ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ПОЯИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ

4

Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариши худшиносии миллиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таҳкими ваҳдат ва якпорчагии миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлат, таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи Ватан, эҳё ва таҳкими худшиносии миллӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз бештар мегардад. Худшиносии миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими ахлоқӣ ба шумор меравад ва дар тӯли таърих мавриди пажӯҳиши олимону муҳаққиқон қарор доштааст.Таърихи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки сулҳу субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо асоси пешрафти устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҳар як давлат мебошанд.

Маҳз ҳамин омилҳо барои таъмин намудани амният ва оромии ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд.Инчунин, рушд ва тақвияти худшиносӣ омили муҳим дар тарбияи насли ҷавон маҳсуб ёфта, барои шаклгирии шахсияти солим ва ватандӯст нақши бузург мебозад.Масъалаи худшиносӣ бо ахлоқ ва маънавияти инсон пайванди зич дорад. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки инсон худро мешиносад, зеро номи худ, оила ва вазъи ҷисмониашро медонад. Аммо худшиносӣ танҳо донистани ин ҷанбаҳо нест. Худшиносии воқеӣ маънои дарки ботинӣ, фаҳмидани мақсадҳои зиндагӣ, арзишҳо ва мавқеи шахс дар ҷомеаро дар бар мегирад. Пас, худшиносӣ пеш аз ҳама равандест маънавию фикрӣ.

Дар ҷомеаи мо мафҳумҳои Ваҳдат ва Истиқлолият ҳамчун пояҳои асосии давлатдорӣ аҳамияти калон доранд. Онҳо бо ҳам робитаи ногусастанӣ дошта, барои устувории низоми давлатӣ хизмат мекунанд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, дар Тоҷикистон давраи нави худшиносии миллӣ оғоз ёфт, ки дар он тағйироти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба амал омаданд ва арзишҳои ҷомеа низ нав гардиданд.Тавре таъкид мешавад, худшиносии миллӣ аз муҳаббат ба Ватан, забон, таърих ва фарҳанг сарчашма мегирад. Ин омилҳо дар ташаккули шахсияти комил ва ҷаҳонбинии солим нақши муҳим доранд.Умуман, худшиносӣ василаи асосии рушди маънавии инсон ва ҷомеа мебошад.

Агар пояҳои худшиносии миллӣ заиф гарданд, ба пойдории миллат хатар таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба тарбияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими мактаби миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Масъалаи ҳувияти миллӣ, ки баъди истиқлолият ба миён омад, то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, ҳамчун мавзӯи муҳим боқӣ мемонад.Дар шароити соҳибистиқлолӣ масъалаи худшиносии миллӣ аҳамияти хоса касб мекунад. Истиқлолият ба миллат имкон медиҳад, ки арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро аз нав эҳё намуда, ҳувияти миллиро таҳким бахшад. Дар чунин давра ҳар як шаҳрванд бештар дар бораи решаҳои худ, забон, фарҳанг ва таърихи миллат меандешад.

Худшиносии миллӣ маънои дарк намудани мансубияти худ ба як миллат, эҳтиром ба арзишҳои он ва масъулиятшиносӣ дар назди Ватанро дорад. Он на танҳо ифтихор аз гузашта, балки кӯшиш барои рушди имрӯзу ояндаи давлатро низ дар бар мегирад. Шахсе, ки дорои худшиносии миллӣ аст, барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад ва ба ҳифзи истиқлолият аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.Дар даврони истиқлолият, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худшиносии миллӣ ворид гардид. Бо эҳёи анъанаҳо, рушди забони давлатӣ ва болоравии худогоҳии мардум, замина барои таҳкими ваҳдати миллӣ фароҳам омад. Ин раванд ба устувории давлат ва пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тақвияти он вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳӣ, муҳаббат ба Ватан ва тафаккури илмӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлолияти ҳақиқии давлат танҳо ба даст овардани озодии сиёсӣ нест, балки пеш аз ҳама, истиқлоли фикрӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад. Агар ин арзишҳо мустаҳкам набошанд, пойдории истиқлолият зери хатар мемонад.

Мероси ғании илмию фарҳангии тоҷикон дар тамоми давраҳо барои ташаккули ҳувияти миллӣ хизмат кардааст ва имрӯз низ бояд ҳамин рисолатро идома диҳад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм зиёд шудаанд, аҳамияти худшиносии миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Норасоии худогоҳӣ метавонад ҷавононро ба таъсири андешаҳои бегона ва ғояҳои нодуруст гирифтор намояд.Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки заиф гардидани ҳувияти миллӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ ва нооромиҳо гардад.

Аз ин рӯ, тақвияти худшиносӣ ҳамчун воситаи муҳими пешгирии чунин хатарҳо хизмат мекунад. Тарбияи дурусти кӯдакон аз синни хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи устувори амнияти маънавии ҷомеа мебошад.Имрӯз худшиносии миллӣ на танҳо як арзиши ахлоқӣ, балки унсури муҳими таъмини амнияти миллӣ низ ба шумор меравад. Ҷомеае, ки ҷавононаш дорои ҳисси баланди масъулият, худогоҳӣ ва ҷаҳонбинии солим мебошанд, метавонад аз таъсири ғояҳои ифротӣ эмин бошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти махсус дорад.

Дар маҷмуъ, худшиносии миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунанда, пайвандгари наслҳо ва заминаи рушди устувори давлат хизмат мекунад. Нигоҳдорӣ ва таҳкими он вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

НИЁЗОВ О.Ҳ.,муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