Андамов Раҷабалӣ Шамсович 31-уми январи соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1988 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети геологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) супурда, баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи он гаштааст. Соли 1993 факултети мазкурро бо касби «муҳандис-геолог» хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ соли 1993 дар КИ «Тоҷикнафт» оғоз намуда, соли 1996 тариқи гузариш ба кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба кор омадааст.
Аз соли 1996 то соли 1999 ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, аз соли 1999 муаллими калони ҳамин кафедра фаъолият кардааст.
Аз соли 2008 то соли 2011 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудааст.
Аз соли 2002 муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона ва аз соли 2003 то соли 2019 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи ДМТ кору фаъолият намудааст. Солҳои 2019-2020 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаро ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2022 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи декани факултети геология фаъолият намуда истодааст.
Иштирокчии чандин конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ буда, зиёда аз 50 корҳои илмӣ – методӣ, аз он ҷумла 1 китоби илмӣ-публисистӣ, дар ҳаҷми 108 саҳифа, 1 дастурамали таълимии ҳаммуаллифӣ дар ҳаҷми 58 саҳифа, 1 дастурамали таълимии яккамуаллифӣ дар ҳаҷми 112 саҳифа ва 1 манография аз чоп баровардааст. Дорандаи ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ҲХДТ мебошад.
Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Равандҳои муосири экзогеодинамикӣ ва чорабиниҳо доир ба огаҳии пешакии хатарҳои геологӣ дар Тоҷикистони Марказӣ» дар Шурои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисоси «25.00.08-Геологияи муҳандисӣ, яхбандшиносӣ ва грунтшиносӣ» бо муваффақият дифоъ намудааст.
Соли 2018 соҳиби нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» гардидааст.
Соли 2023 бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Тел.: 938 15 16 28; 988 06 88 36
Почта: andamov71@mail.ru