Декан

Холзода Бахтиёр Кишвар – декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Холзода Бахтиёр Кишвар

Декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Холзода Бахтиёр Кишвар санаи 9 – уми августи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Холзода Бахтиёр Кишвар соли 2013 шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 06080100 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва геологияи иктишофӣ бо ихтисоси муҳандис-иқтисодҷӣ хатм намудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

  • Солҳои  2013-2022 – ассистенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника;
  • Солҳои 2013-2020 – ҳамзамон, унвонҷӯйи Институти иқтисодиёт ва таҳлили системавии рушди кишоварзии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2022-2023 – муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника;
  • Соли 2022-2023 – муовини декан оид ба таълим (эдвайзери дараҷаи 1) дар шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Соли 2023 – муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника;
  • Соли 2023 – сармутахасиси Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Соли 2024-2025 – мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология;
  • Аз 15.08.2025 – и.в. декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Соли 2021 рисолаи номзадиро дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КOA-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи: «Такмили механизмҳои ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ» (дар мисоли корхонаҳои масолеҳи сохтмонии вилояти Хатлон) ҳимоя намудааст.

Барои хизматҳои пурсамар бо ифтихорномаҳои ДМТ солҳои 2017, 2022, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2023. №277, нишонаи Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз 09.11.2023. №1437, сипосномаи ВКД ҶТ аз 15.11.2023 №765 сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 39 фишурда ва мақолаи илмӣ, 5 дастури методӣ ва 2 монографияи илмӣ мебошад.

Телефон: 985-45-00-77   

E-mail:  x-baxtier-1990@mail.ru