Дар бораи факултет

ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯ

Факултети геология соли 1948 дар қатори аввалин факултетҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Он замон факултет чун бахш дар дохили факултети геологию хокшиносӣ арзи вуҷуд дошт. Дар таъсис ва фаъолияти факултет олимони шаҳрҳои Москва ва Ленинград саҳми назаррас доштанд.

Декани факултет номзади илмҳои геология ва минералогия,
дотсент Андамов Р.Ш.

Аз рўзҳои нахустини фаъолияти факултет таваҷҷуҳи ҷавонони маҳаллӣ ба касби геолог-муҳаққиқи қаъри Замин бениҳоят зиёд буд. Дар зарфи қариб 70 соли фаъолияташ факултет ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталифи геология ва саноати кўҳкорӣ: аксбардории геологӣ, ҷустуҷў ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геологияи нафту газ, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо усулҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ, амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кўҳкорӣ ва геологӣ-иктишофи тайёр кардаааст.

Дар факултет доир ба самтҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

  1. Геология, ҷустўҷў ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;
  2. Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ;
  3. Гидрология ва пиряхшиносӣ
  4. Геология, ҷустўҷў ва иктишофи конҳои нафту газ;
  5. Коркарди ККФ (амалиёти маркшейдерӣ);
  6. Иқтисод ва идора дар саноати кўҳкорӣ;
  7. Методҳои геофизикӣ ҷустуҷў ва иктишофи ККФ.

Марҳилаи нави фаъолияти факултет аз вохўрии Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология (декабри соли 2011) оғоз шуд, ки ба саҳифаҳои тиллоии таърихи он ворид хоҳад шуд. Дар ин вохўрӣ Ҷаноби олӣ дар баробари зикри зарурати тақвияту рушди соҳаи геология ба масъалаи тайёркунии кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Сарвари давлат Вазорати маориф ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор кард, ки аз соли хониши 2012 cap карда, дар давоми 5 соли оянда барои ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ фиристодани теъдоди зарурии донишҷўён аз рўи ихтисосҳое, ки соҳаи геология ба онҳо эҳтиёҷ дорад, чораҷўӣ  намоянд. Инчунин Президенти кишвар махсус қайд кард, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои пешрафта, ки дар ин соҳа таҷрибаи хуб доранд, шартномаҳои дарозмуддат баста шаванд.

Дастгирии Президент барои факултети геология хеле зарур, саривақтӣ ва муҳим буд. Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, барои таъмини заминаи моддию техникии факултет таъсиси лабораторияҳои нав – геоматика ва геммология амалӣ карда шуд.

Имрўз теъдоди умумии донишҷўён дар факултет 766  нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 595 нафар дар шўъбаи рўзона, 171 нафар дар шўъбаи фосилавӣ бо фарогирии дараҷаҳои академии бакалавр, инчунин 13 нафар дар зинаи магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Њайати омузгорони штатӣ – 42 нафар

Доктори илм, профессор – 6 нафар

Номзади илм, дотсент – 22 нафар

Муаллимони калон – 8 нафар

Ассистентон -6 нафар

Айни ҳол дар факултет як адад синфхонаи компютерӣ, ҳафт адад синфхона бо тахтаҳои электронӣ, нуҳ адад лабораторияҳои таълимӣ ва илмию истеҳсолӣ инчунин осорхонаи геологӣ ва минералогӣ дар сатҳи олӣ ҷиҳозондаю ташкил кардашуда ба омўзгорону донишҷўён хизмат мерасонад.

Имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки факултети геология аз лиҳози сатҳи таъминот бо асбобу таҷҳизоти таълимию илмӣ дар байни макотиби олӣ ҳамто надорад.

Номгӯи лабораторияҳо

  •  лабораторияи минералогия;
  •  лабораторияи геммология;
  •  лабораторияи гидрогеология ва геологияи мухандисӣ;
  •  лабораторияи геоматика;
  •  лабораторияи маркшейдерия;
  •  лабораторияи геодезия;

– лабораторияи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;

– лабораторияи коркарди сангҳои ороишӣ;

– лабораторияи геологияи нафту газ.

Бояд махсус қайд намуд, ки лабораторияи геммологӣ пурра бо таҷҳизоти муосири пешрафта, лабораторияи маркшейдерӣ бошад, бо асбобу таҷҳизотҳои навтарин: теодолитҳо ва нивелирҳои электронӣ, плоттер ва аз ҳама муҳимаш бо барномаҳои компютерии коркарди иттилооти геодезӣ-маркшейдерӣ (Credo Top, Avtocad)  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

  Бар замми ин, барои иҷрои корҳои саҳроӣ ҳангоми таҷрибаомўзиҳои таълимӣ, донишҷўён аз пойгоҳи таҷрибаомўзии таълимӣ воқеъ дар диёри хушманзараи Варзоб дар деҳаи Зиддеҳ  истифода менамоянд. Дар ин ҷо барои донишҷўён тамоми маводҳои зарурӣ ва шароитҳои хуби маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар синфхонаҳои факултет техникаи мултимедиавӣ (компютерҳо ва видеопроекторҳо) насб карда шудааст. Онҳо имконият медиҳанд, ки дар ҷараёни таълим усулњои муосири аёнӣ, интерактивӣ истифода шуда, ба донишҷўён на танҳо ҷадвалу расму тасвирҳо, балки филмҳои таълимӣ низ нишон дода шаванд. Дар хидмати донишҷўён китобхона (аз ҷумла китобхонаи электронӣ), утоқҳо ва лабораторияҳои таълимии ҳозиразамон қарор доранд.

Факултети геология бо бисёр макотиби олӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи наздику дур ба мисоли Академияи кўҳии Москва, Хазинаи Академияи Darius, Донишгоҳи политехникии Тула, Академияи илмҳои Хитой, Маркази тадқиқоти геологияи Осиёи Марказӣ (Германия), Университети Огаё (ИМА), Донишгоҳи геологӣ-иктишофии ба номи С.Орджоникидзеи ш.Москва ва ғайра ҳамкории судманд дорад. Дар чорчўбаи созиши лабораторияи геодезӣ ҳамкори бо Донишгоҳи омўзгории пойтахт барои таъмини методи таълими фанҳои геологӣ, бо филиали дар Душанбе будаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов барои гузаронидани таҷрибаомўзиҳои  таълимӣ  ёрию  машварат  ва  заминаи  таълимии худро пешкаш менамояд.

734025,  ш. Душанбе,

шаҳраки донишҷўён, Буни Ҳисорак,

бинои таълимии №17.