ДОНАНДАИ АСРОРИ ОБҲОИ МУСАФФО ВА КӮҲҲОИ ПУРГАНҶИ ТОҶИКИСТОН

51

Дарёи Зарафшон ҳамноми водии Зарафшон буда яке аз дарёҳои асосии Тоҷикистон аст, ки дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар саҳми назаррас дорад. Дар соҳили ин дарё деҳаҳои зебоманзари хурду бузурге воқеъ гардидаанд, ки яке онҳо деҳаи хушобуҳавои Дарғ аст. Дарғ дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва водии Яғноб ҷойгир буда, аз ин деҳа дар гузашта ва ҳам имрӯз ҳазорон ашхоси номвар ба камол расидаанд, ки дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Миёни онҳо даҳҳо доктору номзадҳои илм ва академикҳо ҳастанд, ки дар ҷомеа мақому манзалати худро соҳибанд.

Яке аз чунин нафарони огоҳу саҳмгузор дар рушду нумӯи соҳаиобу обёрӣ ва кӯҳкорӣ дар ТоҷикистонГул Ваҳҳобович Шарифов мебошад. Мавсуф 21 мартисоли 1964 дар деҳаи зебои Дарғи ноҳияи Айнии водии Зарафшон дар оилаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Шарифов ба дунё омадааст.

Замони кӯдакии ӯ бо сабаби он, ки падараш дар деҳаи Сурхобчаи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло ба номи Деваштич) аввал дар вазифаи мудири қисми илмии мактаб, баъдан директори мактаби ин деҳа кор кардааст, он ҷо сипарӣ шудааст. Соли 1971 бо тақозои зиндагӣ ва падар маҷбур мешавад, боз ба деҳаи Дарғ кӯчида ояд.

Гул Ваҳҳобович Шарифов солҳои 1971-1981 дар мактаби миёнаи №5-и деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таҳсил намуда, соли 1981 онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Дар давраи таҳсил дар мактаби миёна тамоми шароит барои илмомӯзӣ мавҷуд буд, чунки муҳити хонавода ва деҳа созгор ба чунин вазъ буданд. Маҳз чунин муҳит Гул Ваҳҳобовичро водор менамояд, ки ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ҳамкориро бо васоити ахбори омма шуруъ намояд. Аз солҳои 1975 аввалин навиштаҳои ӯ дар газетаҳои ноҳиявӣ ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд.

Баъди хатми мактаб Гул Шарифов ҳуҷҷатҳояшро ба факултети геологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорида, солҳои 1981-1986 дар шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология таҳсил намуда, онро бо ихтисоси инженер-геолог хатм кардааст.

Дар даврони донишҷӯӣ аз устодон докторони илмҳои геология ва минералогия, профессорон Дина Чедия, Абдураҳим Ҳасанов, Абдулҳақ Файзиев, номзадони илмҳои геология ва минералогия, дотсентҳо Ҷамол Бузруков, Тамара Парфенова, Александр Мамонтов, Абдураҳим Раҳмонов, Муродилло Ҷанобилов, Мусо Валиев, Икром Ҳасанов, Пӯлод Муҳаммадиев, Анвар Шукуров, Фаррух Искандаров, Ансор Ниёзов, Юрий Казаков, Нина Кривошекова, Юрий Ким, Наталя Саксонова таълим гирифтааст.

Баъд аз анҷоми соли сеюми таҳсил, соли 1984 таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар кони лаъли деҳаи Кӯҳи Лаъли ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом медиҳад. Зимни таҷрибаи истеҳсолӣ дар кони мазкур Гул Шарифов бо роҳнамоии аввалин геологдухтари тоҷик Савригул Шакармамадова ҳамчун техник-геолог ба тарзи шароити геологии пайдоиши сангҳои қиматбаҳо ба мисли лаъл (шпинел), клиногумит, рубин ва монанди инҳо, усули иктишоф, коркард ва ба истифода додани онҳо шинос гардид, қадамҳои нахустини худро дар ин ҷода мегузорад.

Як самти фаъолияти Гул Шарифов навиштани мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад. Гул Шарифов аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ бо нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории эҷодӣ доштааст. Дар ҳафтаи аввали донишҷӯияш бо ҳидояти сармуҳарири он замони ин нашрия бонуи донишманд Иззатмоҳ Афғонова дар шумораи №27 (785) ин нашрия, ки 11 сентябри соли 1981 ба нашр расидааст, мақола чоп намуд.

