ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ” ДАР ХОБГОҲ

7

Дар асоси дастуру супоришҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 03.04.2026с. аъзоёни садорати факултет дар хобгоҳи №6 ва 8 бо донишҷӯёни факултет доир гардида шуд.

Дар чорабинии тарбиявӣ мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафи ДМТ, н.и.с., дотсент Қаландарзода Кароматулло Қаландар иштирок ва суханронӣ намуд.

Декани факултет Холзода Б.К. сараввал аз шароитҳои фароҳам оварди Раёсати Донишгоҳ ёдовар шуда, оид ба талабот ва қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ суханронӣ намуд.Дар баромади худ устод Қаландарзода К.Қ. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст. Ва ин қадами устувор ва муносибати оштинопазири кишвари мост дар роҳи мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир. Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон дар таърихи начандон тӯлонии давлатдории миллӣ ташаббускори силсилаи масоили калидии ҷаҳон буд ва муборизаи дастҷамъӣ ва бидуни сиёсати меъёрҳои ҷугона бар зидди терроризм ҳам дар ин радиф аз пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон аст.

Ҷомеаи ҷаҳон ҳамеша ба ҳарфи мо гуш додааст ва дар масъалаи мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ низ пешниҳоди моро дастгирӣ мекунанд. Зеро мо таҷрибаи решакан намудани зуҳури созмону ташкилоти тахрибкор, ҷудоиандозу ифротгароро дорем. Ба ибораи дигар миллати тоҷик чеҳраи терроризмро ба хубӣ шинохтааст! Давлату миллати тоҷик ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд, зери роҳбарии хирадмандона, сиёсати одилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини сулҳи сартосарӣ, ваҳдати комил ва ҳифзи якпорчагии кишвар талош кард.

Натиҷа маълум ва барои имрӯзиён саъю талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарории сулҳ, таъмини амнияти миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ таҷрибаи нодиру омӯзанда аст.Дар охири баромади худ меҳмон таъкид кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.Ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода дастаҷамъона бар зиди ин амали ниҳоят ба ҷомеа хавфнок мубориза барем.