Санаи 30.03.2026 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ вохӯрии ҳайати намояндагони раёсат ва факултети геологияи Донишгоҳ бо намояндагони Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USGS) баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишгоҳ меҳмононро бо вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, ҷараёни фаъолияти факултети геологияи Донишгоҳ баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳқиқотҳои марбут ба фаъолияти онҳо шинос намуд.Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Шарифзода Н.Ш. оид ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар мисоли ДМТ), инчунин, нақши роҳбарони кишварҳо дар рушди низоми иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илму маориф баён карда шуд.
Зимни мулоқот роҳбари Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USGS) Михайл Марк доир ба муносибатҳои дипломатии кишварҳо ва фаъолияти хадамот сухан ронда, баҳри густариши ҳамкориҳо дар самти геология бо намояндагони факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба фаъолияти хешро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва густариши ташаббусҳои муштарак, аз ҷумла ташкили семинару ҳамоишҳои илмӣ, табодули устодону донишҷӯён, роҳандозии марказҳои таҳқиқотӣ ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ изҳор доштанд.