Аввалин мақолаи илмиашро баъд аз анҷоми таҷрибаи истеҳсолӣ навишта, онро низ дар шумораи аз 25 январи соли 1985 ин нашрия бо номи «Лаъли Бадахшон» ба чоп расонидааст.

Баъд аз анҷоми соли чоруми таҳсил, таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар шуъбаи муҳандисӣ-геологии Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додааст.

Дар ин давра, ӯ бо ҳамроҳии муҳандис-геологҳои ин шуъба бо роҳбарии сардори шуъба Владимир Шолар ба омӯзиши шароити муҳандисӣ-геологии майдони обанбори Кофарниҳони поён, ки дар мавзеи Боғи ҷигдаи ноҳияи Қубодиён қарор дорад машғул мегардад ва кори дипломии ӯ низ ба ҳамин мавзеъ алоқаманд гардонида шудааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ Гул Ваҳҳобович Шарифов бо роҳхат ба Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон фиристода мешавад, аммо бо сабаби набудани ҷойи холии корӣ ӯро ба экспедитсияи ҷанубии гидрогеологии Саридораи «Геологияи Тоҷик» тавсия медиҳанд. Гул Шарифов аз сентябри соли 1986 то соли 1987 дар экспедитсияи ҷанубии гидрогеологии Саридораи «Геологияи Тоҷик» ба сифати техник-гидрогеологи калон фаъолият намудааст. Дар ин давра ӯ бо ҳамроҳии Н.Малюта, Аҳрор Бедонаев, Акмал Аҳмедов дар даста (партия)-и гидроминералии экспедитсияи болозикр, ки пойгоҳи саҳроиаш дар деҳаи Кӯли Суфиёни ноҳияи Данғара қарор дошт, фаъолият намуда, ба омӯзиши воридоти оби чашмаҳо ба обанбори Норак, сифати обҳои воридшаванда ва ҳолати дигаргуншавии соҳилҳои баҳри Норак машғул мешавад.

Аз соли 1987 то соли 1990 дар шуъбаи геологияи инженерии пажуҳишгоҳи давлатии кофтукови инженер-техникии Тоҷикистон ҳамчун инженер-геолог ва соли 1990 ба сифати ходими илмии Маркази илмӣ-истеҳсолии «Недра»-и Университети давлатии Тоҷикистон ва геологи Иттиҳодияи истеҳсолии «Помиркварцсамоцветы» (Тоҷикгавҳар) офаъолият кардааст.

Дар пажуҳишгоҳи кофтуковӣ-техникии ТоҷикГИИНТИЗ бо ҳамроҳии номзадони илмҳои геология ва минералогия Ғайбулло Орифов, Дмитрий Лаврусевич ва мутахассисони варзидаи соҳаи геология Сергей Лаврусевич, Татяна Акчурина, Тошкантбой Исоматов, Владимир Гнилов, Татяна Паршенсева, Владимир Данченко, Аҳмадҷон Шомирзоев, Микляева Наталия Андреевна, Лариса Ковальчук, Муборакқадам Хушқадамов, Раҳмонбек Бахтдавлатов, Баҳром Шоназаров, Ризоқул Муинов дар кофтуков ва таҳқиқоти муҳандисии геологии иншооти ҳаётан муҳими кишвар саҳм гузоштааст. Дар ин давра дар таҳияи даҳҳо лоиҳаҳои кофтукови муҳандисӣ, аз ҷумла кофтукови муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологӣ ширкат кардааст.

Соли 1989 ӯ аввалин маротиба дар соҳаи геология ҳисоботи техникиро бо забони тоҷикӣ навишт. Ин ҳисобот оид ба кофтукови муҳандисӣ-техникии иншооти «Таъмир ва ободгардонии боғи маданият ва истироҳатии шаҳраки Панҷ» буд.

