ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАКУЛТЕТ ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁН

6

Санаи 31.10.2025 дар факултет бо иштироки декани факултет н.и.и., дотсент Холзода Б.К. ва дигар устодони факултет бо намояндагони филиали Ассотсиатсияи “HELVETAS” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бриндха Картикеян ва Анис Аламшоев вохури баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур масъалаҳо ҷиҳати табодули академии устодон ва донишҷӯён барасӣ гардид.Бояд қайд намоем, ки лоиҳаи “Идораи захираҳои обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд” амали гардида истодааст. Дар ин замина намояндаи филиали Ассотсиатсияи “HELVETAS” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бриндха Картикеян таъкид доштанд, ки айни замон корҳои ташкили ҷиҳати бастани шартнома (меморандум), гузаронидани курсҳои омӯзишии обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон амали хоҳанд шуд.

Дар курсҳои омӯзиши устодони факултет фаро гирифта мешаванд. (Шарифзода Г.В. ва Сайфуллозода Қ.Ғ.).Дар охир аз ҷониби садорати факултет барои таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардани Ассотсиатсияи “HELVETAS” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети геология изҳори сипос карда шуд.