АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!

7

Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд.

Эмомали Раҳмон

Дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо технологияи пешрафтаи рақамии низомӣ муҷаҳҳаз сохтани он амри зарурӣ ва стратегияи миллии ояндасозии давлатдорист.

Дар ин замина Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони рукни калидии давлатдорӣ сипари беэътимод ва руҳи шикастнопазири миллати тоҷик ва давлати дунявии Тоҷикистон маҳсуб мегардад, ки онро кишварҳои минтақа, шарикони дипломатӣ ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун нерӯи посдори сулҳу субот дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ эътироф намудаанд ва дар асоси равобити байналмилалӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ҳуқуқ дорад, ки дар таҳким ва устувории Артиши миллии худ қадамҳои устувор гузорад.Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори Артиши миллӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсули заҳматҳо ва талошҳои таърихӣ ва самараи пурифтихори Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур шуд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити вазнин ва дар марҳилаи пурҳассосу тақдирсози давлатдории навини тоҷикон таъсис ёфтааст.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.Ҳамзамон, онҳо аз артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бархӯрдор гардад.Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штатии худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умумам вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра ташаккул ёфт.

Дар асоси воқеъиятҳои фалсафаи сиёсии Тоҷикистони пасошӯравӣ назар афканем ба мо маълум мегардад, ки марҳилаи бунёди Артиши миллӣ яке аз сангинтарин даврон дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Дар ҳамин давраи ҳассос ва басо мураккаб таъсиси Артиши миллӣ дар навбати аввал ва эҳёву таҳкими имконоту иқтидори дигар сохторҳои мақомоти қудратии мамлакат роҳбари ҷавону дар сиёсат навозмуд, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дар ин самт андешидани чораҳои зарурӣ водор сохт.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки мамлакатро вазъи мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, дар Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ иқдом гирифта шуд, вале барои бунёди он дар ҳамон давру замон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт. Ва ташкили Артиши миллӣ дар заминаи холӣ, яъне аз сифр шуруъ шуд. Дар роҳи бунёд ва азнавсозии Артиши миллии мамлакат маҳз хиради сиёсӣ, ҷаҳонбинии комил, садоқат ва ҳиммати баланди ватандорӣ, дилсӯзӣ ва ҷоннисории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буд ки Тоҷикистон дар шароити назми навини ҷаҳонӣ соҳиби Артиши миллии худ гардид.Душвориву нобасомониҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа зарурати эҳё, ташаккул ва рушди шохаи аз ҳама муҳим дар барқарорсозии тартиботу амнияти ҷамъиятӣ, қонуният, муҳофизати марзу бум ва музаффариятҳои давлату миллат-мақомоти қудратии мамлакатро ба миён гузошт, зеро дар солҳои нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, суду прокуратура рӯ ба фалаҷшавӣ оварда, беҳокимиятӣ дар Тоҷикистон ҳукмрон буд ва маҳз дар ҳамон солҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар иҷрои вазифаи бевосита ва асосии худ, ки аввалан аз ҳимояи ҳуқуқи қонунии мардум, таъмини назму тартиботи қонунӣ ва амнияту суботи давлату миллат иборат буд, ба мушкилот дучор шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба бахти миллати кӯҳантамаддуни тоҷик мо имрӯз Пешвои муаззам дорем, иқтисоди миллиямон дар ҳоли рушду тараққиёти бемайлон аст ва бо ифтихор ҳам гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ дорем-Артише, ки зери роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати пуршарафи худ, ҳифзи давлату миллат муваффақу шарафёб аст.Артише, ки асоси бунёдаш азму иродаи ҷавонмардона, ватандӯстона ва давлату миллатсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.Қобили зикр аст, ки санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири Артиши миллӣ.Таърихро варақгардон менамоем ва ба хубӣ дарк мекунем, ки бунёди Артиши миллӣ ба даврае рост омад, ки дар Тоҷикистони тозаистиқлол дар баробари оне, ки заминаи техникии бунёди Артиш фалаҷ буд, норасоии кадрҳои баланихтисос аз ҷумла генералҳо низ мушкилоти рақами як ба ҳисоб мерафт.

