АРТИШИ МИЛЛӢ ИН НИШОН АЗ ВАТАНДОРИСТ

54

Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мебарад. Артиш дар таърихи давлатдорию кишваркушоиҳои бесобиқаи шоҳони таърихӣ ҳамчун омили ба даст даровардани сарзамину мояи васеъ намудани ҳудуди ҳукмронии салтанатхоҳони замон ва ҳимоят аз таъсири қувваҳои харобиовари берунаву дохила эътироф гардидааст. Ҳалқи тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи ҷангозмудаву бонизом будааст, ки он дар зафарёбиҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб мешавад. Агар дар саросари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” рӯ оварда шавад, ба хубӣ мунъакис мегардад, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби давлату артиш буда, дар таҳкими амнияти худ тадбирҳои муҳим андешидааст. Ҳимоят аз сарзамини аҷдодӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти он, эҳтиром гузоштан ба як зарра обу хоки Ватан маҳакаи асосии ин асари таърихӣ аст. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бо гиромидошт ва арҷгузории хоки поки худ решапайвандии амиқ дошта, дар ин масир пайроҳаҳои зиёдеро тай намуда, қувваи муҳофизати худро аз таъсири душманон дар баробари донишу хирад, маҳз, дар қудрати неруи ҷангии худ медид. Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣҳам дар кишвар камбуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯънамуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳаминтариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Бояд, ҳаряк афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хизмат ба Ватану халқ кардан ҳар як фарзанди вафодори миллат аст.

Тоҷикистони азизам, гулшани зебои ман,

Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилу маъвои ман.

Сар ба саҷда мегузорам ман ба номат эй Ватан,

Аз барои ҳифзи ҳар як буттаю хорат Ватан.

Возможно, это изображение 1 человек
Асадуллоев К. устоди факултети геологияи ДМТ