Санаи 20.02.2026 дар факултет чарабини ватандӯсти-тарбиявӣ ба муносибати 33-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он н.и.т., дотсент муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърихи ДМТ Маҳмудзода Суханвар ва афсарони қисми ҳарбии 35/02-и қушунҳои дохилаи ВКД ҶТ иштирок ва суханрони намуданд.
Сараввал декани факултет н.и.и., дотсент Холзода Б.К. меҳмононро ба факултет хайрамақдам намуда бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ аз номи садорати факултет ба иштироккунандагон ва тамоми мардуми шарафмади ба ору нанги тоҷикро ба ифтихори 33-умин солгарди Артиши миллӣ шодбошу муборакбод гуфта, баҳрашон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоишта, дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз таманно намуданд.
Меҳмонон дар баромади худ иброз намуданд, ки имрӯз дар байни ҷавонони ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозӯи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ – дифоъ аз шарафу номуси Модар-Ватан камари ҳиммат банданд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст.
Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем.Ҳамчунин гуфта шуд, ки артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипаҳсолор Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори Артиши миллӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсули заҳматҳо ва талошҳои таърихӣ ва самараи пурифтихори Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар анҷоми чорабини аз ҷониби Садорати факултет ба донишҷӯёне, ки сесияи зимистонаро бо баҳои аъло сарбаландона супоридаанд СИПОСНОМА супорида шуд.











