ДАСТОВАРДҲОИ САНОАТИ КӮҲИИ КИШВАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

31

Санаи (07.02.2026) дар факултет геологияи ДМТ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ вобаста ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16-уми декабри соли 2025 ва андешидани чораҳо ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани банди 29 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2025 №13 ва мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти аз 30-юми декабри соли 2025 №16/10-193 омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника Ташрифов Қобил Қурбонович дар мавзуи “Рушди саноати кӯҳии кишвар дар даврони Истиқлолият” суханронӣ намуда қайд намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони сарватҳои зеризаминӣ мебошад.

Дар заминаи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон чандин корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда машғул мебошанд.

Қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷумҳури корҳонаҳои бузурги саноати масолеҳи сохмон ба монанди ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”, ҶДММ “Ҷунтай Моҳир семент” дар н. Ёвон, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”, дар н. Б. Ғафуров, ҶСП “Тоҷиксемент” ш. Душанбе, ҶДММ “Моҳир семент” н. Ҷ.Балхи, ҶСП “Зиркон”ш. Душанбе, ҶДММ “Корвони аст” ш. Ҳисор ва ғ. фаъолият менамоянд, ки дар таъмин намудани аҳолии кишвари азизамон бо масолеҳи сохтмонӣ саҳмгузор мебошанд, маълумотҳои зарури пешниҳод гардид.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи бандҳои паём бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, тадбирҳои иловаги андешида истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда мешавад.

Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.