Директори пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашӣ-кофтуковии «ТоҷикГИИНТИЗ», номзади илмҳои геология ва минералогия Ғайбуллоҷон Орифов (равонашон шод бод) барои эътимод, ин ҳисоботи техникиро бе огоҳии муаллиф ба Раиси вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дода, хоҳиш менамоянд, то баъди хондани матни ҳисобот хулосаи худро оид ба он мантиқи матн баён намоянд. Устоди сухан Аскар Ҳаким дар давоми рӯз ҳисоботи техникиро хонда, бегоҳи ҳамон рӯз ба Ғайбулло Орифов занг зада, тарзи навишти ҳисоботро бо забони тоҷикӣ ситоиш менамоянд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳисобот хатои техникию имлоӣ ва мантиқӣ ба мушоҳида намерасад. Ин баҳои устоди сухан ба заҳмати як муҳандис буд, ки аз ба иттилои дигарон расонидан роҳбарияти пажуҳишгоҳ ҳазар мекард. Аммо новобаста ба ин, баъдан ҳангоми баррасии масъалае равоншод Орифов Ғ.О. дар ҳузури чанд нафар иброз менамояд, ки нисбат ба Гул Ваҳҳобович Шарифов ва Р.Б. Бахтдавлатов эҳтиром қоил аст ва бо фаро расидани имкони мусоид пажуҳишгоҳ ин ду нафарро бо макони зист таъмин хоҳад намуд. Ин ду нафар баъдан бо тақозои замон аз пажуҳишгоҳ ба дигар соҳа ба кор гузаштанд.

Гул Шарифов зимни фаъолият дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Помиркварцсамоцветы» (Тоҷикгавҳар) ба омӯзиши шароити геологии пайдоиши санги қиматбаҳои оникс, машғул мешавад.

Мавсуф аз соли 1990 то соли 2014 дар Иттиҳодияи лоиҳакашию сохтмонии «Тоҷикселхозводопроводстрой» дар вазифаҳои сардори дастаи геологии шуъбаи кофтукови инженер-техникии пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипроселхоз водоснабжение», сардори дастаи геологӣ, сардори экспедитсияи кофтуковӣ, сардори Раёсати кофтуковӣ ва чоҳбурӣ барои об, муовини сардори Сарраёсат, сармуҳандис, муовини аввали сардори Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» (Тоҷикселхозводопроводстрой) фаъолият кардааст.

Соли 1992 вобаста ба тақозои касб дар пажуҳишгоҳи марказии байнисоҳавии бозомӯзии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳаи сохтмонии шаҳри Москва бозомӯзии касбӣ намудааст. Ҳамон сол, барномаи кутоҳмуддати муҳосибтайёркуниро ҳам дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси бухгалтери соҳаи хоҷагии халқ тамом кардааст.

Гул Шарифов дар ин давра дар тарҳрезӣ ва амалисозии даҳҳо лоиҳаҳои таъминоти оби нӯшокии аҳолии деҳоту чарогоҳҳо ва иншоотҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ саҳм гузошта, дар таҳияи барномаҳои «Рушди миллии соҳаи оби нӯшокӣ ва канализатсия», «Рушди соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои солҳои 2007-2020» саҳм гузоштааст. Ӯ дар Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии обтаъминкунии деҳот – «Тоҷикгипроселхозводоснабжение» бо роҳбарии директори пажуҳишгоҳ Амза Ғуломшоев ва сармуҳандис Расул Сайфуддинов дар ҳамкорӣ бо муҳандисони шинохтаи соҳа Виктор Мамченко, Михаил Летяго, Вера Домрачева, Игор Каменский, Наим Юсупов, Ҳомид Хостихудоев, Маҷид Бузургхонов, Муйдинҷон Аминҷонов ва чанде дигарон фаъолият намудааст.

Фаъолияти меҳнатии Шарифов Гул Ваҳобовичро дар Иттиҳодияи оби ошомидании деҳоти Тоҷикистон метавон ба бахш ва марҳилаҳои зерин ҷудо намуд:

1. Фаъолият дар пешбурд ва роҳбарии корҳои кофтуков ва таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ;

2. Фаъолият дар пешбурд ва роҳбарии корҳои кофтуков ва таҳқиқоти гидрогеологӣ;

3. Фаъолият дар роҳбарии озмоишгоҳ (лаборатория)-и муҳандисӣ ва сифати об: муайян намудани таркибии табиӣ-механикӣ ва химиявии грунтҳо (хокҳо), ташхис ва муайян намудани сифати об, аз ҷумла таркиби бактериологӣ ва химиявии обҳо;

4. Роҳбарии корҳои лоиҳакашии иншоотҳои оби ошомиданӣ ва обшоркунии чарогоҳҳо;

5. Роҳбарии корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии иншоотҳои оби ошомиданӣ, чарогоҳҳо ва обёрии заминҳои кишт, корҳои соҳилмустаҳкамкунии шафати дарёҳо;

6. Роҳбарии корҳои ба истифода супоридан ва истифодабарии иншоотҳои оби ошомиданӣ, чарогоҳҳо ва обёрии заминҳои кишт;

Гул Шарифов дар ин давра барои анҷом додани корҳои кофтуков ва таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар иншоотҳои таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ обтаъминкунии хоҷагиҳо, сохтмони сутунпояҳои купрӯкҳо ва дигар корҳоро роҳбарӣ намудааст.