Ана ҳамин тавр бунёди Артиш дар замини сифр-холӣ, дар давлате, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар менамуд ва ё худ дар давлате, ки ҳисси боварию эътимоди мардум ба пойдорияш умуман вуҷуд надошт, кори саҳлу осон набуд. Вале ҷавонмардию азми миллатдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амали бениҳоят мураккабу душвор-яъне таъсиси Артиши миллиро сода гардонду дар амалии ин тадбири дар ҳамон шабу рӯз муҳим Сарвари давлат муваффақ шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Артиши миллиро ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози ҳайати кадрии роҳбарӣ дар минтақа қавӣ, тавоно ва пойдору устувор гардонанд.Мақсади асосии давраи аввали сохтмони артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.

Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ, неруҳои ҷудоихоҳ, хоинони обу хоки Ватан ва муҳофизати сохти конститутсионии давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аз ҳама таҳдиду хатарҳои сиёсиву амниятии он рӯзҳо буд.Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид.Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. Давраи сеюми сохтмони қувваҳои мусаллаҳ пас аз ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Ва зина ба зина таҳти иродаи сиёсӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва низоми идориву техникӣ ва роҳбариву фармондеҳии он тағйироти куллӣ ба вуҷӯд омада, он ба нерӯи созандаву муқтадир дар ҳифзи низоми сиёсиву амниятии Тоҷикистон табдил ёфт.Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали таъсисёбии артиши миллӣ Тоҷикистон ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар инҷо зарурати рушди муносибатҳои дипломатии низомӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба вуҷӯд омад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳҳои олии як қатор кишварҳои дӯсту ҳамҷивор таълимоти низомӣ ва ҳарбиро аз худ намуданд ва ба Ватан баргашта дар ислоҳот ва рушди устувори Атиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беандоза муҳим гузоштанд.Ҳоло муносибатҳо ва ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи назаррас ва умедбахш қарор дошта имрӯзҳо дар асоси имзои созишномаҳои дуҷониба ва бо дастгирии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар муассисаҳои гуногуни ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Хитой Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи кабир, Канада, Ҷумҳурии федералии Олмон, Фаронса, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра кадрҳои мутахассису ҷавон – афсарон ва низомиёни донишманду боматонат ва шуҷоъу далер ба таҳсил, омӯзиш ва такмили ихтис машғул мебошанд.

Дар роҳи таҳкими пояҳои Қувваҳои мусаллаҳ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ ва низомӣ аз қабили Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, дарсҳо дар самти омодагии дифоии ҳарбӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи аслии он мустаҳкаму устувор намудани Артиши ҷавони мамлакат аз лиҳози кадрӣ мебошад. Ҳамзамон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон амалӣ мегардад.

Дар назди ҳар як қисми низомӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қӯшунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад.Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихор ва худшиносии миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар Артиши миллии мамлакат маҳсуб меёбад, ки бунёдгузори чунин идеологияи бузурги давлатмеҳвар бешак Сипаҳсолор ва бунёдгузори Артиши миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки дар Тоҷикистон маротибаҳои зиёд машқу тамринҳои муштараки низомӣ дар муқобили душманон ва ҳамлаҳои шартии террористӣ бо давлатҳои шарик ва пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон баргузор гардида, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар гузаштҳои байналмилалии ҳарбӣ ва тамрину омӯзишҳои бузург дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Федедератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорус ва ғайра иштирок намудаанд. Акнун худ қазоват намоед, давлате, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оддитарин шароити ташкили Артишро надошт, имрӯз бо неруҳои мусаллаҳи тавонояш дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ мегардад, ки ин бо азму ирода ва нерую заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст.

Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоту созмонҳои амниятиву низомӣ Тоҷикистон машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида, малакаи ҳарбии хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пайваста сайқал медиҳад.

Қобили таъкид аст, ки дар асоси сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад, ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад.

Ниёзов О.Ҳ., муовини декан оид ба илми факултети геология