ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА

48

Имрӯз (30.04.2024) дар факултети геологияи ДМТ вохӯрии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни бо намояндаи Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз декани факултети геология, дотсент Андамов Р.Ш. намояндаи Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба ҳозирин шинос намуда, ташрифи он касро ба факултет баҳри вохурӣ бо устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет хайрамақдам гуфтанд. Намояндаи Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон чунин вохуриҳо барои ҳушёр намудани хусусан ҷавонон ва дар онҳо бедор кардани ҳиси ватандустию хештаншиносӣ ва муборизаи беамон бурдан бо экстремизму терроризм бениҳоят зарур ва ба дарди ҷомеъа малҳам буда метавонад. Ин вохурӣ бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин падидаи номатлуб, ҳамчунин тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва муҳассилинро доир ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зиддии терроризм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” равона карда шудааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Дар анҷоми суханронии худ намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода дастаҷамъона бар зиди ин амали ниҳоят ба ҷомеа хавфнок мубориза барем. Чуноне Пешвои миллат доимо таҳкид менамоянд Тоҷикистон ватани азизамонро мо худамон обод менамоем ягон халқу ватан дар фикри ободии мо нест. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаву мафкураҳои бегона нагардида, балки бо донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқиву маърифатии хеш дар пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузоранд.Сипас аз ҷониби устодону донишҷӯён саволҳо пешниҳод шуда ба саволҳои худ аз ҷониби намояндаи Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Возможно, это изображение 1 человек и учится
Возможно, это изображение 5 человек
Возможно, это изображение 10 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 9 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 5 человек и люди учатся