Ҳалли мушкилоти бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои Сино ва Вализодаи шаҳри Кӯлоб боиси ба кофтуков ва таҳқиқоти гидрогеологӣ рӯ овардани Гул Шарифов гардид. Мушкилоти зикргардида соли 1994 дар Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Иттиҳодияи лоиҳакашию бинокории «Тоҷикселхозводопроводстрой» (минбаъд ИЛБ «ТСХВС») вазифадор карда шуд, ки ин мушкилот саривақт ҳал карда шавад. Ба ин мақсад соли 1995 дар соҳили чапи сойи Тебалай, рӯ ба рӯий деҳаи Туто ноҳияи Муъминобод ҳавзаи обтаъминкунӣ аз ҳисоб парма намудан ва истифодаи обҳои зеризаминӣ интихоб гардид.

Корҳо зери роҳбарии саргидрогеологи Раёсати кофтуков ва чоҳбуррӣ барои об Виктор Комиссаров ва сардори қитъаи чоҳпармакунӣ Николай Иванович Кустиков дар асоси хулосаи Саридораи «Геологияи Тоҷик» анҷом дода шудааст, аммо мутаассифона, парма намудани чоҳ то умқи 150 метр бенатиҷа анҷом меёбад, зеро миқдори зарурии об ё худ маҳсулнокии чоҳ талаботи дархостиро қонеъ намегардонид. Иҷрои корҳои иншоотро муовини якуми Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ба назорати худ гирифта буд ва доимӣ бо роҳбарияти ИЛБ «ТСХВС» ҷаласаҳои селекторӣ анҷом медод.Чун омода намудани манбаи обтаъминкунӣ кашол меёбаду, бар замми он сохтмончиён сохтмони хатти интиқоли обро ба сомон расонидаанд, дар ҷаласаи селекторӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев норозигӣ изҳор дошта, аз сардори Иттиҳодия Аҳмад Ҷӯраев талаб менамояд, ки мутасаддиёни корҳои чоҳпармакунӣ Виктор Комисаров ва Николай Кустиковро аз кор дур намуда, мутасаддиро аз мутахассисони маҳаллӣ таъин намояд.

Он замон Гул Шарифов дар вазифаи сардори экспедитсияи кофтуковӣ фаъолият дошт, ва бо пешниҳоди сардори Иттиҳодия Аҳмад Ҷӯраев иҷрои корҳои чоҳпармакунӣ ба уҳдаи ӯ гузошта мешавад. То ин замон фаъолияти ӯ танҳо ба кофтуков ва таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ марбут буд. Аммо, масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ ӯро водор намуд, аз фитрати касбӣ истифода намояд. Дар навбати аввал машваратро бо пармагарон, ки асосан ғайритоҷик буданд, анҷом дода, ошкоро изҳор дошт, ки дар кори пармагарӣ таҷриба надорад ва такя ба маҳорату малакаи коргарон менамояд. Чун ҳамдигарфаҳмӣ ба миён омад, пармагарон ҳангоми кофтани чоҳ фосила ба фосила оид ба таркиби ҷинсҳои ҳар қабат ва пайдоиши қабати оби зеризаминӣ маълумот медоданд, ва ин маълумотро Гул Шарифов дар асоси мушоҳидаи касбии худ дар дафтари пармагарӣ қайд менамуд.

