоишгоҳҳои факултет боздид намуданд.