Санаи 01.04.2026 дар факултет чорабинии илмӣ-тарбиявӣ бо иштироки дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ, номзади илмҳои сиёсӣ Раҷабов Имомуддин Ширинович чарабинии илмӣ-тарбиявӣ доир гардид.Дар чорабини устодони факултет ва донишҷӯёни иштирок намуданд.
Сараввал декани факултет Холзода Б.К. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.
Дар баромади худ н.и.с., дотсент Раҷабов И.Ш. қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат рушд мекунанд, масъалаи ҳифз ва таҳкими ҳуввияти миллӣ барои ҳар як миллат аҳамияти бузург пайдо мекунад. Ҳуввияти миллӣ маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва таърихиест, ки мардумро ҳамчун як ҷомеаи воҳид муттаҳид месозад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ муайян намоянд.Ин ҳуввият дар тӯли таърих шакл гирифта, аз як насл ба насли дигар тавассути анъанаҳо, тарбия ва мероси фарҳангӣ интиқол меёбад. Забон, адабиёт, урфу одат ва меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷумлаи унсурҳои калидии он ба ҳисоб мераванд.
Барои миллати тоҷик, забони модарӣ, адабиёти ғанӣ ва осори шахсиятҳои барҷаста нақши асосиро дар ташаккули худшиносӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ мебозанд.Дар ин раванд, низоми маориф мавқеи махсус дорад. Муассисаҳои таълимӣ на танҳо донишу малака медиҳанд, балки ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ низ парвариш мекунанд. Омӯзиши таърихи миллат, шиносоӣ бо осори классикон ва дастовардҳои фарҳангии гузаштаву имрӯз ба ҷавонон кумак мерасонад, то ҳуввияти миллии худро беҳтар дарк намуда, онро ҳифз ва рушд диҳанд.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлати миллӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши таърих, забон ва фарҳанг, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳои миллӣ, нақши муҳим дар ташаккули худшиносии ҷавонон доранд. Чунин иқдомҳо на танҳо ба камолоти шахсии ҷавонон мусоидат мекунанд, балки ба таҳкими асосҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа низ заминаи устувор фароҳам меоранд.Дар охир қайд карда шуд, ки тарбия ва худшиносии миллӣ масъулияти умумии тамоми ҷомеа мебошад. Маҳз тавассути ин раванд насли наврас ба шахсиятҳои босавод, худогоҳ, масъулиятшинос ва ҳомии арзишҳои миллӣ табдил ёфта, дар пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир байни донишҷӯён ва меҳмон суҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.