Ҳангоми мушоҳида он қабати якуми оби зеризаминии артезианиро дар умқи 35 метр мушоҳида намуда, дар асоси маълумоти бадастоварда ва машварат бо устоҳои пармагар пармакуниро дар умқи 55 метр боз дошта, ба пармагарон тавсия медиҳад, ки полунаи пармачоҳро дар умқи 35-50 метрро ҷойгир намуда, насби девораи пармачоҳро анҷом диҳанд. Баъд аз анҷом додани корҳои васлу насб, обкашии таҷрибавиро тибқи меъёр амалӣ намуда, дебити дилхоҳ ба даст меоварад. Ин имтиҳони нахустини ӯ дар кофтуков ва таҳқиқоти гидрогеологӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъдан ӯ дар таҳияи лоиҳа ва иҷрои корҳои кофтуков ва таҳқиқоти гидрогеологӣ, пармакунии чоҳҳои иншоотҳои таъминоти оби ошомиданӣ, сохтмони иншооти оби ошомидани, барқарорсозии коллекторҳо, пармакунӣ ва барқарорсозии пармачоҳҳои амудӣ ба мақсади паст намудани сатҳи обҳои зерзаминӣ шахсан иштирок намуда, роҳбарии корҳоро ба уҳда доштааст.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва пармакунии чоҳ ба мақсади обтаъминкунӣ ӯ ҳамеша хулосаи мақоми ваколатдор – Саридораи геологияро ба инобат гирифта, дар мавридҳои зарурӣ бо гидрогеологҳои шинохтаи ҷумҳурӣ маслиҳату машварат меорост. Тавсияҳои онҳоро ҳамеша ба инобат мегирифт.

Воқеаи дигари хотирмон пармакунии чоҳ барои шабакаи обтаъминкунии бӯстонсарои ҳукуматӣ буд. Тибқи хулосаи Саридораи геология дар ҳудуди лоиҳавӣ, қабати оби зеризаминӣ мавҷуд набуд. Супоришгар ширкати муштараки амрикоӣ-тоҷикистонӣ буд, ки онро ҷавонмарди саховатманди зодаи ноҳияи Данғара намояндагӣ менамуд. Чун тибқи хулоса қабати об ва дебити он ошкор набуд, ташкилотҳои пармакунӣ бо ҳар баҳонае аз ин кор худдорӣ менамуданд.

Супоришгар бо хоҳиш ба сардори Иттиҳодияи ЛБ «ТСХВС» Аҳмад Ҷӯраев муроҷиат намуд. А.Ҷӯраев бо ҳамроҳии чанд мутахассиси марбут ба соҳаи чоҳпармакунӣ сари мизи машварат нишастанд, боз ҳамон ҳолати худдорӣ ва нобоварӣ ба миён омад ва ҳозирин ба хулосае наомаданд. Супоришгар, ки бехабар аз ин мушкилот ба мақомоти дахлдор ваъдаи таъмини манбаи инфиродии обтаъминкуниро аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ дода буд, ҳоло ба ҳар шарт ба мақсади ҳалли масъалаи ба миёномада розӣ буд.

Ӯ дар алоҳидагӣ бо Аҳмад Ҷӯраев гуфтушунид карданӣ шуд, ки ба ин нишаст Гул Шарифов ва сардори раёсати чоҳпармакунӣ Аминҷонов М.Н. низ даъват карда шуданд. Гул Шарифов баъд аз огоҳ шудан аз мушкилот ва хулосаи мақомоти дахлдор пешниҳод намуд, ки бояд пармачоҳи иктишофӣ кофта шавад, агар қабати об ошкор ва дебити он мувофиқ бошад, метавонад он ҳамчун пармачоҳи иктишофӣ-истифодашаванда амал намояд. Ба ин пешниҳод Аҳмад Ҷӯраев ва Муйдинҷон Аминҷонов розӣ шуданд, аммо супоришгар исрор менамуд, ки дебити об бояд барои истифода кофӣ бошад. Дар охир, бо тавсияи Гул Шарифов ва розигии А. Ҷӯраев ба чунин хулоса омаданд: агар баъд аз анҷоми пармакунӣ дебити об кофӣ бошад, супоришгар маблағи сметавиро пурра пардохт менамояд, вале агар дебит кифоя набошад, танҳо арзиши масолеҳи сохтмонии истифодашаванда ва маоши пармагарон пардохта мешаваду халос. Ба ин пешниҳод сардори раёсати пармакунӣ розӣ набуд, зеро ин бар зарари ҳолати молиявии корхона буд. Аз ин хотир анҷом додани корҳоро Гул Шарифов ба уҳдаи худ гирифт. Корҳои пармакуниро дар муддати зиёда аз як моҳ ба анҷом расониданд, умқи пармачоҳ 120 метрро ташкил медод, аммо баъди анҷоми корҳои обкашии зеризаминӣ об тамоман кам буд. Шарифов Г.В. боз ҳамарӯза машварат бо пармагарони соҳибтаҷриба ва кордидаи ташкилотҳои гуногун анҷом медод, ва дар натиҷаи машваратҳои пай дар пай бо истифода аз усулҳои амалӣ дебити пармачоҳро зиёд намуда, барои истифодабарӣ шароит фароҳам оварда, онро ба истифода супорид.

