ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

141

Факултети геология соли 1948 дар қатори аввалин факултетҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он замон факултет бо номи факултети геологию хокшиносӣ фаъолияташро оғоз намуда буд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти факултет таваҷҷуҳи ҷавонони маҳаллӣ ба касби геолог-муҳаққиқи қаъри Замин бениҳоят зиёд буд.

Дар зарфи 75 соли фаъолияташ факултет ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталифи геология ва саноати кӯҳкорӣ: аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геологияи нафту газ, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо усулҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва геологӣ-иктишофи тайёр кардааст.

Марҳилаи нави фаъолияти факултет дар замони истиқлолият, аз вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология (декабри соли 2011) оғоз шуд, ки ба саҳифаҳои тиллоии таърихи он ворид хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа Пешвои миллат ба омода намудани кадрҳои миллӣ аз рӯи ихтисоси «Амалиёти маркшейдерӣ» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таҳкими заминаи моддию техникии омодасозии кадрҳои баландихтисос – маркшейдерҳо аз Фонди президентӣ як миллион сомонӣ ҷудо намуданд. Бо ин маблағ аз ҷониби факултет асбобҳои муосири маркшейдерӣ ва геодезӣ, микроскоп, макроскопҳо ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ харидорӣ карда шуд.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини заминаи моддию техникии факултет таъсиси лабораторияҳои нав – геоматика ва геммология амалӣ карда шуд.

Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 4 кафедра, 4 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ (маркази интернетӣ ва маркази тестӣ), 4 маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраҳо, 4 маҳфили илмии назди профессору дотсентон ва дастаи олимпӣ мебошад.

Дар сохтори факултет 4 кафедраи тахассусӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд. Кафедраҳои тахассусӣ инҳоянд:- геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;- гидрогеология ва геология муҳандисӣ;- минералогия ва петрография; – геология ва менеҷменти маъдану техника; Факултет аз рӯйи 7 ихтисос дар зинаи таҳсилоти бакалавр 51010100-аксбардории геологӣ, ҷустӯҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок (касб: муҳандис-геолог), 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ (касб: муҳандис-геолог), 51010110-гидрология ва пиряхшиносӣ (касб: муҳандис-геолог), 51010104-геология, ҷустӯҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ (касб: муҳандис-геолог), 5101012-методҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок (касб: муҳандис-геолог); 25010711- иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) (касб: муҳандис-иқтисодчӣ), 51020102-коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ) (касб: муҳандис- маркшейдер), 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура 25010712-иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) (касб: муҳандис-иқтисодчӣ), 51010113-гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ пиряхшиносӣ (касб: муҳандис-геолог) ва 3 ихтисос доктор PhD, доктор аз рӯйи ихтисос 6D061000- гидрология, захираҳои обӣ ва гидрохимия, 6D075500- гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва 6D074900- коркарди конҳои кандиниҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ).

Таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии факултет бо ду забон: точикӣ ва русӣ мебошад. Дар факултет барои таъмини раванди таълим бо таҷҳизот ва технологияи иттилоотию иртиботӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқоти 72 адад компютер, 30 адад дар синфхонаи имтиҳонӣ ва 9 адад дар синфхонаи таълимӣ, 6 адад тахтаи электронӣ ва 9 адад видеопроектор, 20 адад принтер-сканер, насб шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд. Аз 72 адад компютерҳои факултет 49 ададаш ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад.

Айни ҳол дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 4 кафедраи факултет 39 нафар омӯзгор (66.6%, унвондор), аз ҷумла, 5 – нафар докторони илм, профессорон, 21 – нафар номзадони илм, дотсентон ва 13 – нафар муаллимони калон ва ассистентон барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ фаъолият менамоянд.

Возможно, это изображение 1 человек и текст
НИЁЗОВ О.Ҳ. – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ.
Нет описания фото.
Возможно, это изображение очки для зрения и текст
Возможно, это изображение водонагреватель и текст
Возможно, это изображение текст
Возможно, это изображение текст
Возможно, это изображение телевизор
Возможно, это изображение видеоигры, контроллер и текст
Возможно, это изображение подставка для посуды и текст
Возможно, это изображение парфюмерное средство и текст
Возможно, это изображение осветительное оборудование, игрушка и внутри помещения