Гул Шарифов мутмаин аст, ки на ҳама вақт назария татбиқшаванда аст, ва баъзан барои ба мақсад расидан назарияро бо таҷрибаи амалӣ бояд мукаммал намуд. Давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва дар ин замина қонунгузории соҳа силсилазанҷираеанд, ки на танҳо аз якдигар алоқаманданд, балки бояд такмилдиҳандаи ҳамдигар бошанд.

Дар давраи фаъолият дар ИЛБ «ТСХВС» Гул Шарифов дар таҳияи лоиҳа, сохтмон ва барқарорсозию ба истифодадиҳии Шоҳроҳҳои оби ошомиданӣ, беҳтар намудани шароити обтаъминкунӣ барои аҳолӣ, барқарорсозии иншооти оби ошомидании хоҷагиҳо, сохтмони хатти об, ободгардонӣ ва обтаъминкунии боғот, барқарорсозии ҳавзи фишории оби пойгоҳи обкашӣ, навсозии таҷҳизоти насосию барқии чарогоҳҳо, сохтмони иншооти обсофкунӣ ширкат варзида, иҷрои корҳоро роҳбарӣ намудааст.

Солҳои 1990-2004 аз мактаби касбию роҳбарии Ян Вассерблай ва Аҳмад Ҷӯраев баҳра бардошта, бо ҳамроҳии мутахассисони варзидаи соҳаи таъминоти оби ошомиданӣ Неъмат Хайруллоев, Расул Сайфиддинов, Юрий Шутов, Николай Герниченко, Собит Қаюмов, Пелагея Готовянская, Мария Моргунова, Мавлуда Акрамова дар тайёр намудани садҳо нафар мутахассисони соҳа саҳм гузоштааст.

Ӯ худ қоил аст, ки аз мактаби касбии аввалин сардори Иттиҳодияи оби нӯшокии деҳоти Тоҷикистон Ян Вассерблай касбият омӯхта, аз мактаби касбии аввалин сармуҳандис, баъдан сардори Иттиҳодияи оби нӯшокии деҳоти Тоҷикистон Аҳмад Ҷӯраев хислати поктинатию якрӯягӣ, малакаи роҳбарию одамгарӣ, фурӯтанию таҳаммулпазирӣ, қаноатпешагию сабурӣ насибаш гашта, ҳамчун шахсият камол ёфтааст. Дар давоми зиёда аз чил сол бо тақозои касбу вазифа аз мактабии касбию эҷодии чандин муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз даҳ Вазирони соҳаи мелиоратсияю хоҷагии об ва захираҳои оби кишвар баҳрабардорӣ намудааст.

Гул Шарифов аз соли 2014 дар вазифаи муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба сифати дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Самти дигари фаъолияти Гул Шарифов ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии соҳаи об, таъсис додани ташкилоти ҳавзавии дарёҳо, таъсис додани Шурои ҳавзавии дарёҳо ва гузаронидани ҷаласаҳои онҳо, таҳлилу баррасии маълумоти истифодаи захираҳои об дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар алоқамандӣ дорад.

Мавсуф бо ҳамкории коршиносони соҳа, кормандони вазорат ва шарикони рушд дар таҳияю баррасии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассосиатсияи истифодабарандагони об», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва даҳҳо зерсанадҳои марбут ба ин ҳуҷҷатҳо иштирок намудааст.

Гул Ваҳҳобович Шарифов аз зумраи қаламкашони эҷодкорест, ки тайи зиёда аз чил сол бо матбуоти ҷумҳурӣ робитаи қавӣ дошта, дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва нашрияҳои соҳавӣ даҳҳо мақолаҳо ба табъ расонида, тавассути садою симои ватанӣ мунтазам баромад менамояд. Нашрияи Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» бо номи «Чашмаи ҳаёт» соли 2002 бо пешниҳоди ӯ таъсис ёфтааст, аз ин рӯ, ӯ солҳои зиёд аъзои ҳайати мушовараи ин нашрия буд. Соли 2007 бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Соли 2013 бошад, барои силсиламақолаҳояш оид ба мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъминоти оби ошомиданӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ дар истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, таъмини суботи экологӣ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши обу экология гардидааст.

Гул Ваҳҳобович Шарифов муаллифи 17 китоб ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, илмӣ-техникӣ ва оммавӣ-фарҳангӣ мебошад. Китобҳои «Саҳаргоҳи тамошо» (Адиб, 2006), «Фарҳанги тафсирии русӣ ба тоҷикии оби ошомиданӣ ва обтаъминкунӣ» (Душанбе: Недра, 2011), «Шакарханди Дарғ» (Ирфон, 2013), Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикии геоэкологӣ» (Душанбе: Ирфон, 2013), Об, ҳаёт, сиёсат (Душанбе: Недра, 2013), Қомуси Иттиҳодияи оби нӯшокии деҳоти Тоҷикистон (Душанбе: Ирфон, 2013), Усулҳои таҳқиқоти гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ (Душанбе: Маориф, 2014), Асосҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ(Душанбе: Маориф, 2019), Инженерно-геологическая типизация георисков территории города Душанбе и его агломерации(Бишкек: ИД «Калем», 2019), Толковый словарь по водному хозяйству. Русско-таджикский. Фарҳанги тафсирӣ доир ба хоҷагии об. Русӣ-тоҷикӣ(Душанбе: Хирадмандон, 2020), Таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ(Душанбе, Маориф, 2020), Дастурамал оид ба идоракунии системаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов дар деҳот (Душанбе: ДМТ, 2022), Руководства по управлению системаи водоснабжения и водоотведения в сельской местности (Душанбе: ДМТ, 2022), Фарҳанги тафсирии хоҷагии об (Душанбе: ДМТ, 2022), Усулҳои муосири таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологӣ (Душанбе: ДМТ, 2022), Гидрогеологияи мелиоративӣ (Душанбе: ДМТ, 2024) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Соли 2013 бо нишони Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Фарҳангҳои тафсирии русӣ ба тоҷикии таҳиянамудаи ӯ аввалин фарҳангҳои соҳавӣ дар соҳаи оби кишвар ба забони тоҷикӣ буда, барои истифода дар ҳама намуди ҳуҷҷатгузории соҳаи об, дар нашри адабиётҳои илмӣ-техникӣ, таълимӣ ва ахборӣ тавсия шудаанд.

Гул Ваҳҳобович Шарифов рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Гуруҳбандии муҳандисӣ-геологии хатарҳои геологии шаҳри Душанбе ва анбуҳзисти он» ҳимоя намудааст. Дар даҳҳо конфронсу ҳамоишҳои байналмиллалии марбут ба ҳифз, истифода ва идораи захираҳои об, пешгӯӣ ва пешгирии офатҳои табиии марбут ба об ва равандҳои геологӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ба Амрико, Австрия, Босния, Гертсоговена, Юнон, Кореяи ҷанубӣ, Туркия, Хорватия, Швейтсария, Япония ва давлатҳои пасошӯравӣ сафар кардааст. Мавсуф соҳиби рутбаи тахассусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи I буда, аъзои Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж, аъзои Конфедератсияи байналмилалии журналистон низ мебошад.

Айни замон устоди гиромӣ ва ҳамкасби азизи мо дар камолоти эҷодию пажуҳишӣ буда, бо ҷӯшу хурӯш ба таҳқиқи масоили дигари печидаи об ва масъалаҳои марбути обёриву кӯҳкорӣ машғуланд. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик дастаи нави осори таҳқиқии мавсуф ба дасти донишҷӯёну муҳақиқон ва мутаххасиони соҳамерасад.

Фаро расидани 60-умин соли гулафшонии баҳори умри файзборро ба ҳамкасби азиз, инсони фозил, дӯсти меҳрубону мушфиқ ва бародари гиромиқадр самимонаю содиқона муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки саломатию офияти комил ҳамеша ҳамсафари умри бофайзу пурбори боғи умеду орзуҳои эшону хонаводаи эшон ва фарзандону пайвандонашон ва Худованд мададгору нигаҳбонашон бошад. Таманниёти худро бо мисраъҳои зер комил мекунем:

Зи ту чашми оҳарманон дур бод!

Дилу ҷони ту хонаи сур бод.

М.Т. ҒАЙРАТОВ

Устоди факултети геологияи ДМТ